Тибқи барномаи пешбинишуда зимни ҳамоиш нахуст муаррифӣ ва муҳокимаҳои низоми нафақаи Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузор шуда, табодули таҷриба оид ба рақамисозии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва усулҳои ташкили ҳимоя аз таҳдидҳои киберамният сурат гирифт.
Дар рафти барнома ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Ёдрас бояд шуд, ки ин вохӯрӣ аз ҷониби лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон - “Модернизатсияи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” маблағгузорӣ шуда, аз 23 - юм то 26 – уми апрели соли 2025 идома меёбад.
САФАРИ ОМӮЗИШӢ БА ШАҲРИ АЛМААТОИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН
Ҳайати кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод Достӣ бо мақсади омӯзиши фаъолияти Фонди ягонаи захиравии нафақа ва Фонди давлатии суғуртаи иҷтимоии Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Алмаатои ин давлат сафар намуданд.
Ҳайати вакилони Тоҷикистонро Фонди ягонаи захиравии нафақаи Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии раиси раёсати он Жанат Бостанович Курманов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол намуданд.