Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1997; №23-24, мод.350; с.2003, №8, мод.458; с.2006, №4, мод.200; с.2007, №3, мод.177; №7, мод.694; с.2008, №10 мод.821; с.2012, №4, мод.274; №8, мод.830; с. 2013, №__, мод. __) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.

2. Ба моддаи 12 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар ҳолатҳое, ки бо мақсади коҳиш додани сатҳи гирифторшавӣ ба маъюбии аввалия, дар ҳолатҳои имконпазир будани барқароркунии саломатии бемор, бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ташхиси тиббию иҷтимоӣ варақаи корношоямӣ тамдид карда мешавад, кўмакпулӣ барои корношоямии мувақкатӣ барои давраи тамдидкардашуда, вале на зиёда аз ду моҳ пардохт карда мешавад.».

3. Дар моддаи 14:
- дар қисми дуюм калимаҳои «се», «ду» ва «як» мутаносибан ба калимаҳои «чор», «се» ва «ду» иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои «100 фоизи» ба калимаи «ду» иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 23(1):
- дар қисми сеюм калимаҳои «ба ҳисоби депозитӣ дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қоғазҳои қиматнок (саҳмҳо, векселҳо ва ғайра) гузорад» ба калимаҳои «дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорӣ (депозитгузорӣ) намояд ва дар бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ ва қоғазҳои қиматноке, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон бароварда мешаванд, истифода намояд.» иваз карда шаванд;
- қисми панҷум хориҷ карда шавад.

5. Моддаи 23(2). бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 23(2). Тартиби сармоягузории (депозитгузории) маблағҳои андўхти нафақавӣ ва маблағҳои озоди буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
Тартиби сармоягузории (депозитгузории) маблағҳои андўхти нафақавӣ ва маблағҳои озоди буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок дар бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ ва қоғазҳои қиматноке, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон бароварда мешаванд ва фоизи даромаднокии ин маблағҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».    
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти  
Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАЪЛУМОТНОМАИ
асосноккунии ҳуқуқию молиявии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои пешбининамудаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии истифодаи сармоягузории маблағҳои андўхти нафақавӣ ва маблағҳои озоди буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва ба ин васила таъмини устувории молиявии низоми таъминоти нафақа, инчунин бо дарназардошти таҷдиди назар шудани тартиби ҳисоби кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, зиёд намудани андозаи кўмакпулиҳои оилавӣ таҳия гардидааст.   

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун депозит ҷойгир намудани маблағҳои андўхти нафақавии шаҳрвандон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, вале истифодаи васеи чунин маблағҳо ва ҳамчунин маблағҳои озоди Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар рушди иқтисодиёти мамлакат, аз ҷумла дар бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ пешбинӣ нагардидааст. Дар баробари ин, тартиби мушаххаси истифодабарии ин маблағҳо бо дарбаргарии тамоми элементҳои назоратии ба хавф нигаронидашуда пешбинӣ нашудааст.

Қайд намудан лозим аст, ки дар айни замон маблағҳои андўхти нафақавии шаҳрвандон тавассути шартномаҳои дуҷониба байни Агентӣ ва бонкҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд ва дар шартномаҳо тамоми масъалаҳои вобаста ба эътимоднокии сари вақт бозпас гардонидани маблағҳо ва фоизҳои даромад пешбинӣ карда мешаванд. Вале, натиҷаи ба мушкилоти молиявӣ дучор гардидани бонкҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир нишон дод, ки элементҳои назоратии ба хавф нигаронидашуда боэътимод нестанд ва зарурати таҳияи механизмҳои нави назоратӣ ва кафолати сари вақт баргардонидани маблағҳои андўхти нафақавӣ, ки дар бонкҳо ҷойгир карда мешаванд, ба миён омадааст.

Мувофиқи лоиҳаи Қонуни пешниҳодшуда сармоягузории (депозитгузорӣ) ва истифодаи маблағҳои андўхти нафақавӣ ва маблағҳои озоди буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки онҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат тавассути иштирок дар бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ, аз ҷумла қоғазҳои қиматноки давлатӣ ва қоғазҳои қиматноке, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон бароварда мешаванд, пешбинӣ гардида, дар боробари ин, заминаҳои ҳуқуқии таҳияи тартиби мушаххаси истифодабарии ин маблағҳо пешбинӣ карда шудааст, ки пас аз қабули он чунин тартиб таҳия карда мешавад.  

Дар баробари ин, бо дарназардошти таҷдиди назар шудани тартиби ҳисоби кўмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ ва молиявии модару кўдак ва истифодаи мақсаднок ва суроғавии маблағҳои Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар тақвияти сатҳи ҳифзи иҷтимоии шахсони суғурташуда тибқи лоиҳаи Қонуни мазкур андозаи амалкунандаи кўмакпулиҳои яквақтаина барои таваллуди кўдак ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (дар ҳар се ҳолат) ва кўмакпулӣ барои нигоҳубини кўдакони то синни якунимсола бошад, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шудааст.   

Нисбати хароҷоти молиявии татбиқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» қайд намудан лозим аст, ки онҳо дар доираи маблағҳои Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ мегардад, таъмин карда мешаванд. Яъне, хароҷотҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.    

Бо назардошти он ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои пешбининамудаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ҷиҳати таъмини устувории молиявии Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҳия гардида, муқаррароти он ба дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон равона карда шудааст, қабули он зарур мебошад.   

Тибқи банди 15 «Тартиби гузаронидани экспертизаи зидди коррупсиониии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зидди коррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» гузаронида шуда, омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар он ошкор карда нашудааст.


Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фикри худро баён кунед


Кодро ворид кунед
Коди нав

Дополнительная информация