Фармони ПҶТ аз 16.03.2007, №219

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ф А Р М О Н

«Оид ба зиёд намудани маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва андозаи нафақаи иҷтимоӣ»

Дар асоси моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тақвият додани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани музди меҳнати кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва андозаи нафақаи иҷтимоӣ      ф а р м о н  м е д и ҳ а м:
Аз 1 апрели соли 2007:
- нақшаи музди меҳнати вазифавии хизматчиёни давлатии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд ва прокуратура мувофиқи замимаҳои 1-38 муқаррар карда шавад;
- пардохти маош барои рутбаҳои ҳарбии (махсус) хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тартиби муқаррарнамудаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2006 № 1716 амалӣ  карда шавад;
- ҳадди ниҳоии пардохти иловапулии хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба нафақаи собиқаи хизмат ҳуқуқ доранд ва хизматро давом дода истодаанд, ба андозаи на зиёда аз 20 фоизи нафақае, ки ба онҳо метавонад таъин гардад, муқарар карда шавад;
- андозаи нафақаҳои қаблан таъиншудаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки то 1 апрели соли 2007 аз хизмат рухсат шудаанд, то охири соли 2007 нигоҳ дошта шавад;
- нақшаи музди меҳнати вазифавии роҳбарон ва ставкаҳои музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумии (мактабҳо, литсейҳо, гимназиҳо ва мактаб-интернатҳои ҳамаи шакл ва номгў) мувофиқи замимаҳои 39-40 муқаррар карда шавад;
- пардохти иловапулиҳо барои муаллимони ҳамаи ихтиссосҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (мактабҳо, литсейҳо, гимназияҳо ва мактаб-интернатҳои ҳамаи шакл ва номгў) аз ставкаҳои музди меҳнат ба андозаи зерин муқаррар карда шавад;
а) барои роҳбарии синф – 15 фоиз;
б) барои тафтиши дафтарҳо ва корҳои хаттӣ- 20 фоиз.
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба андозаи 30 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ – 10 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавӣ ва ставкаҳои тарифии кормандони дигар муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки  аз Буҷети давлатӣ маблаѓгузорӣ мешаванд (ба ѓайр аз дар сархатҳои якум, панҷум ва ҳафтуми банди 1-и Фармони мазкур зикргардида ва кормандони ҳайати хоҷагидорӣ ва ёрирасони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ) ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисаони дастгоҳҳои марказии Президиуми Академияи илмҳо, Академияи илмҳои пеадгогӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ (кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисони дастгоҳҳои марказии вазоратҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон) баробар карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони муҳосиботи марказонидашудаи соҳавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ки ҳисоби бухгалтериро ба ўҳда доранд, ба маоши вазифавии мутахассисони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баробар карда шавад;
- андозаи нафақаи иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 фоиз зиёд карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар мўҳлати ду моҳ ҷиҳати ба Фармони мазкур мутобиқ намудани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешад;
- қарорҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд;
- қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнатро барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кўмакпулӣ барои корношоямии  муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, таҳия ва тасдиқ намояд;
- қоидаи бозҳисобии нафақаи иҷтимоиро таҳия ва тасдиқ намояд;
- ҷиҳати татбиқи марҳилаи дуюми зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ аз 1 октябри соли 2007 таклифу пешниҳод ирсол намояд;
- аз 1 апрели соли 2007 нақшаи нави музди меҳнати ҳайати проффесорону устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва ҳунармандони санъати касбии Театри опера ва балети ба номи С.Айниро муқаррар намояд;
- тартиби ҳисоб кардани нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки баъд аз 1 апрели соли 2007 аз хизмат рухсат мешаванд, мувофиқи нақшаи нави маоши вазифавӣ муқаррар намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
  16 марти соли 2007, №219

Дополнительная информация