Фармони ПҶТ аз 26.11.2001, №717
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН
«Дар бораи зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва тадбирҳои тақвият ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ»
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва танзими таъминоти нафақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ф а р м о н м е д и ҳ а м:
1. Аз 1 январи соли 2002 музди меҳнати ҳадди ақал дар тамоми соҳаҳои иқтисод ба андозаи 4 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
2. Аз 1 январи соли 2002 маоши вазифавӣ ва ставкаҳои амалкунандаи тарифии кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, бе дараназардошти афзоиши музди меҳнати ҳадди ақал 40 фоиз зиёд карда шаванд.
3. Андозаи музди меҳнате, ки ба он коэффитсиенти ноҳиявӣ ва коэффитсиент барои кор дар маҳалҳои баландкўҳ, биёбон ва беоб илова карда мешаванд, баробари 1,5 музди меҳнати ҳадди ақал, барои ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бошад, баробари 2,3 музди меҳнати ҳадди ақал муқаррар карда шавад.
4. Аз 1 январи соли 2002 нафақаи меҳнатии нафақахўрони то 1 январи соли 1999 банафақабаромада бо роҳи аз нав ҳисоб кардани маошҳое, ки нафақа дар ибтидо дар асоси онҳо муқаррар шудааст, бо истифодаи коэффитсиентҳои зерин зиёд карда шавад:
- то 1 январи соли 1995 - 33,0
- дар соли 1995 - 13,0
- дар соли 1996 - 4,0
- дар соли 1997 - 2,0
- дар соли 1998 - 1,3
Зимнан, музди ибтидоии меҳнати нафақахўроне, ки то 1 январи соли 1984 ба нафақа баромадаанд, музди меҳнате ҳисобида мешавад, ки соли 1994 индексатсия шудааст.
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- тартиби муайян намудани музди миёнаи меҳнатро барои пардохти корношоямии муваққатӣ, пардохти рухсатиҳо ва ғайра, ки ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнатро талаб мекунад, тасдиқ намояд;
- аз нав ҳисоб кардани андозаи нафақаҳоро бо дарназардошти банди 4 ҳамин Фармон таъмин намояд;
- тартиб ва манбаъҳои маблағгузории тадбирҳоро доир ба иҷрои ҳамин Фармон муайян кунад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
аз 26 ноябри соли 2001, №717