Фармони ПҶТ аз 25.10.2002, №930

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН

«Дар бораи зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақали, маоши кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия»

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ, тақвият додани ҳавасмандии нақши музди меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ    ф а р м о н  м е д и ҳ а м:
1. Аз 1 апрели соли 2003 музди меҳнати ҳадди ақал дар тамоми соҳаҳои иқтисод ба андозаи 5 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
2. Аз 1 апрели соли 2003 маоши вазифавӣ ва ставкаҳои амалкунандаи тарифии кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, бе дарназардошти афзоиши музди меҳнати ҳадди ақал, 20 фоиз зиёд карда шаванд.
3. Аз 1 апрели соли 2003 андозаҳои ҷории нафақаҳо ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо:
- аз 1 январи соли 2003 шумораи кормандони мақомоти идораи давлатӣ ва муассисаю ташкилотҳоро, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, 5 фоиз ихтисор намоянд;
- тартиби муайян намудани музди миёнаи меҳнатро барои пардохти корношоямии муваққатӣ, пардохти рухсатиҳо ва ғайра, ки ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнатро талаб мекунад, тасдиқ намоянд;
- дар Буҷети давлатӣ барои соли 2003 барои иҷрои ин фармон маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намояд.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                    Э. Раҳмонов

ш. Душанбе
аз 25 октябри соли 2002, №930

Дополнительная информация