Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.03.2013, №91

ҲУКУМАТИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р

аз 2 марти соли 2013, № 91                                                              ш. Душанбе
 

Дар бораи Тартиби пардохти нафақа ба кўдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд

 
Мутобиқи моддаи 38 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р  м е к у н а д:
Тартиби пардохти нафақа ба кўдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).


             Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон
        Тоҷикистон

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 марти соли 2013, №91
 тасдиқ шудааст


ТАРТИБИ
пардохти нафақа ба кўдаконе, ки дар таъминоти
пурраи давлат мебошанд
 
1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 38 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, қоидаю шартҳои пардохти нафақа барои маҳрум шудан аз саробонро ба кўдакони ятим, кўдаконе, ки аз парастории волидайн маҳрум шуда, таҳти таъминоти пурраи давлат дар муассисаҳои таълимии системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – муассисаи таълимӣ) қарор доранд, муайян менамояд.

2. Қоидаҳои пардохти нафақа барои маҳрум
шудан аз саробон дар давраи будубоши кўдак
дар муассисаҳои таълимӣ

2. Бо мақсади ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини бехатарӣ ва ғуншавии маблағҳои пулии кўдакони то синни 18-солаи аз волидайн маҳрумшуда ва кўдакони модари (падари) яккаву танҳои фавтида (минбаъд – кўдакони ятими бекас), инчунин кўдаконе, ки аз парастории волидайн маҳрум шудаанд ва дар муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактаб-интернатҳо, хонаҳои кўдакон ва дигар муассисаҳои таҳти таъминоти пурраи давлатӣ қарор доранд ва гирандаи нафақа барои маҳрум шудан аз саробон мебошанд, пардохти нафақаи онҳо бо роҳи интиқоли ҳармоҳаи маблағи нафақа аз ҷониби сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дар маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ ба суратҳисоби депозитии дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» (минбаъд - Бонк) барои кўдак ба таври инфиродӣ кушодашуда, амалӣ карда мешавад.
3. Ба гурўҳи кўдаконе, ки аз парастории волидайн маҳрум шудаанд (ба ғайр аз кўдакони ятими бекас) ва гирандаи нафақа барои маҳрум шудан аз саробон мебошанд, кўдаконе дохил мешаванд, ки аз падар ва ё модар маҳруманд ва волидайни ягонаашон:
а) расман аз ҳуқуқҳои волидайнӣ маҳрум гаштааст;
б) бо ҳукми суд ва ё дар давраи тафтишот дар маҳбас аз озодӣ маҳрум мебошад;
в) аз ҷониби суд ғайри қобили амал дониста шудааст;
г) аз тарбияи кўдак ва ҳифзи ҳуқуқҳои ў саркашӣ менамояд.
4. Ба кўдаконе, ки дар муассисаҳои таълимӣ таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, васиён (парасторон) таъин намешаванд. Тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои ўҳдадориҳои васӣ (парастор) ба зиммаи роҳбарияти ин муассисаҳои таълимӣ вогузор мебошад.
5. Ўҳдадориҳо оид ба омодагӣ, ҷамъоварӣ ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъин ва пардохти нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба кўдакони дар муассисаҳои таълимӣ қарордошта ва кушодани суратҳисобҳои депозитии бонкӣ барои онҳо ба таври инфиродӣ, инчунин оид ба назорат аз рўи воридшавии маблағҳо ба суратҳисобҳои мазкур ба зиммаи маъмурияти муассисаи таълимӣ дар шахсияти шахси масъул оид ба таъмини нафақа вогузор карда мешавад.
6. Шахси масъул оид ба таъмини нафақа ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дар маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ ҳуҷҷатҳои барои таъин ва пардохти нафақа барои маҳрум шудан аз саробон заруриро пешниҳод менамояд.
7. Асноди нафақавӣ ва суратҳисоби депозитӣ ба номи кўдак дар асоси шаҳодатномаи таваллуд ба расмият дароварда мешавад.
8. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дар мўҳлати даҳ рўз муассисаи таълимиро оид ба таъин ё пардохти нафақа барои маҳрум шудан аз саробон огоҳ менамояд.
9. Дар ҳолатҳое, ки ба кўдакони ятими бекас, кўдакони аз парастории волидайн маҳрумшуда то ҷойгиркунӣ дар муассисаҳои таълимӣ васӣ (парастор) таъин гардида, кўдак дар ин муассиса таҳти таъмини нопурраи давлатӣ қарор гирифта бошад, пардохти нафақа ба васӣ (парастор) дар асосҳои умумӣ сурат мегирад.
10. Дар сурати ба кўдакон таъин шудани нафақа барои маҳрум шудан аз саробон то давраи ҷойгиркунии онҳо дар муассисаҳои таълимӣ, мақоми ваколатдор оид ба таъминоти нафақа дар асоси маълумоти муассисаҳои таълимӣ, асноди нафақавии кўдакони ятими бекас ва кўдакони аз парастории волидайн маҳрумшударо аз маҳалли истиқомати пешинаи онҳо дархост намуда, пардохти нафақаи онҳоро аз рўи талаботи Тартиби мазкур ба роҳ мемонад.
11. Суратҳисоби депозитӣ танҳо барои он кўдакони ятими бекас ва кўдакони аз парастории волидайн маҳрумшудае кушода мешавад, ки васии (парастори) онҳо муассисаи таълимӣ маҳсуб меёбад. Мўҳлати амали пасандоз то расидани кўдак ба синни 16-солагӣ муқаррар карда мешавад.
12. Суратҳисобҳои депозитӣ барои кўдакони ятими бекас ва кўдакони аз парастории волидайн маҳрумшуда дар Бонки дар маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ фаъолиятдошта кушода мешавад.
Ҳамзамон бо ин, муассисаи таълимӣ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақаро оид ба кушодани суратҳисоби депозитӣ, реквизитҳои бонкӣ, рақами суратҳисоб ва мўҳлати амали пасандоз, ки ба суратҳисоби шахсии гирандаи нафақа ворид карда мешаванд, огоҳ менамояд.
13. Маблағҳои нафақаи ҳармоҳа ба суратҳисоби депозитии кўдакони беволидайн (ятимони якка) воридшуда бо тартиби муқарраргардида дар бонкҳо бо шарти фоизнокӣ гузошта мешаванд.
14. Ҳангоми гузаронидани кўдак аз як муассисаи таълимӣ ба муассисаи таълимии дигар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди нафақавии ў ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа дар маҳалли нави ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ гузаронида мешавад. Маблағҳои нафақаи мутааллиқ ба кўдак ба суратҳисоби депозитии қаблан кушодашуда гузаронида мешаванд.
15. Шахси масъул оид ба таъмини нафақаи муассисаи таълимии пештара вазифадор мебошад, ки мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақаро аз гузаронидани кўдак ба муассисаи таълимии дигар хабардор намояд. Асноди нафақавии кўдак бошад, аз қайд бароварда шуда, ба воситаи шахси ўро ба        муассисаи таълимии дар маҳалли дигар ҷойгирбуда роҳбаладикунанда ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақаи ин маҳал дастрас карда мешавад. Назоратро оид ба ворид гардидани маблағи нафақа ба суратҳисоби депозитӣ муассисаи таълимие, ки дар он кўдак ҷойгир карда шудааст, амалӣ менамояд.
16. Баъд аз хатми таҳсил, вале на пештар аз расидани кўдак ба синни 16-солагӣ ва гирифтани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, кўдакони ятими бекас ва кўдакони аз парастории волидайн маҳрумшудаи таҳти таъминоти пурраи давлат қарордошта ҳуқуқ доранд, ки аз суратҳисоби депозитиашон маблағи нафақаи дар давраи будубош дар муассисаҳои таълимӣ ғуншударо гиранд. Пардохти маблағи нафақа ба кўдак аз Бонк дар ҳузури шахси аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ ваколатдодашуда анҷом дода мешавад.
17. Дар сурати бо ягон сабаб пеш аз мўҳлат аз қайди муассисаи таълимӣ баровардани кўдак (ба писархондӣ ё духтархондӣ гирифтан ва ғайра) то хатми таълим ва расидан то ба синни 16-солагӣ интиқоли маблағи нафақа ба суратҳисоби депозитии бонкӣ қатъ мегардад ва пардохти нафақаи ў бо тартиби умумии муқарраршуда сурат мегирад. Дар ин маврид маблағҳои дар суратҳисоби кўдак ғуншуда, ки  дар Бонк нигоҳ дошта шудаанд, баъди расидан ба синни 16-солагӣ ба ў пардохт карда мешаванд.
18. Пардохти маблағҳои нафақа ба кўдак дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ў ва бе боздошти фоизҳо барои хизматрасонии бонкӣ сурат мегирад.
19. Интиқоли маблағҳои нафақаҳо барои маҳрум шудан аз саробон ба кўдакони ятими бекас ва кўдакони  аз парастории волидайн маҳрумшуда аз мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа ба суратҳисобҳои депозитии онҳо дар Бонк аз рўи тартиби бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида амалӣ карда мешавад.
20. Барои пардохти нафақа бо роҳи интиқоли он ба суратҳисобҳои депозитӣ, дар Бонк рўйхати гирандагони нафақа барои маҳрум шудан аз саробон тартиб дода мешавад. Рўйхатҳои мазкур ҳармоҳа аниқ шуда, дар мўҳлати то санаи 25 моҳи ҳисоботӣ маълумот оид ба тағйир ёфтани (қабул кардан ё рафтани) теъдоди кўдаконе, ки васиашон (парасторашон) муассисаи таълимӣ мебошад, ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа супорида мешаванд.
Дар сурати то санаи 25 моҳи ҳисоботӣ тағйир наёфтани теъдоди кўдакони дар муассисаи таълимӣ ҷойдошта низ муассиса вазифадор аст, ки то ин сана мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақаро огоҳ намояд. Маълумот оид ба тағйир ёфтани рўйхат, аз ҷумла оид ба теъдоди пештараи кўдакон бо имзои роҳбар ва сармуҳосиби муассисаи таълимӣ ва мўҳри муассиса тасдиқ карда мешавад.
21. Бо мақсади сари вақт қатъ намудани пардохти нафақа барои маҳрум шудан аз саробон мавриди аз муассисаи таълимӣ рафтани кўдак ва ё фавти ў роҳбарияти муассисаи мазкур ўҳдадор мебошад, ки дар мўҳлати на дертар аз панҷ рўз ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа оид ба сана ва сабабҳои аз қайд баровардани кўдак хабар диҳад.
22. Дар сурати фавти кўдаки ятими бекас ва ё кўдаки аз парастории волидайн маҳрумшуда дар муассисаи таълимӣ, инчунин набудани шахсоне, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани маблағи нафақаи дар суратҳисоби депозитии ў ғуншуда ҳуқуқ доранд, ин гуна маблағҳо бо тартиби муқарраршуда ба суратҳисоби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақа бозпас баргардонида мешаванд.

Дополнительная информация