Фармони ПҶТ аз 31.08.2002, №879
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН
«Дар бораи чораҳои иловагии беҳтар намудани шароити моддии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида»
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ф а р м о н м е д и ҳ а м:
1. Аз 1 сентябри соли 2002 нафақаи иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, 20 сомонӣ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида 10 сомонӣ зиёд карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- манбаи маблағгузории пардохтҳои мазкурро барои соли 2002 муайян намояд;
- ҳангоми таҳияи Буҷети давлатӣ барои соли 2003 ва солҳои минбаъда барои ин мақсадҳо маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
аз 31 августи соли 2002, №879