Фармони ПҶТ аз 18.04.2005, №1548

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН

«Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани вазъи моддии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, оилаҳои бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ва шаҳрвандоне, ки бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардидаанд»

Ба муносибати ҷашни 60-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва  бо  мақсади  тақвияти  ҳифзи иҷтимоии маъюбону иштирокчиёни ин ҷанг, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин набардҳо ҳалокгардида ва шахсоне, ки барои хизмати шоён бо медали "Барои  меҳнати  шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945" сарфароз гардидаанд, фармон медиҳам:
1. Дар арафаи ҷашн ба андозаҳои зерин кўмакпулии яквақта пардохт карда шавад:
- ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватани - дар ҳаҷми 300 сомонӣ;
- ба ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида - дар ҳаҷми 200 сомонӣ;
- ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки бо медали, «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», сарфароз гардидаанд - дар ҳаҷми 100 сомонӣ.
2. Аз 1 майи соли 2005 нафақаҳои ҳармоҳаи маъюбону  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ба андозаи 30 сомонӣ  зиёд  карда шавад.
3. Раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон,  вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои  ботантана таҷлил  намудани  ҷашни 60-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 чораҳои зарурӣ   андешида, барои беҳтар намудани вазъи  моддии  маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар набардҳо ҳалокгардида, шахсоне, ки бо медали "Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги  Бузурги  Ватании солҳои 1941-1945" мукофотонида шудаанд, ғамхории доимии моддию маънавӣ зоҳир намоянд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- маблағгузории  хароҷоти  татбиқи  банди 1 Фармони мазкурро аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои хароҷоти дигари мудофиа пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд;
- маблағгузории харочоти банди 2 Фармони мазкур дар соли 2005 ва солҳои минбаъда аз ҳисоби маблағҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.
5. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон тибқи банди 2 Фармони мазкур бозҳисобии нафақаҳоро аз 1 майи соли 2005 таъмин намояд.
6. Вазорату идораҳо ва  мақомоти маҳаллии ҳокимияти  давлати табобату истироҳати ройгони маъюбону иштирокчиёни  Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардидаро дар муассисаҳои табобатию истироҳатии ҳамаи шаклҳои моликият таъмин намоянд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    Э. Раҳмонов

ш. Душанбе
аз 18 апрели соли 2005, № 1548

Дополнительная информация