Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017, №34

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
аз 25 январи соли 2017, №34                                                        ш. Душанбе


Дар бораи Тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои
 суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои
оилаионҳо ва чорабиниҳои  солимгардонию
пешгирикунанда дар корхонаҳо

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р  м е к у н а д:
1. Андоза ва тартиби хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, корхонаю, муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, дар муҳлати як моҳ бақияи маблағҳои ба ҳолати 1 январи соли 2017 истифоданашудаи суғуртаи давлатии иҷтимоии барои табобати санаторию курортӣ, истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда ба андозаи 1,4 фоиз равонагардидаро, ки аз арзиши 1 (як) роҳхат ба санаторияҳо, курортҳо ва истироҳатгоҳҳои дохили ҷумҳурӣ зиёд мебошад, ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас гардонанд.
3. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад.

              Раиси
        Ҳукумати Ҷумҳурии                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон
               Тоҷикистон

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 январи соли 2017, №34
тасдиқ шудааст

Андоза
 ва тартиби хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати
кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои
солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» таҳия гардида, тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоиро барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда (профилактикӣ) дар корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликияташон (минбаъд – корхонаҳо) муайян менамояд.
2. Меъёри хароҷоти маблағи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо ба андозаи 1,4 фоизи маблағи андози иҷтимоии воқеан ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохтгардида, ки ба андозаи 25 фоиз дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, муқаррар карда мешавад.
3. Корхонаҳо барои хароҷоти маблағҳои пешбининамудаи банди 2 Тартиби мазкур ҳисоби алоҳида мебаранд.
4. Аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар корхонаҳо чорабиниҳои зерин гузаронида мешаванд:
- харидории роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо,  истироҳатгоҳҳо ва муассисаҳои солимгардонию пешгирии бемориҳо барои кормандон;
- харидории роҳхатҳо ба лагерҳои кўдаконаи тобистона барои фарзандони кормандон.
5. Маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ки дар корхонаҳо барои ташкили табобати санаторию курортӣ, истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, гузаронидани чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда хароҷот шудаанд, ҳамчун маблағҳои воқеан ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ воридгардида ҳисобида мешаванд.

2. Ташкили табобати санаторию курортӣ ва
истироҳат барои кормандон ва аъзои оилаи онҳо

6. Ташкили чорабиниҳо оид ба табобати санаторию курортӣ ва истироҳат барои  кормандон ва аъзои оилаи онҳо бевосита дар корхонаҳо аз ҷониби кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон таъмин карда мешавад.
7. Ба табобати санаторию курортӣ ва истироҳат аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кормандоне, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд ва барои онҳо корфармо саҳмҳои суғуртавиро ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ пардохт намудааст, инчунин аъзои оилаи онҳо, ҳуқуқ доранд.
8. Аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ харидории роҳхатҳо барои кормандон ё аъзои оилаи онҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои тобистонаи кўдаконаи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда, ки иҷозатнома ва сертификати мутобиқат барои фаъолияти худ доранд, иҷозат дода мешавад.  
9. Маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоие, ки аз ҷониби корхонаҳо барои харидории роҳхатҳо барои кормандон ё аъзои оилаи онҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кўдакона, муассисаҳои солимгардонию пешгирикунандаи дар қаламрави дигар давлатҳо ҷойгиршуда, инчунин ба муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодагардида, ки дорои иҷозатнома ва сертификати дахлдор барои фаъолияти худ намебошанд, барои ҳисоббаробаркунӣ қабул карда намешаванд.

3. Харидорӣ ва тақсимоти роҳхатҳои
санаторияҳо, курортҳо ва лагерҳои тобистонаи
кўдакона дар корхонаҳо

10. Кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандони корхона аввали ҳар сол, бо дарназардошти теъдоди кормандон ва аъзои оилаи онҳо, нақшаи солонаи ба семоҳаҳо тақсимшударо оид ба харидорӣ ва тақсимоти роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои тобистонаи кўдакона тартиб медиҳад.
11. Роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кўдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда ба кормандон дар ду сол як маротиба дар асоси аризаи пешниҳодкардаи онҳо, бо замима намудани хулосаи муассисаи ваколатдори тиббӣ ва риояи навбат бо пардохт намудани 70 фоизи арзиши он, аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоии корхона ва 30 фоиз аз ҳисоби худи корманд, аз ҷониби кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандони корхона дода мешаванд.
12. Роҳхатҳо барои кормандон ба санаторияҳо, курортҳо ва истироҳатгоҳҳо ба муҳлати на зиёда аз 12 рўз дода мешаванд. Роҳхатҳо ба лагерҳои тобистонаи кўдакона бошанд, барои фарзандони кормандон, ки синнашон аз 7 то 14-сола мебошанд, ба муҳлати на зиёда аз 15 рўз дода мешаванд.
13. Роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кўдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда аз ҷониби кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандони корхона бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти ваколатдор оид ба паҳн намудани онҳо харидорӣ карда мешаванд.

Дополнительная информация