Фармони ПҶТ аз 22.06.2010, №894

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН

«Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани ҳадди ақали музди меҳнат ва нафақа»

Мутобиқи моддаи 103 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ф а р м о н  м е д и ҳ а м:
1) Аз 1 июли соли 2010 ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва ҳадди ақали нафақа ба андозаи 80 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
2) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар амал татбиқ намудани Фармони мазкурро дар соли 2010 аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фонди музди меҳнат ва таъминоти нафақа пешбинишуда таъмин намояд;
- дар мўҳлати як моҳ қарорҳои худро  ба Фармони  мазкур  мутобиқ намояд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
22 июни соли 2010, №894

Дополнительная информация