Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р  м е к у н а д:

Ба Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ шудаанд, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ҷумлаи дуюми банди 16 калимаҳои «меҳнатӣ,» ба калимаҳои «меҳнатӣ ва» иваз карда шуда, калимаҳои «ҳомиладорӣ ва таваллуд,» хориҷ карда шаванд;

- банди 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«17. Музди миёнаи меҳнати якрўза барои ҳисоб кардани кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд бо роҳи тақсим намудани маблағи умумии воқеии ҳисобкардашуда барои давраи 12 моҳи пеш аз рафтани коргарзан ба рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба 12 ва ба шумораи рўзҳои тақвимии моҳе, ки варақаи корношоямӣ дода шудааст, муайян карда мешавад. Дар сурати аз 12 моҳ камтар будани фаъолияти меҳнатии коргарзан, музди миёнаи меҳнати якрўза барои ҳисоб кардани кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд бо роҳи тақсим намудани маблағи умумии воқеии ҳисобкардашуда дар давраи фаъолияти меҳнатии воқеӣ ба 12 ва ба шумораи рўзҳои тақвимии моҳе, ки варақаи корношоямӣ дода шудааст, муайян карда мешавад.

Барои муайян намудани андозаи кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, музди миёнаи меҳнати якрўзаи ҳосилшуда барои давраи 12 моҳи пеш аз рафтани коргарзан ба рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба шумораи рўзҳои тақвимии корношоямӣ, ки аз ҷониби муассисаи тиббӣ муқаррар карда шудааст (аз 70 то 180 рўз), зарб зада мешавад. Дар ҳама сурат андозаи кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд наметавонад аз 100 фоизи музди меҳнати моҳонаи коргарзан кам бошад.».

               Раиси
        Ҳукумати Ҷумҳурии                                                
            Тоҷикистон

МАЪЛУМОТНОМАИ
асоснокии ҳуқуқию молиявии лоиҳаи қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313»

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313» бо мақсади мутобиқ намудани андозаи кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба муқаррароти моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ва ба принсипҳои суғуртавӣ, аз байн бурдани холигии фазои ҳуқуқӣ дар ҳисоби чунин кўмакпулӣ дар ҳолатҳои кам будани давраи фаъолияти меҳнатии коргарзан ва ҳамчунин муайян намудани ҳадди камтарини пардохти кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дар ҳолати кам будани собиқаи суғуртавии (кории) коргарзан таҳия карда шудааст.

Тибқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» пешбинӣ гардидааст, ки кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба андозаи пурраи музди меҳнат барои тамоми давраи рухсатие, ки ба зан ба сабаби ҳомиладорӣ ва таваллуд дода шудааст, пардохт карда мешавад. Мутаассифона, мувофиқи тартиби амалкунанда андозаи кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, ки аз рўи музди меҳнати се моҳи пеш аз баромадани коргарзан ба рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ҳисоб карда мешавад, дар тўли 140 рўз (давраи камтарини рўхсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд) аз музди меҳнати воқеие, ки коргарзан дар давраи фаъолияти меҳнатӣ мегирифт, зиёд пардохт мешавад.

Мисол дар сурате, ки коргарзан музди меҳнати моҳонааш дар се моҳи пеш аз муроҷиат 1000 сомонӣ бошад ва шумораи рўзҳои кории моҳе, ки варақаи корношоямӣ дода шудааст, 22 рўзро ташкил намояд, андозаи кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуди ў 6363,63 сомониро ташкил менамояд. Музди меҳнати дар тули 140 рўз (4 моҳу 20 рўз) ё 4,6 моҳ ба коргарзан пардохтшаванда ҳатто бе тарҳи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 4600 сомониро ташкил менамояд, ки ин ба 72,3%-и кўмакпулии пардохтшаванда баробар аст, яъне маблағи кўмакпулии пардохтшаванда нисбати музди меҳнати дар ин давра бе тарҳи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пардохтшаванда 1763,63 сомонӣ ё 38% зиёд мебошад. Бо тарҳи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бошад, ба коргарзан дар тули 140 рўз (4 моҳу 20 рўз) ё 4,6 моҳ воқеан ба андозаи 3999,58 сомонӣ музди меҳнат пардохт карда мешавад, ки андозаи кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуди айни замон пардохтшаванда нисбати он 2397,05 сомонӣ ё  60% зиёд мебошад.

Ҳамчунин, давраи муайяншуда барои ҳисоби кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, ки тибқи тартиби амалкунанда 3 моҳ муқаррар карда шудааст, имрўз ба он мусоидат карда истодааст, ки дар бештари корхонаву ташкилотҳо, ба хусус дар бахши ғайридавлатӣ ҳадафнок ва беасос музди меҳнати коргарзанро дар се моҳи пеш аз баромадан ба рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд баланд мебардоранд ё ин ки занҳои ҳомиладорро, ки бо корфармо ё шахсони мутасаддии қабул ба кор муносибатҳои хешутаборӣ доранд, маҳз ба хотири гирифтани кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба муҳлати се моҳ ба кор қабул менамоянд (ҳатто ҳолатҳое ҳастанд, ки маҳз ба ҳамин хотир ба муҳлати санҷишӣ (семоҳа) коргарзанро ба кор қабул карда истодаанд) ва чунин тартиб ба принсипҳои суғуртавӣ мутобиқ намебошад.

Бо мақсади такмили низоми мавҷуда ва бартараф намудани камбудиҳои дар боло зикршуда мувофиқи лоиҳаи қарори пешниҳодшуда банди 17 Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313 тасдиқ шудаанд, дар таҳрири нав ифода карда шуда, барои ҳисоби кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва музди миёнаи меҳнати якрўза бо роҳи тақсим намудани маблағи умумии воқеии ҳисобкардашуда барои давраи 12 моҳи пеш аз рафтани коргарзан ба рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба 12 ва ба шумораи рўзҳои тақвимии моҳе, ки варақаи корношоямӣ дода шудааст, пешбинӣ гардид.

Дар сурати аз 12 моҳ камтар будани фаъолияти меҳнатии коргарзан, музди миёнаи меҳнати якрўза барои ҳисоб кардани кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд бо роҳи тақсим намудани маблағи умумии воқеии ҳисобкардашуда дар давраи фаъолияти меҳнатии воқеӣ ба 12 ва ба шумораи рўзҳои тақвимии моҳе, ки варақаи корношоямӣ дода шудааст, муайян карда мешавад. Барои муайян намудани андозаи кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд бошад, музди миёнаи меҳнати якрўзаи ҳосилшуда барои давраи 12 моҳи пеш аз рафтани коргарзан ба рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба шумораи рўзҳои тақвимии корношоямӣ, ки аз ҷониби муассисаи тиббӣ муқаррар карда шудааст (аз 70 то 180 рўз), зарб зада мешавад. Ҷиҳати дастгирии иҷтимоии модару кўдак пешбинӣ карда шуд, ки дар ҳама сурат андозаи кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд наметавонад аз 100 фоизи музди меҳнати моҳонаи коргарзан кам бошад.

Мувофиқи тартиби нави пешниҳодшуда дар сурате, ки коргарзан 12 моҳ фаъолияти меҳнатӣ дошта бошад, маблағи кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуди ў ба 100 фоизи музди меҳнати дар тули 140 рўз (4 моҳу 20 рўз) ё 4,6 моҳ ба коргарзан пардохтшаванда ҳатто бе тарҳи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ баробар мебошад, ки аз ҳадди ниҳоии меъёрҳои байналмилалии муқарраршуда низ зиёд мебошад.  
Дар мавриди мисоле, ки дар боло оварда шудааст, мувофиқи тартиби нави пешниҳодшуда андозаи кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд 4666,66 сомониро ташкил менамояд ва маблағи ба коргарзан дар тули 4 моҳу 20 рўз пардохтшаванда бошад, бе тарҳи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба 4600 сомонӣ баробар мебошад. Маблағи кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуди бо тартиби нав ҳисобшаванда нисбати музди меҳнати дар тули 140 рўз (4 моҳу 20 рўз) ё 4,6 моҳ ба коргарзан воқеан пардохтшаванда (бо тарҳи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ) 667,08 сомонӣ ё 16,7% зиёд мебошад. Яъне, бо тартиби пешниҳодгардида аз рўи музди меҳнати 12 моҳи фаъолияти корӣ ҳисоб намудани андозаи кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба муқаррароти пешбининамудаи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» мутобиқ мебошад. Дар баробари ин, бо мақсади дастгирии иҷтимоии модару кўдак пешбинӣ карда шудааст, ки дар ҳама сурат, яъне ҳолатҳое, ки коргарзан ҳамагӣ 1 ё 2 моҳ фаъолияти меҳнатӣ намудааст, ба ў ба андозаи 100 фоизи музди меҳнати моҳонаи коргарзан пардохт карда мешавад.

Дар маҷмўъ тартиби нави ҳисоби кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд пеш аз ҳама ба ҳифзи иҷтимоии модару кўдак, коргарзанҳои суғурташуда равона гардида, дар баробари танзими камбудиҳо ва аз байн бурдани холигии фазои ҳуқуқии мавҷуда, истифодаи суроғавӣ ва мақсадноки маблағҳои Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, пешгирии омилҳои ба коррупсия ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо мусоидаткунанда, ҳамчунин аз нуқтаи назари соҳаи тандурустӣ ба нигоҳдории солимии модарон, истифодаи самараноки ҷойҳои кории мавҷуда дар шароити имрўзаи иқтисодии мамлакат низ мусоидат хоҳад кард.

Нисбати хароҷоти молиявии татбиқи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313» қайд намудан лозим аст, ки он дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа амалӣ гардида, аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб наменамояд.

Бо назардошти он ки муқаррароти лоиҳаи мазкур ба танзими тартиби ҳисоб ва андозаи кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд равона карда шуда, истифодаи мақсаднок ва суроғавии маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоиро дар корхонаву ташкилотҳо таъмин менамояд, қабули он зурур мебошад.

Тибқи банди 15 «Тартиби гузаронидани экспертизаи зидди коррупсиониии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зидди коррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаи қарори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313» гузаронида шуда, омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар он ошкор карда нашудааст.


Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фикри худро баён кунед


Кодро ворид кунед
Коди нав

Дополнительная информация