Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.06.2007, №313

ҲУКУМАТИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р


аз «1» июни соли 2007, №313                                                                ш. Душанбе

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ҳисобкунии музди
миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ,
кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кўмакпулӣ барои
корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба
пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд

Мутобиқи моддаи 116 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва xиҳати иxрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2007 № 219 «Оид ба зиёд намудани маоши вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буxетӣ ва андозаи нафақаи иxтимоӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Rоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кeмакпули дар вақти аз кор рафтан, кeмакпули барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
2. Rарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006, № 308 «Дар бораи тасдиқи Rоидаҳои ҳисоби музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кeмакпули барои корношоямии муваққатӣ, кeмакпули дар вақти аз кор рафтан ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд» аз эътибор соқит дониста шавад.

            Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии                                                                                        Э. Раҳмонов
        Тоҷикистон                        

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июни соли 2007, № 313
тасдиқ шудааст

Қоидаҳои
ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кўмакпулӣ
барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба
пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд
(дар таҳрири ќарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2012, №349)

I. Қоидаҳои умумӣ

1. Ҳамин Rоидаҳо тартиби ҳисобкунии музди миёнаи меҳнати кормандонро ҳангоми пардохти рухсатиҳои меҳнатии пардохтшавандаи асосӣ, дарозкардашуда, иловагӣ, таълимӣ ва эxодӣ, инчунин барои пардохти xубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда, дар давраи бо кор таъминкунӣ, ҳангоми ҳисоби кeмакпули дар вақти аз кор рафтан, ҳангоми иxро нагардидани меъёрҳои коркард, бекористи ва истеҳсоли маҳсулоти нуқсдор ва бо айби корманд, давраи гузаштан ба кори дигар ва ноилоx ба кор ҳозир нашудан, дар сафари хизмати қарор доштан, иxрои вазифаҳои давлатӣ ё xамъиятӣ, кeмакпули барои корношоямии муваққатӣ, кeмакпули барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, ҳангоми додани кафолатҳои иловаги барои занону xавонон, ки ҳисоби андозаи музди миёнаи меҳнатро талаб мекунанд, муайян менамоянд.
2. Rоидаҳои мазкур ба тамоми ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолияташон татбиқ мегарданд.

II. Пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кўмакпулӣ дар вақти
аз кор рафтан, xубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда
 ва музди миёнаи меҳнат дар давраи бо кор таъминкунӣ

3. Ҳисобкунии музди миёнаи якмоҳаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшавандаи асосӣ ва иловагӣ (аз он xумла рухсатиҳои дарозкардашуда), рухсатиҳои таълимӣ ва эxодӣ, инчунин барои пардохти xубронпули барои рухсатии истифоданашуда, аз ҳисоби музди миёнаи меҳнат дар 12 моҳи тақвимӣ, ё бо хоҳиши корманд аз рeзи охирини баландшавии маоши вазифавии амалкунанда (меъёри тарифӣ), анxом дода мешавад.
4. Барои муайян намудани музди миёнаи моҳонаи меҳнат музди миёнаи якрeза истифода мешавад. Музди миёнаи якрeза барои пардохти маблаuи рухсати бо роҳи тақсими ҳамаи маблаuҳои воқеии ҳисобкардашуда барои давраи 12 моҳ ё аз лаҳзаи баландшавии охирини маошҳои вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифӣ) ба миқдори пурраи моҳҳои то пешниҳоди рухсатӣ ва ба коэффитсиенти 29,3 - миқдори миёнаи рeзҳои тақвими муайян карда мешавад. Ҳисоби пардохти рухсати бо роҳи зарб задани музди миёнаи якрeза ба шумораи рeзҳои тақвимии рухсатӣ амали мешавад.
а) агар рухсати аз ҳисоби музди миёнаи меҳнати аз давраи рeзи охирини баландшавии маоши вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифӣ) дода шавад, ҳангоми ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнат ҳамаи пардохтҳои баъди баландшави суратгирифта, инчунин мукофотҳо ва дигар пардохтҳои (ба uайр аз маоши вазифавӣ) то баландшави анxомдодашуда ва ба давраи ҳисоботӣ (12 моҳ) дохилшаванда, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Мукофотҳо, uайр аз мукофотҳои яквақта ва пардохтҳои мазкури давраи то зиёдшави ва ба давраи ҳисоботи дохилшаванда ба андозаи зиёдшави тасҳеҳ мегарданд;
б) агар давраи ҳисоби пурра кор карда нашуда бошад, рухсати аз рeи музди миёнаи меҳнати якрeза, ки бо тарзи тақсим намудани музди меҳнати вақти воқеии коркардашуда ба миқдори моҳҳои пурраи корӣ ва ба рeзҳои тақвимии рухсатӣ, ки мувофиқи моддаи 90 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, зарб зада, пардохт карда мешавад.
5. Дар ҳолати дар давраи ҳисоби мавxуд набудани музди меҳнат, аз xумла ҳангоми пардохти давраи ноилоx ҳозир нашудан ба кор, ҳангоми ҳафтаи кории нопурра, рeзи кории нопурра ва ё музди меҳнати давраҳое, ки аз ҳисобкуни хориx карда шудаанд, музди меҳнати миёнаи якрeза аз рeи маблаuҳои воқеии ҳисобкардашуда дар давраи се моҳи тақвимии охири иxрои кор, бевосита пеш аз давраи ҳисоботи бо тасҳеҳи минбаъдаи онҳо ба андозаи зиёдшавии маошҳои вазифавӣ (меъёрҳои тарифӣ) муайян карда мешавад. Агар корманд ҳам дар давраи ҳисоботӣ ва ҳам то давраи ҳисоботӣ ва дар моҳе, ки ҳолати баамаломада ба нигоҳдории музди миёнаи меҳнат алоқаманд аст, музди меҳнати воқеии ҳисобкардашуда ё рeзи корӣ надошта бошад, дар ин маврид музди миёнаи меҳнат аз рeи меъёрҳои тарифии дараxаи муқарраргардида ва маоши вазифавӣ муайян карда мешавад.
6. Ҳангоми пардохти маоши собити вақтбайъ (аз xумла дастмузди собити кафолатнок, ё изофамузди фоизнок, вале бе дигар намудҳои иловагии мукофотпулӣ), музди миёнаи меҳнати якрeза бо роҳи тақсими маоши вазифавии моҳонаи охирини корманд бо иловапулиҳо ба коэффитсиенти 29, 3 муайян карда шуда, ба шумораи рeзҳои тақвимии рухсатӣ зарб карда мешавад. Ҳангоми мавxуд будани дигар намудҳои мукофотпулиҳо музди миёнаи меҳнати якрeза бо тартиби банди 4 Rоидаҳои мазкур муайян карда мешавад.
7. Ҳангоми ҳисоб намудани музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои ҳарсолаи меҳнатӣ аз давраи ҳисоботи ваќте, ки дар давоми он корманд дар рухсатиҳои бемузд ё қисман пардохтшаванда қарор дошт ва барои нигоҳубини кeдак, то синни муқаррарнамудаи қонун расидани у кeмакпули гирифтааст, хориx карда мешавад. Дар ҳолати қисман нигоҳ доштани музди меҳнат ҳангоми озодшавӣ аз кор, ин қисм аз ҳисоби музди миёнаи меҳнат хориx карда мешавад. Рeзҳои иди uайрикорӣ, ки ба давраи рухсати рост меоянд, дар вақти муайян намудани давомнокии рухсатиҳо ба ҳисоб гирифта намешаванд ва пардохт карда намешаванд.
8. Ҳангоми бо корманд қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти xубронпулӣ барои рухсатии истифоданашуда, давраи гузаштан ба кори дигар, кeмакпули дар вақти аз кор рафтан, нигоҳдории музди миёнаи меҳнат дар давраи бо кор таъминкунӣ, мутобиқи талаботи бандҳои 4-7 Rоидаҳои мазкур амали мегардад.

III. Пардохти музди миёнаи меҳнати корманд ҳангоми
иxро нагардидани меъёрҳои коркард, бекористӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нуқсдор на бо айби корманд, иxрои вазифаҳои
давлатӣ ё xамъиятӣ, дар сафари хизматӣ қарор доштан,
барои давраи ноилоx ба кор ҳозир нашудан, додани
кафолатҳои иловагӣ барои занону xавонон, ки ҳисобкунии
андозаи музди миёнаи меҳнатро талаб менамоянд

9. Музди миёнаи якрeзаи меҳнат дар ҳолати пардохти кафолатнок, ҳангоми иxрои вазифаҳои давлатӣ ё xамъиятӣ, истеҳсоли маҳсулоти ноқис, бо назардошти дараxаи зарар ва бекористи на бо айби корманд, ҳангоми ноилоx ҳозир нашудан ба кор ва дар дигар ҳолатҳо (uайр аз пардохти рухсатиҳо, ҳисоб кардани нафақа ва кeмакпулиҳо) бо роҳи тақсим кардани маблаuҳои воқеии ҳисобшуда дар 3 моҳи тақвимии ҳолати мушаххаси қаблии вақти пардохт ба корманд дар ин ҳолатҳо (аз санаи 1 то 1 моҳи дигар) ва ба коэффитсиенти теъдоди миёнаи якмоҳаи рeзҳои корӣ бо назардошти давомнокии мeътадил ё кeтоҳи вақти корие, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, муайян карда мешавад.
10. Барои муайян намудани музди миёнаи якрeзаи меҳнат дар ҳолати давомнокии вақти кории мeътадил (40 соат дар як ҳафта) ҳангоми ҳафтаи кории шашрeза коэффитсиенти 25,0 - ҳисоби миёнаи рeзҳои кории якмоҳа ва ҳангоми ҳафтаи кории панxрeза коэффитсиенти 20,6 - теъдоди миёнаи рeзҳои корӣ дар як моҳ истифода карда мешавад. Ҳисоби музди миёнаи меҳнат дар ин давра бо роҳи зарб задани музди миёнаи меҳнати якрeза ба теъдоди рeзҳои кории ҳисобшаванда амали мегардад.
11. Ҳангоми баҳисобгирии xамъбастии вақти корӣ, музди миёнаи меҳнат дар асоси музди меҳнати соатбайъ ҳисоб карда мешавад. Барои он ки маблаuи пардохт муайян карда шавад, бояд музди меҳнати ҳисобкардашудаи давраи ҳисоботӣ (меъёрҳои тарифии моҳона, маош) ба фонди вақти кории миёнаи якмоҳа, ки ба 165,0 соат дар як моҳ баробар аст, тақсим карда шавад ва маблаuи музди меҳнати миёнаи соати ҳосилшуда ба миқдори соатҳои воқеии дар ин давра коркардашуда зарб зада шавад.
12. Азнавҳисобкунии меъёрҳои тарифии (маошҳо) соатбайъ ҳангоми ҳафтаи кории 35 - соата бо роҳи тақсим намудани фонди вақти кории миёнаи якмоҳа ба коэффитсиенти дахлдорӣ 1,14 (40:35), инчунин барои дигар низомҳои (16, 18 ва 24 соата) ҳафтаи корие, ки мувофиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, анxом дода мешавад.
13. Маблаuи умумии музди миёнаи меҳнат бо роҳи зарб задани музди миёнаи меҳнати якрeза ё яксоата ба шумораи рузҳо ё соатҳои кории корманди мазкур, ки тибқи ҷадвали (реҷаи) корӣ дар фосилаи ваќте, ки бояд пардохта шавад, муайян мегардад.

IV. Пардохти кeмакпулиҳои суuуртаи иxтимоии давлатӣ, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва кўмакпулӣ
 барои ҳомиладорӣ ва таваллуд

14. Музди миёнаи якрeзаи меҳнат барои ҳисоб кардани кeмакпулb барои корношоямии муваққатb бо роҳи тақсими музди меҳнати моҳона ба ҳамаи рeзҳои кории моҳи корношоямb муайян карда мешавад. Вобаста ба андозаи кeмакпулии марбута бо ҳисоби фоиз нисбат ба музди меҳнати моҳона (аз 60 то 100 фоиз) кeмакпулии рeзона бо роҳи зарб задан ба теъдоди рeзҳои корие, ки дар ҳамин моҳ дар натиxаи корношоямb аз даст дода шудаанд, муайян карда мешавад. (RҲXТ №349 аз 30.06.12с.)
15. Барои кормандони дорои низоми мукофотии музди меҳнат, ҳисобкунии музди меҳнати моҳона барои пардохти вақти корношоямии муваққатb аз ҳисоби музди меҳнати моҳонаи се моҳи пурраи корb пеш аз корношоямии муваққатии корманд анxом дода мешавад. Ба кормандоне, ки вақти кории онҳоро ба ҳисоб гирифтан uайриимкон аст, (онҳое, ки корро дар хона мекунанд, тайёркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, кироякорони шахсони алоҳида ва uайра) кeмакпули вобаста ба корношоямии муваққатӣ, аз ҳисоби музди меҳнат дар 12 моҳи охири кор, вобаста ба маблаuи пардохташудаи аъзоҳаққии иxтимоӣ ҳисоби карда мешавад. (RҲXТ №349 аз 30.06.12с.)
16. Барои ҳисобкунии кeмакпули барои корношоямии муваққатӣ, (ҳомиладорӣ ва таваллуд), музди меҳнати воқеии ҳисобкардашуда бо маблаuи на зиёда аз маоши вазифавии дукарата ё меъёри тарифии дукарата истифода бурда мешавад. Ҳамин маҳдудият дар ҳолати маъюбии меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, ки дар ин мавридҳо кeмакпулӣ ба андозаи музди миёнаи меҳнати воқеӣ, бидуни маҳдудияти маблаuи маоши дукарата (меъёрҳои тарифӣ) дода мешавад, ба назар гирифта намешавад.
17. Музди миёнаи меҳнати якрeза барои ҳисоб кардани кeмакпули барои ҳомиладори ва таваллуд бо роҳи тақсими ҳамаи маблаuҳои воқеии ҳисобкардашуда барои давраи 3 моҳ ё аз лаҳзаи баландшавии охирини маошҳои вазифавии амалкунанда (меъёрҳои тарифӣ) ба ҳамаи рeзҳои кории моҳи корношоямӣ то пешниҳоди ба рухсати барои ҳомиладорӣ ва таваллуд рафтани коргарзан (аз рeзе, ки пардохти музди миёнаи меҳнат ҳисоби шудааст) ва пас аз он ба миқдори рeзҳои тақвими корношоями дода шуда, ки онро муассисаи тиббӣ муқаррар менамояд (аз 70 то 180 рўзи тақвимӣ) зарб зада мешавад.
18. Ҳангоми ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои ҳисоби кeмакпулиҳо ҳамаи намудҳои пардохти музди меҳнат, ки дар банди 20 Rоидаҳои мазкур пешбини шудаанд, ҳам аз xойи кори асосӣ ва ҳам аз ду xойи корӣ, инчунин маблаuҳои подоши ҳаққи қалами муаллиф ва маблаuҳои мукофотпулиҳо аз шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ барои муддат ё кори муайян, дар сурате, ки аз онҳо ҳаққи суuурта ситонида шудаст, ба назар гирифта мешаванд.
19. Давраҳои корношоямии муваққатӣ ё рухсати барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ҳангоми ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат ба инобат гирифта намешаванд.

V. Қоидаҳои умумӣ барои тамоми ҳолатҳое, ки ба
пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд

20. Ҳангоми ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат пардохтҳое, ки аз онҳо андози иxтимоӣ ситонида мешавад ва ба буxети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба ҳисоб гирифта мешаванд, яъне:
а) музди меҳнати асосӣ, ки тибқи шартномаи (қарордоди) коллективӣ, инфиродӣ, бо меъёрҳои тарифӣ, маоши вазифавӣ ё музди корбайъ, муайян карда шудааст;
б) нигоҳдории кафолатноки музди меҳнат ҳангоми ба кори дигар гузаронидан, таuйири макон бо сабаби қабул ё гузаштан ба кори дар маҳали дигар воқеъбуда, ҳангоми сафари хизматӣ, дар рухсатии меҳнати будан, иxро намудани вазифаҳои давлатӣ ва xамъиятӣ;
- пардохти музди меҳнат ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти ноқис ва бекористи на бо айби корманд, вақти ноилоx ҳозир нашудан ба кор;
- музди меҳнати ҳангоми таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ (курсҳо) нигоҳдошташаванда ва ба занҳо дар давраи танаффусҳо барои маконидани тифл нигоҳдошташаванда;
в) иловапулиҳо:
- барои тахассус, дараxа, рутбаҳои тахассусӣ, унвони илмӣ, донистани забони хориxӣ, барои собиқаи хизмат, фарқияти байнидараxавӣ, иxрои корҳои махсусан муҳим, шахси ва дар дигар ҳолатҳо;
- барои баланд бардоштани самаранокии меҳнат, (барои иxрои вазифаҳои корманди ҳозирнабуда дар муддати давомнокии рeзи кории муқаррарӣ, барои хизматрасонии якчанд дастгоҳ, барои иxрои ду вазифа, касб, барои васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаxми корҳои иxрошаванда), барои роҳбари ба ҳайат, таxрибаомeзии истеҳсолӣ барои омeзонидани шогирдон дар истеҳсолот;
- барои кор ҳангоми риоя накардани низоми мeътадили вақти корӣ (барои кори зиёда аз вақти муқаррарӣ ва кори шабона, барои кор дар рeзҳои ид ва истироҳат);
- иловапулиҳо ба кормандони меъёри кориашон корбайъ, ҳангоми таuйири шароити мeътадили меҳнат (дар мавридҳое, ки агар иxро нагардидани меъёри коркарди маҳсулот дар ҳолати таuйирёбии шароити истеҳсолот нисбати он шароите, ки бо дарназардошти он меъёр муқаррар карда шуда буд, ба амал омада бошад);
- барои кор ҳангоми риоя накардани шароити мeътадили меҳнат (барои корҳои вазнин ва зарарнок, шароити меҳнати махсусан вазнин ва махсусан зарарнок дар ноҳияҳо ва маҳалҳои дорои шароити номусоиди табиию иқлимӣ ва маишии меҳнат);
г) тамоми намуди мукофотҳои тибқи низомномаи музди меҳнат ва низомнома дар бораи мукофотони пешбинигардида ва дар ҳамин корхона, муассиса, ташкилот тасдиқшуда ё мувофиқи шартномаи (созишномаи) колективӣ тасдиқгардида.
21. Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнат инҳо ба ҳисоб гирифта намешаванд:
а) пардохтҳое, ки берун аз манбаъҳои фонди музди меҳнат (барои мусоидат дар xори намудани ихтироот ва пешниҳодҳои навоварӣ), пардохти стипендияҳое, ки корхона барои донишxeён ва аспирантҳои xудо аз истеҳсолот ба таҳсил фиристодашуда медиҳад, кeмакпулиҳо барои хeроки нисфирeзӣ, арзиши роҳхатҳо барои табобат дар осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо аз ҳисоби Фонди рушди иxтимоӣ (фонди истеъмолот);
б) ҳамаи намудҳои подошҳои иловагии дорои хусусияти яквақта (иxрои супоришҳои алоҳидае, ки ба доираи вазифаҳои муқаррарии корманд дохил намешаванд, мукофотпулиҳо, подошҳои яквақтаи дорои хусусияти ҳавасмандгардонӣ, ба муносибати xашнҳои шахсӣ, кeмакпули ҳангоми озодшави аз вазифа, кeмакпулиҳои ҳавасмандгардонии моддӣ, мукофотҳои пулӣ барои ишuоли мақоми аввал дар озмунҳо ва uайра);
в) xубронпулиҳо:
- ҳангоми дар сафари хизмати будан ва гузаштан ба кори дигар, ки ба xои хароxоти шабонарeзӣ, кирояи манзил ва роҳкиро пардохта мешаванд (маблаuҳои хароxот барои интиқол, пардохти кирояи меҳмонхона, роҳкиро, пардохт барои кашонидани амвол ва кирояи бино ҳангоми ба кори дигар гузаронидан ё гузаштан ба кори дар маҳали дигар воқеъбуда);
- арзиши манзилҳои ба таври ройгон додашуда, хизматрасонии коммуналӣ ва сeзишворӣ;
- барои рухсатии истифоданашуда, барои фарсудашавии асбоб, либоси махсус ва uайра;
г) кeмакпулиҳои аз суuуртаи иxтимоии давлатӣ пардохтшаванда;
д) музди меҳнати дар рeзҳои кории беподоши меҳнат, ки ба буxети дахлдор ё фондҳои хайрия гузаронида мешавад.
22. Мукофотҳо ва дигар пардохтҳои ҳавасмандкунии мувофиқи системаи музди меҳнат пешбинишуда аз рeи ҳисоби воқеӣ ва мукофотҳою подошҳои солона бошанд, ба андозаи 1/12 барои дар як моҳи давраи ҳисоботӣ дохил карда мешаванд.
23. Ҳангоми иxрои корҳои гуногунпардохт (корҳои таъмирӣ, якxокунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ ё иxрои вазифаи кормандони муваққатан дар кор ҳозир набуда ва uайраҳо) музди миёнаи меҳнат аз маблаuи умумии подош, ки бо ҳамаи намудҳои корҳои иxрошуда пардохт карда шудааст, ҳисоб карда мешавад.
24. Музди миёнаи меҳнат дар рeзи пардохти он ба корманд, ки дар давраи ҳисоботӣ меъёри муайяни вақти корӣ ва ҳаxми корро пурра иxро кардааст, боқи аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнати муқарраргардида паст набошад.
25. Ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат дар ноҳияҳое, ки коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон ва xойҳои беоб, коэффитсиентҳои ноҳияҳои баландкeҳ истифода карда мешаванд, бо дарназардошти коэффитсиентҳо барои ноҳияи мушаххас ва андозаи музди меҳнате, ки дар вақти ҳисобкунии музди миёна илова карда мешавад, анxом дода мешавад.
26. Ҳангоми пардохти музди миёнаи меҳнат аз маблаuҳои буxетӣ ва махсус (аз даромади фаъолияти хоxагидории онҳо бадастомада), ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат дар ҳама ҳолатҳое, ки ин Rоидаҳо пешбини намудаанд, аз ҳар ду сарчашмаҳои маблаuгузорӣ анxом дода мешавад, агар аз музди меҳнати кормандон андоз аз даромад ва аъзоҳаққии суuуртаи давлатии иxтимоӣ ситонида шуда бошанд.

Дополнительная информация