Қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 29.06.1993, №312

ШЎРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

«Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) иштирок намуда, дар натиҷаи ин низоъҳо зарар дидаанд, инчунин аъзои оилаҳои шахсони мазкуре, ки парасторашонро аз даст додаанд»
(дар таҳрири қарорҳои Ҳукумати ҶТ аз 16.06.2001 сол №279 ва аз 25.10.2003 сол №482)

Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) иштирок намуда, дар натиҷаи ин низоъҳо зарар дидаанд, инчунин аъзои оилаҳои шахсоне мазкуре, парасторашонро аз даст додаанд, Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р  м е к у н а д:
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайати воҳидҳои низомӣ шомиланд, шахсони дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироккарда ҳисоб меёбанд.
2. Шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) иштирок кардаанд, ба имтиёзҳои дар қонунгузори ҷорӣ барои иштирокчиёни ҷанг пешбинишуда, (ба  истиснои  имтиёз дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи гази табиӣ ва қувваи барқ) ҳуқуқ доранд.
3. Иштирокчиёни воҳидҳои низомӣ, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия ё маибшавӣ ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюб шудаанд, ба имтиёзҳои дар қонунгузории ҷорӣ барои маъюбони ҷанг пешбинишуда ҳуқуқ доранд.
4. Аъзои оила шахси ҳалокгардида ё дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия ё маибшави ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавтида ба имтиёзҳое, ки дар қонунгузории ҷорӣ барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбии ҳангоми адои вазифаи хизмати ҳалокгардида пешбинӣ шудаанд (ба  истиснои  имтиёз дар мавриди пардохти ҳаққи истифодаи гази табиӣ ва қувваи барқ), ҳуқуқ доранд.
5. Иштирокчиёни воҳидҳои низоми, ки маъюб ё ҳалок гардидаанд ё ин ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия ё маибшавӣ ҳангоми сохти Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавтидаанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо мувофиқи тартибу шартҳои бо қонунгузории ҷорӣ барои хизматчиёни хизмати ҳатмии ҳарбӣ пешбинишуда ба таъминоти нафақавӣ ҳуқуқ доранд.
6. Кумитаҳои иҷроияи Шўрои депутатҳои ҳалқ то 10 июли соли 1993 таҳти роҳбарии ҷонишинон раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо барои тартиб ва тасдиқ намудани рўйхати шахсоне, ки баҳри ҳимояи сохти конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати воҳидҳои низомӣ дар амалиётҳои мусаллаҳона (низоъҳо) иштирок карданд, комиссияҳоеро, ки ба ҳайати онҳо командирони саҳроии воҳидҳои низомии минтақаи дахлдор ё намояндагони мақомоти молия, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ комиссаратҳои ҳарбӣ дохил мешаванд, таъсис диҳанд.
7. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- муайян намудани гурўҳи маъюбии иштироккунандагони воҳидҳои низомиро, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия, маибшавӣ дар вақти амалиётҳои мусаллаҳона, ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюб гаштаанд, таъмин намояд:
- шахсони дар натиҷаи сабабҳои мазкур маъюбгашта ва аъзои оилаҳои шахсони мазкурро барои ба онҳо пешкаш намудани имтиёзҳои дар қонунгузории ҷорӣ пешбинишуда ба қайд гиранд;
- таъин ва пардохти нафақаро мувофиқи тартиб ва дар асоси шартҳои барои хизматчиёни хизмати ҳатмии ҳарбӣ пешбинишуда, таъмин намояд;
- додани шаҳодатномаҳои ҳуқуқи имтиёзҳо ва иштирокчиёни воҳидҳои низомӣ, ки дар натиҷаи ярадоршавӣ, контузия, маъюбшавӣ ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюб шудаанд, таъмин намояд;
- бо иштироки Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 августи соли 1993 дастуруламали ба кор бурдани қарори мазкурро таҳия намояд.
8. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои намуди ягонаи иштрокчиёни воҳидҳои низомии ҳифзи сохти Конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, онҳоро тавассути комиссариатҳои ҳарбии маҳаллӣ, ҷои истиқомати шахсони мазкур мувофиқи рўйхате, ки комиссия тартиб додааст, диҳад.
9. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблаѓи заруриро дарьёфт намуда, бопултаъминкунии имтиёз ва таъминоти нафақаи муқарраршударо мувофиқи қарори мазкур аз ҳисоби маблаѓҳои пешбининамудаи қонунгузории ҷорӣ таъмин намояд.
10. Кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо иштирокчиёни воҳидҳои низомии ҳифзи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машѓуланд, ҳаматарафа мусоидат намоянд.
11. Ба муҳокимаи Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи фармон дар бораи ба иштирокчиёни воҳидҳои низомии ҳифзи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки манзил ва амволи рўзгорро аз даст додаанд, додани кредити имтиёзнок барои сохтмон, хариди хонаи истиқомати, иморатҳои рўи ҳавлӣ, барқарор намудани биноҳои вайронгашта, ба даст овардани амволи рўзѓор, чорво ва дигар мақсадҳо ба маблаѓи 120 ҳазор сўм ба мўҳлати 20 сол, бо бозгашти кредит аз соли чоруми он, муайян карда шавад.

 Раиси Шўрои Вазирони
 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                 А. Абдуллоҷонов

    Мудирияти корҳои Шўрои
Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                    Р. Мирзоев
       ш. Душанбе
аз 29 июни соли 1993 № 312

Дополнительная информация