Фармони ПҶТ аз 13.08.2102, №1313

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, андозаи нафақа ва стипендия

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобики моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" фармон медиҳам:
1. Аз 1 сентябри соли 2012:
- ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 2,5 баробар зиёд карда шуда, андозаи он 200 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва кўдакони маъюб ба андозаи 60 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаҳои маорифу ҳифзи иҷтимоӣ (ба истиснои муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст) ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи фарҳанг (ба истиснои муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст) ба андозаи 50 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблаљгузорӣ мешаванд, ба андозаи 40 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблаљи 157 сомонӣ муқаррар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (ба истиснои муассисаҳо ва
ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст) ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад;
- ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол 30 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 104 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи синну сол 30 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он 520 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- нафақаҳои меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардидаанд ва андозаи онҳо аз 150 сомонӣ кам мебошад, ба 150 сомонӣ баробар карда шаванд;
- стипендияҳои амалкунандаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба љайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) 50 фоиз зиёд карда шаванд.
2. Аз 1 январи соли 2013 андозаи нафақаи заминавӣ 105 сомонӣ муайян карда шавад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- дар амал татбиқ намудани Фармони мазкурро дар соли 2012 аз ҳисоби маблаљҳои дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда, маблаљҳои бақияи озод ва иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва аз ҳисоби сарфаи дигар моддаҳои хароҷот ва маблаљҳои махсуси муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ таъмин намоянд;
- дар мўҳлати як моҳ қарорҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намоянд;
- ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар холатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд (ба љайр аз нафақа), мувофиқи Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ шудаанд, амалӣ намоянд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
13 августи соли 2012, № 1313

Дополнительная информация