Қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.09.2015, №588
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р
аз 25 сентябри соли 2015, №588 ш. Душанбе
Дар бораи Тартиби индексатсияи нафақаҳо
ва сармояи шартии нафақавӣ
Мутобиқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
1. Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013, №343 «Дар бораи Дастурамал оид ба тартиби индексатсияи нафақаҳои суғуртавӣ ва меҳнатӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.
3. Қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 сентябри соли 2015, №588 тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ
индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби мазкур мутобиқи қисми 3 моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таҳия гардида, тартиби индексатсияи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаҳои меҳнатӣ (бе назардошти иловапулию пардохтҳои иловагӣ) ва сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташударо муайян менамояд.
2. Барои индексатсияҳои нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ нишондиҳандаҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба омор, ки дар нашрияҳои расмӣ интишор мегарданд, истифода карда мешаванд.
3. Индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ аз ҷониби сохтори дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа амалӣ карда мешавад.
4. Маблағгузории хароҷот барои гузаронидани индексатсияи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ, нафақаҳои меҳнатӣ ва сармояи шартии нафақавӣ аз ҳисоби маблағҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа анҷом дода мешавад.
5. Индексатсияи нафақаҳо, сармояи шартии нафақавӣ ва муайян намудани фоизи индексатсия дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. ТАРТИБИ ИНДЕКСАТСИЯИ НАФАҚАҲО
6. Индексатсияи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ ва нафақаҳои меҳнатӣ ҳар сол як маротиба мутобиқи сатҳи индекси нархҳои истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ дар соли молиявии гузашта амалӣ карда мешавад.
7. Индексатсияи нафақаҳои меҳнатӣ аз соли 2018 шурўъ карда мешавад.
8. Индексатсия нисбати қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ ва нафақаҳои меҳнатие татбиқ карда мешавад, ки андозаи онҳо то 15-каратаи нафақаи заминавии муқарраршударо ташкил менамояд.
3. ТАРТИБИ ИНДЕКСАТСИЯИ САРМОЯИ
ШАРТИИ НАФАҚАВӢ
9. Сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташуда, ки дар суратҳисоби инфиродии онҳо инъикос ёфтааст, ҳар сол як маротиба индексатсия карда мешавад.
10. Индексатсияи сармояи шартии нафақавии дар давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2013 ташаккулёфта мувофиқи нишондиҳандаи сатҳи афзоиши солонаи музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ, ки аз рўи маълумоти мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба омор дар ҷадвали зерин оварда шудааст, амалӣ карда мешавад:
Солҳо |
Сатҳи афзоиши солонаи музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ, бо фоиз |
1999 |
134,1 |
2000 |
150,9 |
2001 |
138,5 |
2002 |
137,1 |
2003 |
138,6 |
2004 |
135,2 |
2005 |
139,1 |
2006 |
140,4 |
2007 |
141,8 |
2008 |
122,8 |
2009 |
124,6 |
2010 |
124,7 |
2011 |
125,6 |
2012 |
125,1 |
11. Индексатсияи сармояи шартии нафақавии дар давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2013 ташаккулёфта аз соли 2014 мутобиқи сатҳи солонаи индекси нархҳои истеъмолӣ амалӣ карда мешавад.
12. Сармояи шартии нафақавие, ки дар натиҷаи конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда барои давраи то 1 январи соли 1999 муайян карда шудааст, ба ҳолати 1 январи соли 2013 дар суратҳисоби инфиродии онҳо инъикос карда мешавад.
13. Саҳмҳои нафақавие, ки дар давоми соли муроҷиат барои таъини нафақаи суғуртавӣ ба суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда ворид гардидааст, индексатсия карда намешавад ва дар вақти ҳисоби нафақа маблағи воқеӣ ба инобат гирифта мешавад.
14. Индексатсияи сармояи шартии нафақавие, ки баъди 1 январи соли 2013 ба суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда ворид гардидааст, инчунин сармояи шартии нафақавии дар натиҷаи конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии онҳо бадастомада аз соли 2014 сар карда, ҳар сол дар асоси сатҳи солонаи индекси нархҳои истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.
15. Индексатсияи сармояи шартии нафақавӣ аз рўи меъёри соддаи фоизнокӣ амалӣ карда мешавад, яъне ҳангоми гузаронидани индексатсияи ҳарсола, сармояи шартии нафақавие индексатсия карда мешавад, ки дар соли молиявии дахлдор дар суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ташаккул ёфтааст.
16. Сармояи шартии нафақавии дар натиҷаи конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахси суғурташуда муайянкардашуда аз соли 2014 сар карда, ҳар сол бо тартиби пешбининамудаи банди 15 Тартиби мазкур аз рўи маблағи муайяншуда индексатсия карда мешавад.
17. Мисоли шартии индексатсияи сармояи шартии нафақавии шахси суғурташуда ба Тартиби мазкур замима карда мешавад.
4. МАСЪУЛИЯТ ВА НАЗОРАТ АЗ РЎИ ДУРУСТ
АМАЛӢ НАМУДАНИ ИНДЕКСАТСИЯИ САРМОЯИ
ШАРТИИ НАФАҚАВӢ ВА НАФАҚАҲО
18. Барои амалӣ намудани индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ ва риояи талаботи Тартиби мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва сохторҳои дахлдори он дар маҳалҳо масъул мебошанд.
19. Назорат аз рўи дуруст амалӣ намудани индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташуда аз ҷониби воҳидҳои сохтории дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва дигар мақомоти давлатӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мебошанд, амалӣ карда мешавад.
Замима
ба Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ
Мисоли шартии
индексатсияи сармояи шартии нафақавии
шахси суғурташуда
Ба сохтори дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Аҳмадов Р. барои таъини нафақаи суғуртавӣ муроҷиат намуд. Собиқаи кории ў то соли 1999 19 сол ва пас аз соли 1999 бошад 16 солро ташкил намуд.
Сармояи шартии нафақавии (СШН) шаҳрванд Аҳмадов Р-ро бо назардошти индексатсия ҳисоб менамоем.
Сараввал ҳуқуқҳои нафақавии шаҳрвандро барои давраи фаъолияти меҳнатии то соли 1999 конвертатсия (бадалкунӣ) менамоем. Бо назардошти он ки собиқаи кории ў то соли 1999 19 солро ташкил намуд, сармояи шартии нафақавиаш ба ҳолати 1 январи соли 2013 баробар медиҳад:
120 сомонӣ * 228 моҳ (19 сол) = 27360 сомонӣ.
СШН пас аз конвертатсия намудани ҳуқуқҳои нафақавӣ барои давраи то 1 январи соли 1999 ба ҳолати 1 январи соли 2013 27360 сомониро ташкил менамояд.
Минбаъд зарур аст, ки СШН барои давраи фаъолияти меҳнатӣ пас аз 1 январи соли 1999 то рўзи муроҷиат ҳисоб карда шавад.
Бо назардошти он ки музди меҳнати солонаи Аҳмадов Р. 139,32 сомониро ташкил намуд, саҳмҳои нафақавие, ки корфармо барои ў дар соли 1999 пардохт намудааст, муайян менамоем ва ҳосил мешавад: 139,32 (музди меҳнати солона)* 25 фоиз (меъёри андози иҷтимоӣ) = 34,83 сомонӣ (андози иҷтимоӣ) *90 фоиз (саҳм барои суғуртаи нафақавӣ) = 31,35 сомонӣ (саҳмҳои нафақавӣ), яъне дар соли 1999 барои Аҳмадов Р. корфармо 31,35 сомонӣ пардохт намудааст. Акнун зарур аст, ки саҳмҳои мазкур барои давраи аз соли 1999 то соли 2015 (то рўзи муроҷиат) индексатсия карда шавад. Барои он ки коэффитсиенти индексатсия барои давраи аз соли 1999 то соли 2015 ҳисоб карда шавад, зарур аст, ки ҳамаи индексҳои бо тартиби зерин ҷамъ карда шаванд:
(соли 1999) (134,1%-100%) + (соли 2000) (150,9%- 100%) +(соли 2001) (138,5%-100%) + (соли 2002) (137,1%-100%) +(соли 2003) (138,6%-100%) +(соли 2004) (135,2%-100%) + (соли 2005) (139,1%-100%) +(соли 2006) (140,4%-100%) + (соли 2007) (141,8%-100%) + (соли 2008) (122,8%-100%) +(соли 2009) (124,6%-100%) + (соли 2010) (124,7%-100%) +(соли 2011) (125,6%-100%) + (соли 2012) (125,1%-100%) + (соли 2013) (103,7%-100%) + (соли 2014) (107,4%-100%) = 34,1% +50,9% + 38,5% +37,1%+ 38,6%+ 35,2% +39,1% + 40,4% +41,8% +22,8% +24,6%+ 24,7%+ 25,6%+ 25,1%+ 3,7%+ 7,4% = 489,6%.
Қайд кардан лозим аст, ки барои давраи аз соли 1999 то 2012 ҳангоми муайян намудани коэффитсиенти индексатсия индекси афзоиши музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ ва аз соли 2013 сар карда, индекси нархҳои истеъмолӣ истифода карда мешавад.
Саҳмҳои нафақавӣ ба ҳолати соли 2015 31,35 сомонӣ + 31,35 сомонӣ * 489,6 % = 31,35 * (1+489,6/100) = 31,35 * 5,8960 = 184,82 сомониро ташкил медиҳад.
Коэффитсиенти индексатсия дар ин давра 5,8960 ва СШН бо назардошти индексатсия дар охири соли 1999 184,82 сомониро ташкил менамояд.
Индексатсияи саҳмҳои нафақавӣ барои давраи аз соли 2000 то соли 2015 42,04 сомонӣ + 42,04 сомонӣ * 455,5 % = 42,04 * (1+455,5/100) = 42,04 * 5,5550 = 233,53 сомониро ташкил медиҳад.
Коэффитсиенти индексатсия дар ин давра 5,5550 ва СШН бо назардошти индексатсия дар охири соли 2000 233,53 сомониро ташкил менамояд.
Бо ҳамин тартиб коэффитсиенти индексатсия ва СШН-ро барои дигар солҳо ҳисоб менамоем.
Сол |
Музди меҳнати моҳона |
Саҳмҳои нафақавӣ дар сол бо сомонӣ |
Индекс, бо % |
Коэффи-тсиенти индеек-сатсия |
СШН |
А |
1 |
2 |
3 |
4 |
5 |
1999 |
11,61 |
31,35 |
134,1 |
5,8960 |
184,82 |
2000 |
15,57 |
42,04 |
150,9 |
5,5550 |
233,53 |
2001 |
23,50 |
63,45 |
138,5 |
5,0460 |
320,17 |
2002 |
32,55 |
87,89 |
137,1 |
4,6610 |
409,63 |
2003 |
44,61 |
120,45 |
138,6 |
4,2900 |
516,72 |
2004 |
61,81 |
166,89 |
135,2 |
3,9040 |
651,53 |
2005 |
85,99 |
232,17 |
139,1 |
3,5520 |
824,68 |
2006 |
116,81 |
315,39 |
140,4 |
3,1610 |
996,94 |
2007 |
182,82 |
493,61 |
141,8 |
2,7570 |
1 360,89 |
2008 |
233,74 |
631,10 |
122,8 |
2,3390 |
1 476,14 |
2009 |
285,43 |
770,66 |
124,6 |
2,1110 |
1 626,87 |
2010 |
354,77 |
957,88 |
124,7 |
1,8650 |
1 786,44 |
2011 |
446,23 |
1204,82 |
125,6 |
1,6180 |
1 949,40 |
2012 |
555,29 |
1499,28 |
125,1 |
1,3620 |
2 042,02 |
2013 |
700,00 |
1890,00 |
103,7 |
1,1110 |
2 099,79 |
2014 |
800,00 |
2160,00 |
107,4 |
1,074 |
2 319,84 |
2015 |
960,00 |
2592,00 |
0 |
1 |
2 592,00 |
СШН пас аз соли 1999 |
21 391,41 |
Акнун СШН дар натиҷаи конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавӣ барои давраи то соли 1999 бадастомадаро, ки ба 27360 сомонӣ баробар мебошад, индексатсия менамоем.
Бо ин мақсад, нишондиҳандаи миёнаи саҳмҳои нафақавиро барои давраи фаъолияти меҳнатӣ муайян менамоем: 27360/(14 сол + 19 сол) = 829 сомонӣ. Бо назардошти он ки индексатсияи СШН аз конвертатсия пас аз соли 2013 гузаронида мешавад, аз ин лиҳоз чунин ҳосил мешавад:
2013 |
829 |
103,7% |
0,1110 |
92,03 |
2014 |
829 |
107,4% |
0,074 |
61,35 |
Ҳамагӣ: |
153,38 |
СШН ба ҳолати рўзи муроҷиат дар соли 2015 ташкил медиҳад:
СШНконвертатсия + индексатсияи СШН конвертатсия + СШН пас аз соли 1999 = 27360 сомонӣ + 153,38 сомонӣ + 21391,41 сомонӣ = 48904,79 сомонӣ.
СШН Аҳмадов Р. ба ҳолати рўзи муроҷиат 48904,79 сомониро ташкил менамояд ва андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавии ў 48904,79 сомонӣ / 120 моҳ = 407,54 сомонӣ.