Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008, №665

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда

Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ва ташкили пардохти андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Аз якуми январи соли 2009 воҳидҳои кории Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 воҳид зиёд карда шуда, хароҷоти нигаҳдории ин воҳидҳо дар доираи маблағҳои барои нигаҳдории Агентӣ пешбинигардида анҷом дода шаванд.
3. Қоидаҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда аз 1 июли соли 2009 мавриди амал қарор дода шаванд.
4. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 № 103 "Дар бораи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 2 қарор рақами "320" ба рақами "390" иваз карда шавад.
Дар Сохтори дастгоҳи марказии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа сархати нави дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
-"Раёсати таъин ва пардохти андўхти нафақавии инфиродӣ".

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2008 № 665
ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" декабри соли 2008 № 665
тасдиқ шудааст

Қоидаҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда
1. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои мазкур мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ", "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тартиботи зеринро муқаррар менамояд:
- муроҷиати шахсони суғурташуда ва ворисони шахсони суғурташудаи фавтида барои гирифтани маблағҳои андўхти нафақавие, ки дар қисми махсуси ҳисобномаҳои инфиродии шахси суғурташуда (шахси суғурташудаи фавтида) ба ҳисоб гирифта шудаанд;
- ҳисобӣ ва индексатсияи маблағҳои андўхти нафақавӣ, муқаррар намудани маблағҳои пардохт, мўҳлат ва давраҳои амалӣ намудани пардохт;
- интиқол, таъин ва пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ.
2.Меъёрҳоеро, ки Қоидаҳои мазкур нисбати кормандони кироя муқаррар намудааст, барои шахсони ба шуғли инфиродӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ машғулбуда дар як сатҳ истифода мешаванд.
3.Ҳуқуқи гирифтани маблағҳоро аз ҳисобномаҳои инфиродӣ шахсони суғурташудаи зерин доранд:
а) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) шаҳрвандони хориҷӣ;
в) шахсони бешаҳрванд, инчунин шахсони дар зербандҳои а, б, в-и ҳамин банд нишондодашуда, ки барои сукунати доимӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада (кўчида) рафтаанд.
4.Ба шаҳрвандоне, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукуқи гирифтани маблағҳои андўхти нафақавиро доранд, барасмиятдарории интиқол ва пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ дар як вақт амалӣ мегарданд.
5.Гузаштани ҳуқуқи моликият ба маблағҳои андўхти нафакавӣ аз шахси суғурташуда ба як шахс ва ё шахсони дигарро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
6.Андоза, давра ва мўҳлатҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавиро мақомоти давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа муқаррар мекунад.
7.Агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари пардохти маблағҳои андўхти нафақавиро ба шахсони дар банди 3. Қоидаҳои мазкур қайдгардида пешбинӣ намуда бошанд, дар ин маврид муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор мешаванд.

2. Мафҳумҳои асосӣ

8. Дар ҳамин Қоидаҳо мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- шахси суғурташуда - шахси воқеӣ, ки ба фоидаи ў суғуртаи давлатии иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад;
- ворисони ҳуқуқӣ - ворисони ҳуқуқӣ аз рўи ариза ва ворисони ҳуқуқӣ аз рўи қонун;
- ворисони ҳуқуқӣ аз рўи ариза - шахсоне, ки дар ариза дар бораи тақсими маблағҳои андўхти нафақавӣ нишон дода шудаанд;
- ворисони ҳуқуқӣ аз рўи қонун - хешовандони шахси фавтидаи суғурташуда, ки пардохти маблағҳои андўхти нафақавии шахси фавтидаи суғурташуда ба онҳо, новобаста ба синну сол ва вазъи қобилияти корӣ бо риояи навбати зайл амалӣ мегардад:
а) дар навбати аввал - ба фарзандон, аз он ҷумла ба фарзандӣ хондашудагон, ҳамсар ва волидайн (ба фарзандӣ гирифтагон) (ворисони ҳуқуқӣ дар навбати аввал аз рўи қонун);
б) дар навбати дуюм - ба бародарон, хоҳарон, бобоён, модаркалонҳо ва набераҳо (ворисони ҳуқуқӣ дар навбати дуюм аз рўи қонун);
- ариза дар бораи тақсими маблағҳои андўхти нафақавӣ - аризаи шахси суғурташуда дар бораи муайян намудани шахсоне, ки ба онҳо дар мавриди вафоти ў ба онҳо маблағҳои андўхти нафақавӣ пардохт мегардад, дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродии ў баҳисобгирифташуда бояд амалӣ гардад;
- маблағҳои андўхти нафақавӣ - маблағҳои суғуртавии аз ҷониби шахсони суғурташуда дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ супоридашуда, инчунин даромадҳо аз ҳисоби маблағгузории онҳо, ки дар қисми махсуси ҳисобномаи инфиродӣ қайд гардидаанд;
- қарор дар бораи пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ - қарор дар мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоии маҳали истиқомати шахси суғурташудаи фавтида дар бораи пардохти маблағҳо ба шахсони суғурташуда (ворисони ҳуқуқии шахси суғурташудаи фавтида) тибқи шакли муқарраргардида;
- қарор дар бораи рад кардани пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ - қарори мақоми минтақавии суғуртаи иҷтимоии маҳали истиқомат дар бораи рад кардани аризаи муроҷиаткунанда оид ба пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ;
- сармояи нафақавӣ - маблағи умумии саҳмҳои суғуртавии дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ пардохташуда, инчунин даромадҳо аз ҳисоби истифодаи онҳо;
- иловапулӣ ба нафақаи меҳнатӣ - иловапулии муқарраргардида ба нафақаи меҳнатии таъиншуда.

Дополнительная информация