Қарори Шӯрои Олии ҶТ аз 25.06.1993, №797

ҚАРОРИ
ШЎРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси тартиби амалӣ гардонидани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи
 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р  м е к у н а д:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 январи соли 1994 мавриди амалӣ гардонида шавад.
2. Бинобар афзудани арзиши зиндагӣ ва баланд гаштани андозаи пардохти меҳнат, ҳамаи намудҳои нафақа, ки то амалӣ гаштани ҳамин Қонун таъин шудаанд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ҳисобу китоб карда шаванд.
3. Дар давраи то 1 июли соли 1995 андозаи зиёдтарини нафақа аз рўи синну сол, дар сурати доштани собиқаи корӣ умумӣ, ки барои таъини нафақаи пурра баробар аст, инчунин андозаи зиёдтарини нафақаи маъюбони гурўҳи 1 ва 2 дар ҳадди ду нафақаи камтарин; нафақаи маъюбони гурўҳи 3 ва нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба ҳар як аъзои корношоями оила, ба ғайр аз кўдаконе, ки падару модарро гумм кардаанд ва модари яккаю танҳояшон фавтидааст, дар ҳадди нафақаи камтарин аз рўи синну сол; нафақа аз рўи синну сол барои кор дар шароити басо зараровар ва басо вазнини меҳнат (рўйхати 1) ва нафақаҳое, ки барои хизмати дарозмуддат ба кормандони ҳавонавардӣ ва ҳайати парвозу озмоишгарон таъин карда мешавад, дар ҳадди андозаи дуюним нафақаи камтарин аз рўи синну сол муайян карда мешавад. Ин маҳдудиятҳо бидуни назардошти иловапулии бо Қонун пешбинишуда муқаррар карда мешаванд. Ба маъюбон ва иштирокчиёни ҷанг нафақа бе маҳдудият пардохта мешавад.
4. Нафақаҳое, ки пештар барои хизмати дарозмуддат ба кормандони маориф ва тандурустӣ барои занон аз 50-солагӣ ва барои мардон аз 55-солагӣ таъин шуда буданд, ба андозаи нафақаи ҳадди ақал аз рўи синну сол муқаррар карда шаванд.
5. Тарифи пардохти ҳаққи суғуртаи иҷтимоиро барои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва шаҳрвандони соҳибкор, инчунин маблағи пардохти ҳатмии шаҳрвандони коркунандаро ба Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
6. Фонди нафақа, Вазорати таъминоти иҷтимоӣ, Вазорати молия, Вазорати иқтисод, Вазорати адлия, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ механизми баҳисобгирии пардохти нимаи ҳатмии шаҳрвандони кор мекардагиро ҳангоми ҳисоб кардани нафақа муайян кунанд.
7. Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо ва ташкилотҳои он аз пардохти ҳама гуна андоз, пардохти ҳатмӣ ва боҷҳо, аз ҷумла боҷи давлатӣ, инчунин аз пардохт барои хизматрасонии банкҳои давлатию тиҷоратӣ аз рўи хизматрасонии кассавии иҷрои фонди буҷет озод карда шаванд.
8. Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:
то 1 октябри соли 1993 оид ба масъалаҳое, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба салоҳияти Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, қарорҳо қабул намояд;
то 1 январи соли 1994 рўйхати истеҳсолот, цехҳо, ихтисосҳо ва нишондиҳандаҳоеро, к ба гирифтани нафақа барои кори шароити меҳнаташ зарарнок ҳуқуқ медиҳанд, феҳристи нафақаҳоро барои хизмати дарозмуддат ва корҳои мавсимӣ дар ҷумҳурӣ таҳия карда, тасдиқ намояд;
санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ кунонад ва аз ҷониби вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида баромадани тағйир додани қарорҳояшонро, ки ба ин Қонун ихтилоф доранд, таъмин намоянд;
барои амалӣ гаштани замонати ҳимояи иҷтимоӣ ва беҳбуди шароити зиндагии ветеранҳо, маъюбон, камбизоатону модарони сефарзанд тадбирҳои иловагӣ андешанд;
оиди ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки амалиётҳои мусаллаҳона барои муҳофизати сохти Конститутционии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кардаанд (дар солҳои 1992-1993), инчунин аъзоёни оилаи шахсоне, ки дар амалиёти нишондода дар натиҷаи ярадорӣ, контузия, ё ин ки маҷруҳӣ ҳалок ё ин ки вафот ёфтаанд, қарор қабул карда шавад.
9. Муқаррар гардад, ки то аз тарафи Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудани Рўйхати истеҳсолот, кор, ихтисос, вазифа ва нишондиҳандаҳое, ки барои таъмини нафақаи имтиёзнок ҳуқуқ медиҳанд, ҳамон Рўйхатҳое амал мекунанд, ки бо қарори Девони Вазирони ИҶШС аз 26 январи соли 1991, №10, инчунин тағйироту иловаҳои он тасдиқ шуда буданд.
10. Ба Вазорати таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад, ки дар бораи тартиби татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» шарҳу эзоҳ диҳад, ки онҳо барои ҳамаи корхонаю ташкилотҳои воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошанд.


   Раиси Шўрои Олии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                        Э. Раҳмонов

25 июни соли 1993, №797
ш. Душанбе

Дополнительная информация