Фармони ПҶТ аз 4.11.2004, №1403
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН
«Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия»
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ, тақвият додани ҳавасмандии нақши музди меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фармон медиҳам:
1. Аз 1 январи соли 2005 ба хизматчиёни давлатӣ пардохти иловапулиҳо барои рутбаҳои тахассусии бо моддаи 27 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи хизмати давлатӣ" муқарраргардида татбиқ гардонида шавад.
2. Аз 1 январи соли 2005 музди меҳнати ҳадди ақал дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва нафақаи ҳадди ақал ба андозаи 12 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
3. Аз 1 январи соли 2005 маоши вазифави ва ставкаҳои амалкунандаи тарифии кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузори мешаванд, ба андозаҳои зерин зиёд карда шаванд:
- кормандони соҳаи илм - 100 фоиз;
- кормандони соҳаи тандурустӣ - 100 фоиз;
- кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - 100 фоиз;
- мураббиёни муассисаҳои томактабӣ - 70 фоиз;
- муаллимони синфҳои ибтидоии (1-4) мактабҳои таҳсилоти умумӣ 70 фоиз;
- муаллимони синфҳои 5-11 мактабҳои таҳсилоти умумӣ - 60 фоиз;
- дигар кормандони соҳаи маориф - 50 фоиз;
- кормандони соҳаи фарҳанг - 50 фоиз;
- кормандони дигар соҳаҳои буҷетӣ (ғайр аз хизматчиёни давлатии мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) - 50 фоиз;
- кормандони ҳайати хоҷагидорӣ ва ёрирасони тамоми ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ - 100 фоиз.
4. Аз 1 январи соли 2005 андозаҳои нафақаҳои меҳнатии нафақахўрон аз рўи давраҳои зерини ба нафақа баромаданашон бо роҳи истифодаи коэффитсиентҳои баландкунандаи музди меҳнате, ки аз он дар ибтидо ба онҳо нафақа таъин шудааст, зиёд карда шаванд:
то соли 1994- коэффитсиенти 86,5;
дар соли 1994 - коэффитсиенти 79,8;
дар соли 1995 - коэффитсиенти 30,2;
дар соли 1996 - коэффитсиенти 9,4;
дар соли 1997 - коэффитсиенти 5,6;
дар соли 1998 - коэффитсиенти 3,0;
дар соли 1999- коэффитсиенти 2,4;
дар соли 2000 - коэффитсиенти 1,79;
дар соли 2001 - коэффитсиенти 1,65;
дар соли 2002 - коэффитсиенти 1,55;
дар соли 2003 - коэффитсиенти 1,28;
дар соли 2004 - коэффитсиенти 1,03.
5. Аз 1 январи соли 2005 нафақапулиҳо барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи аз 3 то 6 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол бо дарназардошти нафақапулиҳои амалкунанда муқаррар карда шавад.
6. Аз 1 январи соли 2005 андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи синну сол ба маблағи 120 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
7. Аз 1 январи соли 2005 андозаҳои амалкунандаи стипендияҳо барои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва дигар гурўҳҳои хонандагон мутаносибан ба андозаи баландшавии музди меҳнати ҳадди ақал зиёд карда шаванд.
8. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷиҳати амалӣ намудани ин Фармон чораҳои зарурӣ андешад;
- тартиби ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ барон корношоямии муваққатӣ, кўмакпулӣ барои истироҳат, кўмакпулии товони зарари саломатӣ ва дар дигар ҳолатҳое, ки ба ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, тасдиқ намояд;
- азнавҳисобкунии андозаи нафақаҳоро бо дарназардошти бандҳои 4, 5 ва 6 ин Фармон таъмин намояд;
- ба Низомномаи оид ба нафақаҳо барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 1994, №115 тасдиқ шудааст, мутобиқи банди 5 ин Фармон тағйирот ворид намояд;
- дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005 барои додани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат бинобар баланд шудани нархи қувваи барқ ва гази табиӣ 22 миллион сомонӣ ва барои додани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоате, ки кўдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил менамоянд, 10 миллион сомонӣ пешбинӣ намояд. Аз шумораи умумии хонандагон 25 фоизи онҳо бо ҷубронпулӣ таъмин карда шаванд;
- иҷрои чорабиниҳои тасдиқшударо оид ба ислоҳоти соҳаи маориф идома диҳад;
- нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти идораи давлатӣ бо дарназардошти ихтисори на камтар аз 3 фоизи шумораи мавҷудаи кормандони тамоми соҳаҳои буҷетӣ (ғайр аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ) таҳия ва тасдиқ намояд. Татбиқи ин ислоҳотро аз 1 январи соли 2005 амалӣ намояд;
- дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005 маблағҳои заруриро ҷиҳати татбиқи ин Фармон пешбинӣ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
аз 4 ноябри соли 2004, №1403