Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 октябри соли 2014, №630

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р   м е к у н а д:

Ба Тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014, №630 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- ба банди 11 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар ҳолатҳое, ки бо мақсади коҳиш додани сатҳи гирифторшавӣ ба маъюбии аввалия, дар ҳолатҳои имконпазир будани барқароркунии саломатии бемор, бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ташхиси тиббию иҷтимоӣ варақаи корношоямӣ тамдид карда мешавад, кўмакпулӣ барои корношоямии мувақкатӣ барои давраи тамдидкардашуда, вале на зиёда аз ду моҳ дар асосҳои умумӣ пардохт карда мешавад.»;
- дар банди 36;
- дар сархати якум пас аз калимаи «рухсатии» калимаи «меҳнатии» илова карда шавад;

- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Дар сурати пешниҳод намудани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дар вақти рухсатии пардохтшаванда (то синни якунимсолагии кўдак) ё бемузд (аз синни якунимсолагӣ то сесолагии кўдак) барои нигоҳубини кўдак, кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд пардохт карда намешавад.»;

- банди 40 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«40. Шахсони суғурташуда, ки кўдакони навзодро аз таваллудхона ё хонаи кўдакон фарзандхонд кардаанд ва ё васигии онҳоро ба ўҳда гирифтаанд, ба рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд барои давраи то хатми ҳафтод рўзи (ҳангоми фарзандхонд кардани ду кўдаки навзод (дугоникҳо) – яксаду даҳ рўз) тақвимӣ аз рўзи таваллуди кўдак (кўдакон), дар асосҳои умумӣ ҳуқуқ доранд.»;
- дар банди 43 пас аз калимаҳои «навзодро», «таваллудхона» ва «яквақта» мутаносибан калимаҳои «то 40-рўза», «ё хонаи кўдакон» ва «ва кўмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кўдак» илова карда шаванд;

- ба банди 46 ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Кўмакпулӣ барои нигоҳубини кўдак дар ҳолати пешбининамудаи сархати дуюми банди 36 Тартиби мазкур дар мавриди таваллуди кўдаки дуюм ва кўдакони минбаъда низ, дар асосҳои умумӣ пардохт карда мешавад.».

- дар банди 59 пас аз ҷумлаи дуюм ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Ҳамчунин, маблағи пардохтшудаи кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд барои даврае, ки шахс то анҷоми муҳлати аз ҷониби муассисаи тиббӣ муайянгардида ба кор баромадааст (дар ҷойи кори асосӣ ё дар ҷойи муштараккор), боздошт карда мешавад.».

                Раиси
           Ҳукумати Ҷумҳурии
             Тоҷикистон

МАЪЛУМОТНОМАИ
асосноккунии ҳуқуқию молиявии лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014, №630»

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014, №630» бо мақсади аз байн бурдани холигии фазои ҳуқуқӣ ҷиҳати мукаммал намудани шартҳо ва тартиби пардохти кўмакпулиҳои иҷтимоие, ки аз низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ бармеоянд, истифодаи мақсаднок ва суроғавии маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои дастгирии иҷтимоии модару кўдак ва ба ин васила аз байн бурдани меъёру муқаррароти ба омилҳои коррупсионӣ ва хароҷоти ғайримақсадноки маблағҳои Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мусоидаткунанда таҳия карда шудааст.

Тибқи лоиҳаи қарори мазкур бо назардошти талаботи банди 35 Тартиби экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, №146 тасдиқ гардидааст, пардохти кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар ҳолате, ки бо мақсади коҳиш додани сатҳи гирифторшавӣ ба маъюбии аввалия бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ташхиси тиббию иҷтимоӣ варақаи корношоямӣ тамдид карда мешавад, пешбинӣ гардида, пардохти кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дар сурате, ки коргарзан дар вақти рухсатии нигоҳубини кўдак (пардохтшаванда ё бемузд) ба кор набаромада варақаи корношоямии навбатиро барои рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд пешниҳод менамояд, мушаххас карда шудааст.

Ҳамчунин, бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ ва молиявии занҳое, ки кўдакони навзодро аз таваллудхона ё хонаи кўдакон фарзандхонд кардаанд ва ё васигии онҳоро ба уҳда гирифтаанд, вобаста аз талаботи моддаи 226 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохти кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд барои ҳафтод рўзи тақвимӣ аз рўзи таваллуд (ҳангоми фарзандхонд кардани ду кўдаки навзод (дугоникҳо) – яксаду даҳ рўз) пешбинӣ гардида,  пардохти кўмакпулиҳои оилавӣ ба чунин занҳо ба таври мушаххас муқаррар карда шудааст.

Дар лоиҳаи қарори мазкур ҳамчунин пешниҳод карда шудааст, ки ба коргарзанҳое, ки дар вақти рухсатии нигоҳубини кўдак (пардохтшаванда ё бемузд) ба кор набаромада, варақаи корношоямии навбатиро барои рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд пешниҳод менамоянд, кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд пардохт намешавад, зеро, низоми амалкунанда дар ҳамин маврид ба принсипҳои суғуртавӣ мутобиқ намебошад ва таҷрибаи дигар давлатҳо, аз ҷмула баъзе давлатҳо – аъзои ИДМ (масалан, Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ) низ нишон медиҳад, ки дар чунин ҳолат кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд пардохт намегардад. Муқаррароти пешниҳодшуда дар баробари мутобиқ намудани пардохти чунин кўмакпулиҳо ба принсипҳои суғуртавӣ ҳамчунин, барои танзими муносибатҳои меҳнатии чунин категорияҳои кормандон мусоидат хоҳад намуд.  

Қобили қайд аст, ки дар айни замон дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014, №630 «Дар бораи Тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ» пардохти кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар ҳолате, ки бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ташхиси тиббию иҷтимоӣ варақаи корношоямӣ тамдид карда мешавад, пешбинӣ нагардидааст ва пардохти кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд низ дар сурате, ки коргарзан дар вақти рухсатии нигоҳубини кўдак (пардохтшаванда ё бемузд) ба кор набаромада варақаи корношоямии навбатиро пешниҳод менамояд, мушаххас муайян нест, ки ин боиси гуногунфаҳмӣ ва татбиқи ҳархелаи санади мазкур дар корхонаву ташкилотҳо ва ба вуҷуд овардани омилҳои коррупсионию хароҷоти ғайримақсадноки маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ гардида истодааст.

Дар баробари ин, пардохти кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба занҳое, ки кўдакони навзоди ятиму бепарасторро аз хонаи кўдакон фарзандхонд кардаанд ва ё васигии онҳоро ба ўҳда гирифтаанд ва тартиби пардохти кўмакпулӣ барои нигоҳубини кўдак ба чунин занҳо, инчунин дар сурате, ки коргарзан дар вақти рухсатии нигоҳубини кўдак (пардохтшаванда ё бемузд) ба кор набаромада кўдаки сеюм ва кўдакони минбаъдаро таваллуд мекунад, низ дар қарори амалкунанда пешбинӣ карда нашудаанд.  

Бояд тазаккур дод, ки тибқи банди 2 Тартиби экспертизаи корношоямии муваққатии шаҳрвандон дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, №146 тасдиқ гардидааст, корношоямии муваққатӣ ин ҳолате мебошад, ки дар шаҳрванд бинобар беморӣ ё осеб вайроншавии вазифаҳои алоҳидаи организм ба амал омада, иҷрои фаъолияти касбии ў монеъ мешавад ва хусусияти муваққатии рафъпазир дорад. Қарори мазкур муайян намудааст, ки варақаи корношоямии муваққатӣ ҳуҷҷате мебошад, ки муваққатан корношоям гардидан ва аз кор озод шудани шаҳрвандро тасдиқ менамояд. Аз муқаррароти санади мазкур бармеояд, ки дар сурати ба корманд додани варақаи корношоямӣ ва пардохти кўмакпулӣ аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ў дар ин давра ҳуқуқи фаъолият намуданро надорад. Дар сурате, ки корманд аз истифодаи ҳуқуқҳои пешбинишуда, яъне дар давраи бо варақаи корношоямӣ муайянгардида табобат гирифтан ва қобилияти кориро барқарор кардан, даст кашида, ба фаъолияти меҳнатӣ шуруъ намояд, дар ин маврид маблағи кўмакпулии ба ў пардохтшуда аз рўзи ба кор баромаданаш то рўзи охирини бо варақаи корношоямӣ муқарраршуда бояд аз музди меҳнаташ боздошт ва ба Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барқарор карда шавад.

Барои бартараф намудани мукаммалиҳои дар боло зикршуда ба бандҳои 11, 36, 40, 43, 46 ва 59 Тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014, №630 тасдиқ гардидааст, тағийру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд, ки ҳолатҳои зикршударо ба танзим медарорад.
Нисбати хароҷоти молиявии татбиқи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014, №630» қайд намудан лозим аст, ки он дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа амалӣ гардида, аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб наменамояд.  

Бо назардошти он ки муқаррароти лоиҳаи қарори мазкур ба танзими тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулиҳои иҷтимоӣ ва дастгирии иҷтимоии шахсони суғурташуда, аз ҷумла модару кўдак равона карда шуда, истифодаи мақсаднок ва суроғавии маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоиро дар корхонаву ташкилотҳо таъмин менамояд, қабули он зурур мебошад.

Тибқи банди 15 «Тартиби гузаронидани экспертизаи зидди коррупсиониии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зидди коррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2014, №630» гузаронида шуда, омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар он ошкор карда нашудааст.

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фикри худро баён кунед


Кодро ворид кунед
Коди нав

Дополнительная информация