Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2013, №344

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои ташкили бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" бо мақсади ташкили баҳисобгирӣ, таъмин, нигоҳдорӣ ва тартиби истифодабарии ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои ташкили бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қоидаҳои ташкили бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ аз рўзи интишор мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 августи соли 2013, № 344
ш. Душанбе


Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 августи соли 2013, № 344
тасдиқ шудаст

Қоидаҳои ташкили бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои ташкили бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ (минбаъд - Қоидаҳо) мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" ва "Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ", ки талаботи ягонаро ба ташкили нигоҳдорӣ, таъмини беосеб нигоҳдорӣ, ҷамъоварӣ, тавсиф, баҳисобгирӣ, истифода намудан ва нобуд сохтани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ муқаррар менамояд, таҳия гардидааст.
2. Бо мақсади сари вақт қабул намудани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ аз воҳидҳои сохтории зертобеи муассисаи суғурта, таъмини баҳисобгирии онҳо, нигоҳдорӣ, тартиб ва истифодаи он тибқи Қоидаҳои мазкур, бойгониҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ таъсис дода мешаванд.
3. Бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ҳамчун воҳиди сохторӣ дар ҳайати Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ таъсис гардида, қабул ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро бо мақсади истифодабарӣ ва нигоҳдории минбаъдаи онҳо дар раванди таъин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ таъмин менамояд.
4. Муассисаи суғурта мутобиқи Қоидаҳои мазкур бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро бо бинои зарурӣ ва таҷҳизот таъмин менамояд.
5. Шумора ва тахассуси мутахассисони бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ, вобаста ба ҳаҷм ва мураккабии корҳои иҷрогардида дар доираи шумораи муқарраргардида ва фонди музди меҳнат муайян карда мешаванд.
6. Шаклҳои ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои бойгонии баҳисобгирии инфиродии дар Қоидаҳои мазкур зикршуда аз ҷониби муассисаи суғурта тасдиқ мегарданд.
7. Шахсони масъули муассисаи суғурта барои вайрон кардани меъёрҳои дар Қоидаҳои мазкур муайянгардида, масъулият ба зимма доранд.

2. Мафҳумҳои асосӣ

8. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ - воҳиди сохтории муассисаи суғурта, ки қабул, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳоро, ки дар натиҷаи пешбурди баҳисобгирии инфиродӣ ташкил ёфтааст, амалӣ менамояд;
- ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ - ҳуҷҷатҳое, ки маълумоти инфиродиро оид ба шахсони суғурташуда ва суғуртакунанда, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ ё суратҳисоби инфиродӣ ташаккул ёфтаанд, дар бар мегирад;
- шахси суғурташуда - шахси воқеие, ки ба манфиати ў тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии нафақавӣ амалӣ карда мешавад;
- корткунонӣ - тарзи нигоҳдории ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки нигоҳдорӣ ва ҳифзи онҳоро аз таъсири зараровари муҳити атроф таъмин менамояд;
- ҳуҷҷатҳои махфӣ - ҳуҷҷатҳое, ки ошкор ва паҳн карда намешаванд;
- дастгоҳи меъёрию маълумотдиҳӣ - маҷмўи таркибёфтаи унсурҳои тавсифи ҳуҷҷатҳо (маълумоти такрории ҳуҷҷатҳо) дар намудҳои гуногуни рўйхатҳои маълумотдиҳии бойгонӣ ва махзани иттилоот пешниҳод гардида, барои ҷустуҷўи ҳуҷҷатҳо ва иттилооти ҳуҷҷатӣ пешбинӣ гардидааст;
- ҳуҷҷатҳои аввалияи баҳисобгирии инфиродӣ - ҳуҷҷатҳои дар асоси маълумоти шиноснома, баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ё ҳуҷҷатгузории ташкилию тартибӣ тартиб дода шуда, дақиқӣ ва пуррагии иттилоотро дар бораи шахсони суғурташуда, музди меҳнат ва дигар даромадҳо, пардохтҳои иҷтимоӣ, собиқаи суғуртавӣ ва вазъи оилавии онҳо тасдиқ мекунад;
- баҳисобгирии инфиродӣ - усули ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории маълумот, ки барои таъини нафақа дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ зарур мебошанд;
- муассисаи суғурта - мақоми ваколатдори давлатие, ки баҳисобгирии инфиродиро дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ амалӣ менамояд;
- суғуртакунанда - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми суғуртаи ҳатмии нафақавиро пардохт менамояд;
- топографикунонӣ - дар махзан сарфакорона ҷо ба ҷо ва мустаҳкам намудани ҷойи нигоҳдории ҳуҷҷатҳо мутобиқи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ, ки тартиби ҷустуҷўи фаврии онҳоро таъмин менамояд;
- нишондиҳандаи топографӣ - маҷмўи аломатҳои аз рўи алифбо, система, хронологӣ, рақамгузорӣ ё ягон аломати дигари тафсифшуда ба танзим дароварда шуда, ҷойгиршавии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродиро ифода мекунад;
- фонди истифода - маҷмўи нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки дар бойгонии ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ нигоҳ дошта мешаванд;
- махзан - биное, ки барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ пешбинӣ шуда, бо воситаҳои дахлдори нигоҳдорӣ ва ҷустуҷўй таҷҳизонида шудааст;
- ҳуҷҷатҳои электронии баҳисобгирии инфиродӣ - шакли тайёр намудан, фиристодан, дастрас ё ин ки нигоҳдории иттилоот тавассути воситаҳои электронию техникӣ, ки дар диски магнитӣ, навори магнитӣ, диски лазерӣ ва дигар ҳомилҳои маводи электронӣ сабт шудаанд.

Дополнительная информация