Қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 24.01.1994, №25

ШЎРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

«Дар бораи тасдиқи Рўйхати категорияҳои кормандоне, ки вақти кориашон соатбайъ нест»
(дар таҳрири қарори Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон аз 30.12.2009, №713)


Тибқи моддаи 71 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р   м е к у н а д:
1. Рўйхати категорияҳои кормандоне, ки бо сабаби соатбайъ набудани вақти кориашон барои ҳисоб карда баровардани нафақа на бештар аз андозаи чоркаратаи музди меҳнати ҳадди ақал ба ҳисоб гирифта мешавад, тасдиқ карда шавад (Рўйхати мазкур замима мегардад).
2. Ин қарор аз 1 январи соли 1994 дар амал татбиқ карда шавад.

Раиси Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  А. Самадов

Мудири Корҳои Шўрои
Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                  Р. Мирзоев

аз 24 январи соли 1994, №25
ш. Душанбе


Бо қарори Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 январи соли 1994, №25
тасдиқ карда шудааст


РЎЙХАТИ
Категорияҳои кормандоне, ки бо сабаби соатбайъ набудани вақти кориашон барои ҳисоб карда баровардани нафақа на бештар аз андозаи чоркаратаи музди меҳнати ҳадди ақал ба ҳисоб гирифта мешавад


1. Захиракунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хоми муштак ва дигар намудҳои ашёи хом .
2. Фурўшандагоне, ки доимо бо савдои сайёр машғул мебошанд.
3. Кормандони корхонаҳои суратгирӣ, ки бо корҳои сайёр машғул мебошанд.
4. Ташкилкунандагони сайёҳатҳо (экскурсияҳо).
5. Фурўшандагони ғайриштатии билетҳои театр.
6. Ташкилкунандагони ғайриштатии намоишҳои концертию цирк.
7. Агентҳои ғайриштатии суғурта.
8. Кормандоне, ки барои фурўши абонементҳо ва билетҳои мавсимӣ дар корхонаҳо ва муассисаҳои нақлиёти мусофиркашонии шаҳрӣ ба кор қабул карда мешаванд.
9. Кормандони коллективҳое, ки дар онҳо тибқи қонунгузории ҷорӣ низоми вақти кории аз ҷониби давлат муқарраршуда риоя намешавад (пудратӣ оилавӣ, кооперативҳо, иҷоракории инфиродӣ (гурўҳӣ) ва ғайра.
10. Шахсоне, ки бо кор дар хона машғуланд (ба ғайр аз маъюбони гурўҳи 1 ва 2).

 

Дополнительная информация