Фармони ПҶТ аз 18.03.2010, №850

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН

«Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани вазъи моддии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ва шахсоне, ки дар ин солҳо на камтар аз шаш моҳ дар ақибгоҳ меҳнат кардаанд ё дар хизмати ҳарбӣ буданд»

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ва шахсоне, ки дар ин солҳо на камтар аз шаш моҳ дар ақибгоҳ меҳнат кардаанд ё дар хизмати ҳарбӣ буданд,  ф а р м о н  м е д и ҳ а м:
Аз 1 майи соли 2010:
- нафақаи иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба андозаи 60 сомонӣ зиёд карда шавад;
- нафақаи ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг  ҳалокгардида ва шахсоне, ки дар ин солҳо на камтар аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, ба истиснои давраи кор дар қаламрави муваққатан аз тарафи душман истилогардидаи ИҶШС  ё дар хизмати ҳарбӣ буданд, ба андозаи 30 сомонӣ зиёд карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 ва солҳои минбаъда маблағгузории хароҷоти банди 1 Фармони мазкурро аз буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намояд.

  Президенти
  Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                         Эмомалӣ Раҳмон  

ш. Душанбе
   аз 18 марти соли 2010, № 850

Дополнительная информация