Қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 7.04.1994, № 157

ШЎРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

«Дар бораи тасдиқ намудани рўйхати корҳое, ки мўҳлати иҷроишашон барои категорияҳои алоҳидаи кормандони тиббии муассисаҳои тандурустӣба собиқаи корӣбарои  таъин намудани нафақа ба андозаи якунимкарата  ҳисоб карда мешавад»

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи   таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р   м е к у н а д:
Рўйхати корҳое, ки мўҳлати иҷроишашон барои категорияҳои алоҳидаи тиббии муассисаҳои тандурустӣба  собиқаи корӣбарои таъин намудани нафақа ба андозаи якунимкарата ҳисоб карда мешавад, тасдиқ карда шавад.

 Раиси Шўрои Вазирони                                                                                  А. Самадов
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Мудири Корҳои Шўрои                       
 Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                    Р. Мирзоев

ш. Душанбе
аз 7 апрели соли 1994, №157
        


Бо қарори Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 апрели соли 1994, №157
тасдиқ шудааст

РЎЙХАТИ
корҳое, ки мўҳлати иҷроишашон барои категорияҳои алоҳидаи кормандони тиббии муассисаҳои тандурустӣ ба собиқаи корӣ барои таъини нафақа ба андозаи якунимкарата ҳисоб карда мешавад

Номи корҳо

Номи вазифаҳо

Хадамоти патологоанатомии беморхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ

1. Ташреҳи патологоанатомии ҷасадҳо ва таҳқиқи гистологии маводҳои ҷасадӣ, узвҳои бофтаҳое, ки тавассути ҷарроҳӣва бионсӣ ба даст омадаанд.

2. Ширкат дар ташреҳҳои патолого-анатомӣ: коркарди маводҳои ҷасадӣ, ҷарроҳӣва бионсӣ.

пизишкон – патологоанатомҳо

ҳайати тиббии миёна ва хурд

Шўъбаҳо ва бахшҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣва ноҳиявии бюроҳо, экспертизаи судию тиббии байни ноҳияҳо

1. Ташреҳи судию тиббӣва таҳқиқи ҷасадҳо ва маводи ҷасадӣ.

2. Ширкат дар ташреҳ ва коркарди маводҳои ҷасадӣ

пизишкон – экспертҳои судию тиббӣ

ҳайати тиббии миёна ва хурд

   

Дополнительная информация