Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2013, №293 Дар бораи Тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат

ҲУКУМАТИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р

аз 2 июли соли 2013, №293                                                                  ш. Душанбе


Дар бораи Тартиб ва шартҳои пардохти
кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат

Мутобиқи моддаҳои 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р  м е к у н а д:
1. Тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохти кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоатро бе ситонидани хароҷот барои хизматрасонии бонкӣ амалӣ намояд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли соли 1998, №347 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат» беэътибор дониста шавад.


                   Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон
               Тоҷикистон


 Замима
 Бо қарори Ҳукумати
 Ҷумҳурии Тоҷикистон
 аз 2 июли соли 2013, №293
тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ
пардохти кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат
(дар таҳрири қарори Ҳукумати ҶТ аз 5 ноябри соли 2014, №709)

1.  Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» таҳия гардида, тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулӣ барои дафнро ба аъзои оилаи камбизоат муайян менамояд.
2. Ба гирифтани кўмакпулӣ барои дафн аъзои оилаи камбизоат ё дигар шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва маросими дафни шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом додааст, ҳуқуқ дорад.
3. Далели он ки шахси ба гирифтани кўмакпулӣ барои дафн муроҷиатнамуда аъзои оилаи камбизоат мебошад, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
4. Кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат мувофиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ба андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад.
5. Дар шаҳру ноҳияҳое, ки нисбати музди меҳнати кормандон коэффитсиентҳои ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, андозаи кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат мувофиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» бо назардошти ин коэффитсиентҳо ҳисоб ва пардохт карда мешавад.

2. Мақоми ваколатдор оид ба пардохти кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат

6. Кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат вобаста аз мақоми иҷтимоии шаҳрванди вафоткарда (ҳалокгардида) аз ҳисоби маблағҳои мақомоти зерин пардохт мегардад:
а) Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.11.2014, №709):
- барои шаҳрвандони суғурташудае, ки то рўзи вафот кор мекарданд;  
- барои аъзои корношоями оилаи вафоткардаи шахси суғурташуда;
- барои шаҳрвандони муваққатан бекоре, ки то рўзи вафот мақоми бекорӣ доштанд ва кўмакпулӣ барои бекорӣ мегирифтанд;
- барои шаҳрвандоне, ки то рўзи вафот донишҷўи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи касбӣ, аспирантура ва ординатура буданд;
- барои шаҳрвандоне, ки то рўзи вафот аз мақомоти мазкур нафақа мегирифтанд.
б) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо:
- барои шаҳрвандони бекоре, ки то рўзи вафот мақоми бекорӣ надоштанд ва шахсони бе ҷои зисти муайян;
- барои аъзои оилаи корношоями шаҳрвандони бекори мақоми бекорӣ надошта ва аъзои оилаи корношоями нафақагирон;
- барои шаҳрвандони фавтида (ҳалокгардида), ки хизмати ҳарбиро аз рўи даъват адо менамуданд.
7. Дар сурати вафоти шаҳрвандоне, ки то рўзи вафот дар муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ барои кўдакони ятиму бепарастор ва муассисаҳои ислоҳӣ таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доштанд, агар маросими дафни онҳо аз ҷониби ин муассисаҳо анҷом дода шуда бошад, кўмакпулӣ барои дафн пардохт карда намешавад. Маросими дафни ин гурўҳи шаҳрвандон аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳои мазкур амалӣ мешавад.  
8. Агар маросими дафни шаҳрвандоне, ки то рўзи вафот дар муассисаҳои давлатии хизматрасонии иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ барои кўдакони ятиму бепарастор ва муассисаҳои ислоҳӣ таҳти таъминоти пурраи давлат қарордошта аз ҷониби оилаи камбизоат анҷом дода шуда бошад, кўмакпулӣ барои дафн вобаста аз талаботи банди 6 Тартиби мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдор пардохт карда мешавад.

3. Тартиби муроҷиати аъзои оилаи камбизоат барои гирифтани кўмакпулӣ барои дафн

9. Аъзои оилаи камбизоате, ки маросими дафни шаҳрвандони дар зербанди а) банди 6 Тартиби мазкур пешбинишударо анҷом додааст, барои гирифтани кўмакпулӣ барои дафн бо ариза ба раёсати (шуъбаи) Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои истиқомати худ муроҷиат менамояд. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.11.2014, №709):
- нусхаи шиносномаи аризадиҳанда;
- маълумотномаи муассисаи тиббӣ оид ба вафоти шаҳрванд;
- маълумотномаи мақоми ваколатдор оид ба камбизоатии оилаи шахси фавтида мебошад.
10. Аъзои оилаи камбизоате, ки маросими дафни шаҳрвандони дар зербанди б) банди 6 Тартиби мазкур пешбинишударо анҷом додааст, барои гирифтани кўмакпулӣ барои дафн ба бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ҷои истиқомати худ бо ариза муроҷиат менамояд. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.11.2014, №709):
- нусхаи шиносномаи аризадиҳанда;
- маълумотномаи муассисаи тиббӣ оид ба вафоти шаҳрванд;
- маълумотномаи мақоми ваколатдор оид ба камбизоатии оилаи шахси фавтида мебошад.
11. Ариза барои гирифтани кўмакпулӣ барои дафн аз ҷониби мақоми дахлдор дар мўҳлати на дертар аз 10 рўзи баъди бақайдгирии он баррасӣ карда мешавад.
12. Мақоми ваколатдор вазифадор аст, ки дар мўҳлати на дертар аз 10 рўз аризадиҳандаро дар хусуси қарори худ расман огоҳ намояд.   
13. Кўмакпулӣ барои дафн дар сурате пардохт карда мешавад, ки агар муроҷиат барои он дар мўҳлати на дертар аз шаш моҳ пас аз рўзи вафоти шаҳрванд сурат гирифта бошад.

4. Тартиби пардохти кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат

14. Кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат тавассути муассисаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ҷои истиқомати он пардохт карда мешавад.
15. Рўйхати аъзои оилаи камбизоат, ки ба онҳо кўмакпулӣ барои дафн барои шаҳрвандоне, ки дар зербанди а) банди 6 Тартиби мазкур пешбинигардида пардохт карда  мешавад, ба мақоми пардохткунанда аз ҷониби раёсати (шуъбаи) Агентии   суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия (шаҳр) пешниҳод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.11.2014, №709).
16. Рўйхати аъзои оилаи камбизоат, ки ба онҳо кўмакпулӣ барои дафн барои шаҳрвандоне, ки дар зербанди б) банди 6 Тартиби мазкур пешбинигардида пардохт карда мешавад, ба мақоми пардохткунанда аз ҷониби бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) пешниҳод мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.11.2014, №709).
17. Пардохти кўмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат, бояд сари вақт аз ҷониби мақоми ваколатдоре, ки дар банди 6 Тартиби мазкур пешбинӣ гардидааст, маблағгузорӣ карда шаванд.
18. Маблағи кўмакпулӣ барои дафне, ки муроҷиаткунанда барои гирифтани он ба муассисаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар мўҳлати то се моҳ муроҷиат накардааст, ба суратҳисоби мақоми ваколатдори кўмакпулӣ барои дафнро маблағгузоринамуда бозпас гардонида мешавад.
Дар ин ҳолат муроҷиаткунанда барои гирифтани кўмакпулӣ барои дафн, тибқи тартиби муқарраргардида ба мақоми ваколатдор муроҷиат менамояд.

Дополнительная информация