Қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.08.2013, №345

Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
ҚАРОР

Дар бораи масъалахои суғуртаи хатмии нафақавӣ

Мутобиқи моддахои 3, 9 ва 16 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи хатмии нафақавӣ" ва моддаи 23 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амалӣ намудани суғуртаи хатмии нафақавӣ Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа муайян карда шавад.
2. Қоидахо оид ба тартиби тахия, пешниход ва тасдиқи буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тасдиқ карда шавад (замимаи №1).
3. Дастурамал оид ба ташкили бахисобгирии умумӣ ва инъикоси амалиётхо вобаста ба сахмхои нафақавӣ дар бахисобгирии мухосибӣ тасдиқ карда шавад (замимаи №2).
4. Ҳангоми хисоби сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташуда барои хар як соли молиявӣ, аз 1 январи соли 1999 инҷониб андозаи (таносуби) тасдиқшудаи сахмхои нафақавӣ дар сохтори андози ҷамъиятӣ бо дарназардошти хароҷоти маъмурии хақиқии муассисаи суғурта вобаста ба фоизи тарофа аз рўи намуди суғурта ба андози иҷтимоӣ истифода бурда шавад.
5. Қарори мазкур аз рўзи интишори расмӣ эътибор пайдо мекунад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон                                                                Эмомалӣ Рахмон
 
аз 3 августи соли 2013, № 345
ш. Душанбе

Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумхурии Тоҷикистон
аз 3 августи соли 2013, № 345
тасдиқ шудааст

Қоидахо оид ба тартиби тахия, пешниход ва тасдиқи буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709)

1. Қоидахои мазкур тибқи қонунхои Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи хатмии нафақавӣ", "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ", "Дар бораи бахисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи хатмии нафақавӣ" ва "Дар бораи молияи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон" кор карда баромада шуда, тартиби тахия, пешниход ва тасдиқи буҷети муассисаи суғурта, тартиб ва тасдиқи хисобот ва назорати иҷрои дурусти онхоро муқаррар менамояд.
2. Мақсади асосии тахияи буҷети муассисаи суғурта ин таъмини босамаронаи тақсимоти маблағхои пулии (фондхои) суғуртаи иҷтимоӣ бо дарназардошти ўхдадорихои ҷамъшудаи давлат дар назди шахсони суғурташуда мебошад.
3. Дар Қоидахои мазкур мафхумхои зерин истифода мешаванд:
- "буҷети муассисаи суғурта"-шакли ташаккул ва харҷи маблағхо бо мақсадхои суғуртаи хатмии нафақавӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи хатмии нафақавӣ;
- "маблағи суғуртаи хатмии нафақавӣ"- маблағхое, ки дар амалан идоракунии мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи хатмии нафақавӣ қарор доранд;
- "андўхти нафақавӣ"- маблағхои суғуртавии дар тамоми давраи фаъолияти мехнатӣ аз музди мехнат (даромад) супоридашудаи шахси суғурташуда ва даромадхо аз хисоби истифодабарии ин маблағхо, ки дар фонди махсуси суратхисоби инфиродии ў қайд гардидаанд;
- "мусоидати молиявӣ (субвенсия)"- маблағхое, ки аз буҷети давлатӣ ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон беподошу бебозгашт барои маблағгузории пардохтхои ғайрисуғуртавӣ пешниход мегарданд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709);
- "раванди буҷетӣ" - меъёри батанзимдаровардашудаи хуқуқи фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба тахия ва баррасии лоихаи буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, тасдиқ, иҷро ва инчунин назорати иҷрои он (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709);
- "ҷуброни суғуртавӣ"- иҷрои хатмии ўхдадорихои мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи хатмии нафақавӣ дар назди шахсони суғурташуда хангоми фаро расидани холатхои суғуртавӣ бо рохи пардохтхои иҷтимоӣ;
4. Раванди буҷетӣ аз мархилахои зерин иборат аст:
- тахияи лоихаи сметахои хароҷотхо ва даромадхо аз сохторхои зертобеи муассисаи суғурта;
- тахияи лоихаи пешакии буҷети муассисаи суғурта дар асоси лоихахои сметаи хароҷотхои пешниходшуда ва даромадхо аз сохторхои зертобеи муассисаи суғурта;
- баррасӣ ва тасдиқи лоихаи пешакии буҷети муассисаи суғурта;
- тахия, баррасӣ ва тасдиқи лоихаи буҷети муассисаи суғурта:
- иҷрои буҷет аз ҷониби муассисаи суғурта ва сохторхои зертобеи он, ё даврахои буҷетӣ;
- тахия ва тасдиқи хисобот оид ба иҷрои буҷет аз ҷониби муассисаи суғурта ва сохторхои зертобеи он.
5. Ташкили раванди буҷетӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад.
6. Ба таркиби буҷети муассисаи суғурта буҷетхои зерин дохил мешаванд:
- суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
- суғуртаи хатмии нафақавӣ;
- суғуртаи хатмии нафақавии касбӣ;
- суғурта дар холати бекорӣ;
7. Руйхати ҷамъбастии буҷети муассисаи суғуртаро муассисаи суғурта тартиб медихад.
8. Қисми даромади буҷети муассисаи суғурта аз хисобхои зерин ташаккул меёбад:
- сахмхо барои суғуртаи иҷтимоӣ;
- сахмхои нафақавӣ;
- сахмхои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва хуқуқӣ;
- маблағхои буҷети давлатӣ (субвенсияхо);
- маблағхои товон ва дигар муҷозотхои молиявӣ;
- даромадхои дигаре, ки қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
9. Хароҷоти ҷуброни суғуртавӣ аз буҷети муассисаи суғурта танхо дар холатхои зерин маблағгузорӣ мегардад:
- нафақаи суғуртавӣ ва мехнатӣ;
- кўмакпулӣ аз рўи суғуртаи иҷтимоӣ;
- кўмакпулӣ барои дафн;
- кўмакпулӣ бо сабаби бекорӣ;
10. Барзиёдии даромади муассисаи суғурта нисбат ба хароҷоти он барзиёдии буҷет мебошад;
11. Барзиёдии хароҷоти буҷети муассисаи суғурта нисбат ба даромади он касри буҷет мебошад;
12. Буҷети муассисаи суғурта метавонад бо тасдиқи барзиёдӣ ва касри он тахия карда шавад.
13. Барзиёдии буҷети муассисаи суғурта метавонад:
- дар депозит ва ё фондхои захиравии муассисаи суғурта ҷойгир карда шавад;
- ба пўшонидани касри буҷет дар соли навбатии молиявӣ равона гардад;
- ба индексатсияи нафақа ва кўмакпулихо равона гардад.
14. Дар холати қабули буҷети муассисаи суғурта барои соли навбатии молиявӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад, манбаъхои маблағгузории касри буҷет бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон бо қарори дахлдори муассисаи суғурта тасдиқ карда мешаванд.

Дополнительная информация