26.02.2025 || 11:21

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАИ ДОИМИИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

26 феврали соли равон дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод бо намояндаи нави доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото баргузор гардид.

 5ca1b1d6-0e6b-4f52-bbe8-1ac2712cdc5d

Директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод ҷаноби Ко Сакамоторо ба вазифаи намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон таъин гардидан табрик намуда, барои таваҷҷуҳ ба ҳалли масъалаҳои соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа изҳори сипос намуд.

Зимни суҳбат масъалаҳо оид ба самти суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа ва ҳарчи зудтар ба роҳ мондани лоиҳаи “Модернизатсияи ва рақамикунонии низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре дар рафти мулоқот таъкид гашт, ҳоло корӣ муштараки мутахассисони Агентӣ бо Бонки осиёии рушд оид ба оғози марҳалаи аввали лоиҳа, ки барои 5 сол пешбинӣ гардидааст, аз аввали соли 2026 ба нақша гирифта шуд.
Изҳори боварӣ шуд, ки бо таваҷҷуҳи тарафайн самараи ҳамкориҳо дар оянда бештар ва муносиботи дӯстӣ мустаҳкамтар мегардад.
Мулоқот дар фазои анъанавии дӯстона ва гарму самимӣ ҷараён гирифт.

4194f739-192f-4533-a083-717ee7907109

Хонда шуд 258 маротиб

Дополнительная информация