Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2015, №588

ҲУКУМАТИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р
аз 25 сентябри соли 2015, №588                                        ш. Душанбе

Дар бораи Тартиби индексатсияи нафақаҳо
ва сармояи шартии нафақавӣ

Мутобиқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р  м е к у н а д:
1. Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013, №343 «Дар бораи Дастурамал оид ба тартиби индексатсияи нафақаҳои суғуртавӣ ва меҳнатӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.
3. Қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад.


          Раиси
        Ҳукумати Ҷумҳурии
               Тоҷикистон


Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 сентябри соли 2015, №588 тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ
индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби мазкур мутобиқи қисми 3 моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таҳия гардида, тартиби индексатсияи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаҳои меҳнатӣ (бе назардошти иловапулию пардохтҳои иловагӣ) ва сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташударо муайян менамояд.
2. Барои индексатсияҳои нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ нишондиҳандаҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба омор, ки дар нашрияҳои расмӣ интишор мегарданд, истифода карда мешаванд.
3. Индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ аз ҷониби сохтори дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа амалӣ карда мешавад.
4. Маблағгузории хароҷот барои гузаронидани  индексатсияи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаҳои меҳнатӣ ва сармояи шартии нафақавӣ аз ҳисоби маблағҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа анҷом дода мешавад.   
5. Индексатсияи нафақаҳо, сармояи шартии нафақавӣ ва муайян намудани фоизи индексатсия дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. ТАРТИБИ ИНДЕКСАТСИЯИ НАФАҚАҲО

6. Индексатсияи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ ва нафақаҳои меҳнатӣ ҳар сол як маротиба мутобиқи сатҳи индекси нархҳои истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ дар соли молиявии гузашта амалӣ карда мешавад.
7. Индексатсияи нафақаҳои меҳнатӣ аз соли 2018 шурўъ карда мешавад.
8. Индексатсия нисбати қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ ва нафақаҳои меҳнатие татбиқ карда мешавад, ки андозаи онҳо то 15-каратаи нафақаи заминавии муқарраршударо ташкил менамояд.

3. ТАРТИБИ ИНДЕКСАТСИЯИ САРМОЯИ
ШАРТИИ НАФАҚАВӢ

9. Сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташуда, ки дар суратҳисоби инфиродии онҳо инъикос ёфтааст, ҳар сол як маротиба индексатсия карда мешавад.
10. Индексатсияи сармояи шартии нафақавии дар давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2013 ташаккулёфта мувофиқи нишондиҳандаи сатҳи афзоиши солонаи музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ, ки аз рўи маълумоти мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба омор дар ҷадвали зерин оварда шудааст, амалӣ карда мешавад:

Солҳо

Сатҳи афзоиши солонаи музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ, бо фоиз

1999

134,1

2000

150,9

2001

138,5

2002

137,1

2003

138,6

2004

135,2

2005

139,1

2006

140,4

2007

141,8

2008

122,8

2009

124,6

2010

124,7

2011

125,6

2012

125,1

 

11. Индексатсияи сармояи шартии нафақавии дар давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2013 ташаккулёфта аз соли 2014 мутобиқи сатҳи солонаи индекси нархҳои истеъмолӣ амалӣ карда мешавад.  
12. Сармояи шартии нафақавие, ки дар натиҷаи конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда барои давраи то 1 январи соли 1999 муайян карда шудааст, ба ҳолати 1 январи соли 2013 дар суратҳисоби инфиродии онҳо инъикос карда мешавад.
13. Саҳмҳои нафақавие, ки дар давоми соли муроҷиат барои таъини нафақаи суғуртавӣ ба суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда ворид гардидааст, индексатсия карда намешавад ва дар вақти ҳисоби нафақа маблағи воқеӣ ба инобат гирифта мешавад.
14. Индексатсияи сармояи шартии нафақавие, ки баъди 1 январи соли 2013 ба суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда ворид гардидааст, инчунин сармояи шартии нафақавии дар натиҷаи конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии онҳо бадастомада аз соли 2014 сар карда, ҳар сол дар асоси сатҳи солонаи индекси нархҳои истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.
15. Индексатсияи сармояи шартии нафақавӣ аз рўи меъёри соддаи фоизнокӣ амалӣ карда мешавад, яъне ҳангоми гузаронидани индексатсияи ҳарсола, сармояи шартии нафақавие индексатсия карда мешавад, ки дар соли молиявии дахлдор дар суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ташаккул ёфтааст.
16. Сармояи шартии нафақавии дар натиҷаи конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахси суғурташуда муайянкардашуда аз соли 2014 сар карда, ҳар сол бо тартиби пешбининамудаи банди 15 Тартиби мазкур аз рўи маблағи муайяншуда индексатсия карда мешавад.  
17. Мисоли шартии индексатсияи сармояи шартии нафақавии шахси суғурташуда ба Тартиби мазкур замима карда мешавад.

Дополнительная информация