05.04.2025 || 09:54

АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ЗЕРИНИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАД:

ДАСТГОҲИ МАРКАЗӢ


1. Сармутахассиси шуъбаи сиёсати нафақаи Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
2. Мутахасссиси пешбари шуъбаи сиёсати нафақаи Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа - 1 ҷой. Маоши мансабӣ 1798 сомонӣ.
3. Сармутахассиси бахши сиёсати суғуртаи иҷтимоии Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
4. Мутахассиси пешбари бахши сиёсати суғуртаи иҷтимоии Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1798 сомонӣ.
5. Сармутахассиси шуъбаи тарҳрезии буҷети Раёсати буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳисоббарии актуарӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
6. Сармутахассиси шуъбаи тарҳрезии буҷети Раёсати буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳисоббарии актуарӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
7. Сармутахассиси бахши таҳлил ва ҳисоббарии актуарии Раёсати буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳисоббарии актуарӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
8. Мутахассиси пешбари бахши таҳлил ва ҳисоббарии актуарии Раёсати буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳисоббарии актуарӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1798 сомонӣ.
9. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати таъин ва пардохти нафақаи Раёсати назорати таъину пардохти нафақа ва андухтҳои нафақавӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1798 сомонӣ.
10. Мутахассиси бахши таҳлили талаботи нафақа ва андухтҳои нафақавии Раёсати назорати таъину пардохти нафақа ва андухтҳои нафақавӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1484,80 сомонӣ.
11. Сармутахассиси шуъбаи назорати таъин ва пардохти нафақаи Раёсати назорати таъину пардохти нафақа ва андухтҳои нафақавӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
12. Сармутахассиси шуъбаи бахисобгирии инфиродии Раёсати баҳисобгирии инфиродӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
13. Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии инфиродии Раёсати баҳисобгирии инфиродӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1798 сомонӣ.
14. Сардори Шуъбаи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ бо фондҳои иҷтимоӣ ва нафақавии кишварҳои ИДМ-и Раёсати баҳисобгирии инфиродӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2967,80 сомонӣ.
15. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳамкории иттилоотӣ бо фондҳои иҷтимоӣ ва нафақавии кишварҳои ИДМ-и Раёсати баҳисобгирии инфиродӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1798 сомонӣ.
16. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳамкории иттилоотӣ бо фондҳои иҷтимоӣ ва нафақавии кишварҳои ИДМ-и Раёсати баҳисобгирии инфиродӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1798 сомонӣ.
17. Сармутахассиси бахши назорати молиявии Раёсати аудити дохилӣ ва назорати молиявӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
18. Сармутахассиси шуъбаи аудити дохилии Раёсати аудити дохилӣ ва назорати молиявӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
19. Мутахассиси пешбари бахши таъмини нафақаҳои касбии Раёсати танзими кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва нафақаҳои касбӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1798 сомонӣ.
20. Мутахассиси пешбари Шуъбаи молия ва муҳосиботи Раёсати молия ва ҳисобдории марказонидашуда - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1798 сомонӣ.
21. Сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ ва назорати Раёсати корҳо - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
22. Мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ ва назорати Раёсати корҳо - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1798 сомонӣ.
23. Мутахассиси бахши ташкилӣ ва хоҷагидории Раёсати корҳо - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1484,80 сомонӣ.
24. Муовини сардори раёсат –сардори шуъбаи татбиқ ва истифодабарии барномаҳои иттилоотии Раёсати технологияҳои иттилоотӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 3626,15 сомонӣ.
25. Сармутахассиси шуъбаи татбиқ ва истифодабарии барномаҳои иттилоотии Раёсати технологияҳои иттилоотӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
26. Сармутахассиси шуъбаи татбиқ ва истифодабарии барномаҳои иттилоотии Раёсати технологияҳои иттилоотӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
27. Сармутахассиси бахши дастгирии истифодабарандагони Раёсати технологияҳои иттилоотӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
28. Мутахассиси пешбари бахши дастгирии истифодабарандагони Раёсати технологияҳои иттилоотӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1798 сомонӣ.
29. Сармутахассиси Шуъбаи кадрҳои Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
30. Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳои Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1798 сомонӣ.
31. Сармутахассиси бахши корҳои махсуси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
32. Мутахассиси шуъбаи ҳуқуқ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1484,80 сомонӣ.

 

МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ БАҲИСОБГИРИИ ИНФИРОДИИ АСИН НАЗДИ ҲҶТ


33. Мутахассиси пешбари шуъбаи коркарди ҳуҷҷатҳои электронӣ барои баҳисобгирии инфиродии ММБИ Агентӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1798 сомонӣ.
34. Сармутахассиси шуъбаи арзёбии ҳуқуқи нафақаи ММБИ Агентӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
35. Сармутахассиси шуъбаи арзёбии ҳуқуқи нафақаи ММБИ Агентӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
36. Мутахассиси пешбари шуъбаи арзёбии ҳуқуқи нафақаи ММБИ Агентӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1798 сомонӣ.
37. Сармутахассиси таъин, аз нав ҳисоб кардан ва индексатсияи нафақа ва андухти нафақавӣ №1-и ММБИ Агентӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
38. Сармутахассиси таъин, аз нав ҳисоб кардан ва индексатсияи нафақа ва андухти нафақавии №1-и ММБИ Агентӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
39. Мутахассиси пешбари таъин, аз нав ҳисоб кардан ва индексатсияи нафақа ва андухти нафақавии №1-и ММБИ Агентӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1798 сомонӣ.
40. Мутахассиси пешбари шуъбаи таъин, аз нав ҳисоб кардан ва индексатсияи нафақа ва андухти нафақавӣ №2-и ММБИ Агентӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1798 сомонӣ.
41. Сармутахассиси шуъбаи таъин, аз нав ҳисоб кардан ва индексатсияи нафақа ва андухти нафақавӣ №3-и ММБИ Агентӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
42. Сармутахассиси шуъбаи таъин, аз нав ҳисоб кардан ва индексатсияи нафақа ва андухти нафақавӣ №4-и ММБИ Агентӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
43. Сармутахассиси шуъбаи пардохти нафақаи ММБИ Агентӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
44. Сармутахассиси шуъбаи пардохти нафақаи ММБИ Агентӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
45. Мутахассиси пешбари шуъбаи пардохти нафақаи ММБИ Агентӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1798 сомонӣ.
46. Мутахассиси пешбари шуъбаи коркарди дархостҳо аз фондҳои нафақавӣ ва иҷтимоии кишварҳои ИДМ-и ММБИ Агентӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1798 сомонӣ.
47. Сармутахассиси Бахши бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии ММБИ Агентӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.
48. Мутахассиси пешбари Бахши бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии ММБИ Агентӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1798 сомонӣ.
49. Сармутахассиси Бахши маркази CALL барои хизматрасонӣ ба нафақагирон ба воситаи телефони ММБИ Агентӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204 сомонӣ.

 

Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ


50. Сармутахассиси шуъбаи бақайдгирии шахсони воқеии ММБИ Агентӣ дар ШНТҶ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1995,20 сомонӣ.
51. Сармутахассиси шуъбаи коркарди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии ММБИ Агентӣ дар ШНТҶ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1995,20 сомонӣ.
52. Мутахассиси пешбари шуъбаи коркарди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии ММБИ Агентӣ дар ШНТҶ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1635,60 сомонӣ.
53. Сармутахассиси шуъбаи коркарди суратҳисобҳои ММБИ Агентӣ дар ШНТҶ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1995,20 сомонӣ.
54. Мутахассиси пешбари бахши коркарди дархостҳо аз кишварҳои ИДМ-и ММБИ Агентӣ дар ШНТҶ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1635,60 сомонӣ.
55. Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ (бойгонии ҲБИ)-и ММБИ Агентӣ дар ШНТҶ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1995,20 сомонӣ.
56. Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ (бойгонии ҲБИ)-и ММБИ Агентӣ дар ШНТҶ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1635,60 сомонӣ.
57. Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва нигоҳдории аснодҳои нафақавии ММБИ Агентӣ дар ШНТҶ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1995,20 сомонӣ.
58. Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирӣ ва нигоҳдории асноди нафақавии ММБИ Агентӣ дар ШНТҶ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1635,60 сомонӣ.

 

ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ


59. Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Шуъбаи АСИН дар шаҳри Роғун - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1554,40 сомонӣ.
60. Мутахассиси пешбари бахши кор бо соҳибкорони инфиродии Раёсати АСИН дар ноҳияи Рӯдакӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1484,80 сомонӣ.
61. Сармутахассиси самти баҳисобгирии инфиродии Шуъбаи АСИН дар ноҳияи Рашт - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1809,60 сомонӣ.
62. Мутахассиси пешбари самти баҳисобгирии инфиродии Шуъбаи АСИН дар ноҳияи Рашт - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1484,80 сомонӣ.
63. Сармутахассиси хизматрасонии нафақагирони Шуъбаи АСИН дар ноҳияи Нуробод - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1809,60 сомонӣ.
64. Мутахассиси пешбари хизматрасонии нафақагирони Шуъбаи АСИН дар ноҳияи Нуробод - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1484,80 сомонӣ.
65. Мутахассиси кор бо соҳибкорони инфиродии Шуъбаи АСИН дар ноҳияи Нуробод - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1218 сомонӣ.
66. Сармутахассиси бахши коркарди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии ММБИ АСИН дар ноҳияи Нуробод - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1809,60 сомонӣ.
67. Сармутахассиси бахши коркарди суратҳисобҳои ММБИ АСИН дар ноҳияи Нуробод - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1809,60 сомонӣ.
68. Мутахассиси пешбари бахши коркарди суратҳисобҳои ММБИ АСИН дар ноҳияи Нуробод - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1484,80 сомонӣ.
69. Сардори шуъбаи таъини нафақаи суғуртавии ММБИ АСИН дар ноҳияи Нуробод - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2434,85 сомонӣ.
70. Сармутахассиси бахши таъини қисми суғуртавии нафақаи суғуртавии ММБИ АСИН дар ноҳияи Нуробод - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1809,60 сомонӣ.
71. Сармутахассиси бахши таъини қисми захиравии нафақаи суғуртавии ММБИ АСИН дар ноҳияи Нуробод - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1809,60 сомонӣ.
72. Мутахассиси бахши таъини қисми захиравии нафақаи суғуртавии ММБИ АСИН дар ноҳияи Нуробод - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1218 сомонӣ.
73. Сармутахассиси бахши бойгонии ММБИ АСИН дар ноҳияи Нуробод - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1809,60 сомонӣ.
74. Мутахассиси кор бо соҳибкорони инфиродии Шуъбаи АСИН ноҳияи Тоҷикобод - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1218 сомонӣ.
75. Мутахассиси пешбари баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Шуъбаи АСИН ноҳияи Сангвор - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1484,80 сомонӣ.
76. Мутахассиси баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Шуъбаи АСИН ноҳияи Сангвор - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1218 сомонӣ.
77. Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати АСИН дар ноҳияи Варзоб - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1809,60 сомонӣ.
78. Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати АСИН дар ноҳияи Варзоб - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1484,80 сомонӣ.
79. Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати АСИН дар ноҳияи Варзоб - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 1484,80 сомонӣ.
80. Муовини сардори Раёсат сардори Шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати АСИН ноҳияи Шаҳринав - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2978,30 сомонӣ.

 

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


81. Сардори шуъбаи иҷроиши буҷет, баҳисобгирии муҳосибӣ ва хизматрасонии маъмурию хоҷагидории Раёсати АСИН дар вилояти Хатлон - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2685,65 сомонӣ.
82. Муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкории инфиродии Раёсати АСИН дар ноҳияи Ҷайҳун - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2978,30 сомонӣ.
83. Муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкории инфиродии Раёсати АСИН дар ноҳияи Панҷ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2978,30 сомонӣ.
84. Муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкории инфиродии Раёсати АСИН дар ноҳияи Дӯстӣ - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2978,30 сомонӣ.

 

МИНТАҚАИ КӮЛОБ


85. Муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи баҳисобгирии инфиродии Раёсати АСИН дар ноҳияи Муъминобод - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2978,30 сомонӣ.

 

ВИЛОЯТИ СУҒД


86. Муовини сардори Раёсати АСИН дар вилояти Суғд - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 3281,30 сомонӣ.
87. Сардори шуъбаи мониторинг ва таҳлили актуарию оморӣ суғуртавии Раёсати АСИН дар вилояти Суғд - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2685,65 сомонӣ.
88. Мудири бахши ҳуқуқ, корҳои кадрӣ ва корҳои махсуси Раёсати АСИН дар вилояти Суғд - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2204,95 сомонӣ.
89. Сардори шуъбаи коркарди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва бақайдгирии шахсони воқеии ММБИ-и шаҳри Истаравшан - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2560,25 сомонӣ.
90. Муовини-сардори Раёсат сардори шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати АСИН дар ноҳияи Ашт - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2978,25 сомонӣ.
91. Муовини-сардори Раёсат сардори шуъбаи баҳисобгирии инфиродии Раёсати АСИН дар шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 3124,55 сомонӣ.
92. Сардори бахши хизматрасонии нафақагирони Раёсати АСИН шаҳри Исфара - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2100,45 сомонӣ.
93. Мудири бахши хизматрасонии нафақагирон Раёсати АСИН дар шаҳри Конибодом - 1 ҷой. Маоши мансабӣ - 2100,45 сомонӣ.


Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:
- барои мансаби Сардори раёсат ё сардори ММБИ-и категорияи якум - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии мазкурро таъмин карда метавонад, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 7 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- барои мансаби Муовини сардори раёсат-сардори шуъба, категорияи дуюм - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкурро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- барои мансаби Сардори шуъба, категорияи сеюм - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкурро таъмин карда метавонад, 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- барои мансаби Сардори бахш, категорияи чорум - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии мансаби мазкурро таъмин менамояд, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- барои мансаби Сармутахассис, категорияи панҷум - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкурро таъмин карда метавонад, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- барои мансаби Мутахассиси пешбар, категорияи шашум - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкурро таъмин карда метавонад, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- барои мансаби Мутахассис, категорияи ҳафтум - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкурро таъмин карда метавонад.


Довталабон барои иштирок дар озмун, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Агентӣ пешниҳод намоянд:
- ариза ба унвони директори Агентӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотномаи тиббӣ (038 УЕ);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
- маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ - нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ.
- СИН;

Дар озмун ба довталабоне, ки дорои сифатҳои касбии зерин мебошанд, афзалият дода мешавад:
- доштани донишу малакаи касбӣ;
- доштани одобу ахлоқи шоиста;
- донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ғайра);
- маҳорати озодона кор кардан бо техлоногияи муосир;
- доштани қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ;
- доштани дониши сиёсӣ ва назариявӣ:
- барои ятимони кул;
- ба занон, ҷавони хизмати ҳарбиро тибқи даъват адонамуда ва сокинони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии дар ҳифзи сарҳади давлатӣ иштирокнамуда, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ қабул мегарданд.
- Дошнишҷуёни курси дуюми мақотибҳои олӣ (донишгоҳҳо ё донишкадаҳо) таҳсили ғоибона дошта, ки донишу малакаи касбӣ, забондон ва бо барномаҳои компютерӣ кор карда метавонанд бо риояи талаботи тахассусӣ дар озмун иширок карда метавонанд .

Ариза ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда барои иштирок дар озмун аз рӯзи нашри эълони мазкур дар муҳлати 21 рӯз аз ҷониби Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Агентӣ қабул карда мешавад.


Суроға: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 24, ошёнаи якум, Сомона: www. nafaka.tj; e-mail Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.; тел/факс 2-27-03-52

 

САВОЛНОМАИ ОЗМУН


1. Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед?
2. Рамзҳои давлатии Тоҷикистонро номбар намоед?
3. Мақоми қонунбарори Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом аст ва аз чанд палата иборат аст?
5. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ҳизбҳои сиёсӣ амал мекунанд?
6. Қонуни ҶТ «Дар бораи хизматчии давлатӣ» кай қабул шудааст ва аз чанд боб ва мода иборат аст?
7. Низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?
8. Ҳуқуқу уҳдадориҳои хизматчии давлатӣ?
9. Кафолатҳои иҷтимоии хизматчии давлатиро номбар намоед?
10. Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?
11. Шаклҳои пардохти музди меҳнатро номбар кунед?
12. Сохтори ташкилии АСИН-и назди ҲҶТ-ро шарҳ диҳед?
13. Низоми таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро кадом қонун муайян менамояд?
14. Самтҳои хароҷоти маблағҳои буҷети Агентиро номбар кунед?
15. Намудҳои нафақа кадомҳоянд?
16. Аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ кадом намуди хароҷотҳо дар ташкилоту муассисаҳо сурат мегирад?
17. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро номбар кунед?
16. Доир ба мафҳуми нафақаҳои имтиёзнок маълумот диҳед?
17. Дар ташкилоту муассисаҳо хароҷоти 1,4%-ба кадом мақсад истифода бурда мешаванд?
18. Зарурати гузаштан ба низоми нави таъини нафақаи суғуртавиро шарҳ диҳед?
19. Намудҳои ҷазои интизомиро тибқи талаботи Кодекси меҳнати ҶТ ва моддаи 32. Қонун дар бораи хизмати давлатӣ ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатиро шарҳ диҳед?
20. Принсипҳои Кодекси одоби хизматчии давлатиро шаҳр диҳед?
21. Муҳлати баррасии муроҷиати шаҳрвандонро тибқи талаботҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» чанд рӯз аст?
22. Дар кадом ҳолат муроҷиатҳо қабул ва мавриди баррасӣ қарор дода намешаванд.
23. Индексатсия ва конвертатсия гуфта чиро мефаҳмед ва тартиби онҳо бо кадом санадҳо муайян карда шудаанд?
24. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» кай қабул гардидааст?
25. Баҳисобгирии инфиродӣ дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ чист?
26. Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҷумҳурӣ ба чанд баробар аст?
27. Андозаи нафақаҳои иҷтимоиро номбар намоед?
28. Киро мо шахси суғурташуда меномем?
29. Баҳисобгирии инфиродӣ ба зиммаи кадом сохтори Агентӣ гузошта шудааст?
30. Шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ чист ва барои чӣ лозим аст?
31. Шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ киҳоянд?
32. РИС (рақами инфиродии суғурта СИН) чист?
33. Низоми таъминоти нафақаи шаҳрвандони ҶТ-ро кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян менамоянд?
34. Аудити дохилӣ гуфта чиро мефаҳмед ва санадҳои меъёрие, ки фаъолияти аудитро ба танзим медарорад номбар намоед?
35. Соҳибкори инфиродӣ кист?
36. Шахси суғурташуда кист?
37. Тартиби қабули ҳисоботҳо дар ММБИ чи гуна мебошад?
38. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ кай қабул шудааст ва чанд намудҳои супориши аудиторӣ мешаванд?
39. Принсипҳо ва меъёрҳои аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ ва намудҳои махфияти фаъолияти аудиторҳои дохилӣ?
40. Намудҳои таъминоти иҷтимоӣ оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоиро номбар кунед?
41. Оид ба тартиби пардохти кӯмакпулиҳои оилавӣ маълумот диҳед?
42. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» аз кай мавриди амал қарор дода шудааст?
43. Суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ чист? Масъалаи таъин ва пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоиро кадом санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба танзим медарорад?
44. Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом намудҳои нафақа таъин карда мешаванд? Нафақаи заминавӣ гуфта чиро мефаҳмед?
45. Нафақагир киро меноманд?
46. Индексатсия чист?
47. Собиқаи суғуртавӣ чист?
48. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба танзим дароварандаи баҳисобгирии инфиродӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон?
49. Баҳисобгирии инфиродӣ дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ чиро мефаҳмонад?
50. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахси суғурташуда, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ».
51. Ҳарф ва рақамҳои РМС (рақами мушаххаси суғуртавӣ) чӣ маъно дорад ва шарҳ диҳед.
52. Шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ чист ва барои чӣ лозим аст?
53. Дар ҳолати мавҷуд набудани асноди нафақавӣ (ҳуҷҷатҳои аввалияи баруйхатгирифташуда) оё пардохти нафақа амалӣ карда мешавад?
54. Дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо нафақа таъин карда мешавад? Андозаи ҳади ақали нафақаи заминавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муайян мекунад?
55. Сину соли нафақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд аст?

 

Хонда шуд 213 маротиб

Дополнительная информация