Фармони ПҶТ аз 24.04.2006, №1735

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН

«Дар бораи чораҳои иловагии беҳтар намудани вазъи моддии иштирокчиёни маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесарабонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида»

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии иштирокчиёну мъюбони Ҷанги Бузурги Ватани солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесарабонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида  ф а р м о н   м е д и ҳ а м:
Аз 1 майи соли 2006 ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесарабонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида илова ба нафақаи онҳо нафақаи президентӣ ба андозаи 100 сомонӣ таъин карда шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- манбаи маблағгузории пардохтҳои мазкурро барои соли 2006 муайян намояд;
- ҳангоми таҳияи Буҷетидавлатӣ барои соли 2007 ва солҳои минбаъда барои ин минбаъдабарои ин мақсад маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                             Э. Раҳмонов

ш. Душанбе
    24 апрели соли 2006, № 1735

Дополнительная информация