Қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016, №371

Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
ҚАРОР

аз 23 августи соли 2016, №371                                               ш. Душанбе

Дар бораи Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне,
ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд

Мутобиқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р  м е к у н а д:
Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
 

                    Раиси
        Ҳукумати Ҷумҳурии
               Тоҷикистон


Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 августи соли 2016, №371
тасдиқ  шудааст

Тартиби
пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои
давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар
таъминоти пурраи давлат мебошанд

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур қоидаҳои пардохти нафақа ва истифодаи маблағҳои нафақаро дар давраи будубоши нафақагир дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоии (минбаъд - муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ) системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Пардохти нафақа дар давраи будубоши нафақагир
 дар муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ барои
пиронсолон ва маъюбон

2. Ҳангоми ба расмият даровардани ҷойгиркунии нафақагир дар муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ маъмурияти он вазифадор аст, ки дар муҳлати на зиёдтар аз панҷ рўз дар ин хусус сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳали ҷойгиршавии муассисаи мазкурро расман огоҳ намояд.
3. Сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳали ҷойгиршавии муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ баъд аз гирифтани огоҳинома дар муҳлати на дертар аз се рўз аз сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа, ки дар он ҷо нафақагир ба қайд гирифта шудааст, ҳуҷҷатҳои нафақавиашро дархост менамояд.
 4. Баъди дастрас шудани ҳуҷҷатҳои нафақавӣ сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳали ҷойгиршавии муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ онро ба қайд мегирад ва пардохти нафақаи нафақагирро дар давраи будубошаш дар муассисаи мазкур амалӣ менамояд.
5. Ба шахсоне, ки бошандагони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ мебошанд ва ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ доранд, нафақа ҳармоҳа ба андозаи 20 фоизи нафақаи таъиншуда, вале на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида пардохт карда мешавад.
6. Ба шахсоне, ки бошандагони муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ мебошанд ва ба нафақаи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд, нафақа ҳар моҳ ба андозаи 10 фоизи нафақаи таъиншуда, вале на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида пардохт карда мешавад.
7. Пардохти нафақа ба нафақагироне, ки бошандаи муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ мебошанд, тавассути филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар маҳали ҷойгиршавии чунин муассисаҳо аз рўи меъёрҳои бо ҳамин Тартиб муқарраршуда амалӣ карда мешавад.

3. Пардохти нафақа дар давраи будубоши
нафақагир дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ
барои беморони руҳӣ

8. Ҳангоми ба расмият даровардани ҷойгиркунии нафақагир дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои беморони руҳӣ маъмурияти он вазифадор аст, ки дар муҳлати на зиёда аз панҷ рўз сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳали ҷойгиршавии муассисаи мазкурро дар ин хусус расман огоҳ намояд.  
9. Пардохти маблағи нафақаи нафақагироне, ки дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои беморони руҳӣ ҷойгир карда шудаанд, аз ҷониби сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳали ҷойгиршавии муассисаҳо тавассути интиқол додани он ба андозаи бо Тартиби мазкур муайяншуда ба ҳисоби депозитии муассиса, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон васӣ маҳсуб меёбад, амалӣ карда мешавад.
10. Маблағҳои нафақа, ки ба ҳисоби депозитии муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ворид мегарданд, дар асоси қарори Комиссияи васоят (минбаъд - Комиссия), ки аз ҷониби директори муассиса аз ҳисоби намояндаҳои маъмурияту муҳосибот ва кумитаи иттифоқи касаба таъсис дода мешавад, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахсии нафақагирон истифода бурда мешавад. Раиси Комиссия роҳбари муассиса мебошад.
11. Ба доираи вазифаҳои Комиссия инҳо дохил мешавад:
- ҳармоҳа тартиб додани рўйхати молу маҳсулот барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахсии нафақагирон;
- расман муқаррар намудани шахси (шахсони) масъул барои харидории молу маҳсулот ва расонидани он ба нафақагирон.
12. Қарори Комиссия бо протокол ба расмият дароварда мешавад. Протоколҳо бо имзои директор ва сармуҳосиби муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ ва мўҳри он тасдиқ гардида, дар китоби алоҳида қайд шуда, варақаҳои он дўхта ва рақамгузорӣ мешаванд.
13. Истифодабарии маблағҳои нафақавие, ки дар ҳисоби депозитии муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ мебошанд, бо  қарори Комиссия аз ҷониби муҳосиботи он бо тартиби муқарраршуда амалӣ мегардад.  
14. Хариди молу маҳсулот барои эҳтиёҷоти шахсии нафақагирон бо санаде, ки ба он супоришномаҳои пулӣ, чекҳо, ҳисобномаҳо – борхатҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои молиявӣ замима мегарданд, тасдиқ карда мешавад.  
15. Оид ба дастрас гардонидани молу маҳсулоти ба муассисаи давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ воридгардида ба нафақагирон аз тарафи шахсони масъул санади алоҳида тартиб дода шуда, он бо имзои директори муассисаи мазкур тасдиқ карда мешавад.
16. Маблағхое, ки аз сохтори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа тавассути филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ ворид мегарданд, дар китоби «Даромади хазина» ба қайд гирифта шуда, дар он барои ҳар як нафақагир дар алоҳидагӣ варақаи ҳисоб кушода мешавад.
17. Дар асоси қарори Комиссия ба варақаҳои ҳисоб сабтҳо дар бораи беэътибор дониста шудани маблағҳои масрафгардида ворид карда шуда, бақияи маблағҳои истифоданашуда нишон дода мешавад.

Дополнительная информация