Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2012, №543
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р
аз 2 октябри соли 2012, №543 ш. Душанбе
Дар бораи Номгўи нишондодҳои тиббие,
ки ба кўдакони маъюби то 18-сола ҳуқуқи
гирифтани нафақаи иҷтимоӣ медиҳанд
Мутобиқи моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
1. Номгўи нишондодҳои тиббие, ки ба кўдакони маъюби то 18-сола ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ медиҳанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарорҳои Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1994, №155 «Дар бораи тасдиқ намудан рўйхати нишондиҳандаҳои тиббие, ки ба гирифтани нафақаи иҷтимоӣ барои фарзандони аз кўдакӣ маъюби то 16-сола ҳуқуқ медиҳанд» беэътибор дониста шаванд.
3. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикистон