Фармони ПҶТ аз 4.11.2003, №1173
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН
«Дар бораи чораҳои иловагии беҳтар намудани вазъи моддии иштирокчиёни маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесарабонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида»
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии иштирокчиёну мъюбони Ҷанги Бузурги Ватани солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесарабонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ф а р м о н м е д и ҳ а м:
Аз 1 майи соли 2006 ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесарабонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида илова ба нафақаи онҳо нафақаи президентї ба андозаи 100 сомонї таъин карда шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- манбаи маблағгузории пардохтҳои мазкурро барои соли 2006 муайян намояд;
- ҳангоми таҳияи Буҷетидавлатї барои соли 2007 ва солҳои минбаъда барои ин минбаъдабарои ин мақсад маблағҳои зарурї пешбинї намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
24 апрели соли 2006, № 1735