Қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 31.01.1994, №46

ШЎРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

«Дар бораи тасдиқи Номгўи категорияҳои алоҳидаи  ҳунарпешаҳои театрҳо ва дигар муассисаҳою коллективҳои театрию намоишӣ, ки ба гирифтани нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ доранд»

Баҳри татбиқи моддаи 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р   м е к у н  а д:
Номгўи категорияҳои алоҳидаи ҳунарпешаҳои театрҳо ва ди¬гар муассисаҳои театрию намоишӣ, ки ба гирифтани нафақа ба¬рои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ доранд, тасдиқ карда шавад.

Раиси Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              А. Самадов

Мудири Корҳои Шўрои
Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                               Р. Мирзоев
ш. Душанбе
аз 31 январи соли 1994 № 46

Бо қарори Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 январи соли 1994, №46
тасдиқ шудааст

НОМГЎИ
категорияи алоҳидаи ҳунарпешаҳои театрҳо ва дигар муассисаю коллективҳои театрию намоишӣ, ки ба гирифтани нафақа баром хизмати дарозмуддат ҳуқуқ доранд

Вобаста аз собиқаи кори эҷодӣдар саҳна инҳо ҳуқуқи гирифтани нафақаро барои хизмати дарозмуддат доранд:

1. Дар мавриди доштани собиқаи кори эҷодии на камтар аз 20 сол дар вазифаҳои дар банди мазкур номбаршуда:
ҳунарпешаҳои балет;
ҳунарпешаҳои - иҷрокунандагони номераҳои рақсӣдар кол¬лективҳои касбии бадеӣ;
ҳунарпешаҳои театрҳои имову ишора;
траверстҳо (занҳо - ҳунарпешаҳое, ки нақши писарон ва ҷавонмардонро иҷро мекунад;
ҳунарпешаҳои цирк ва ташкилотҳои концертӣ: гимнастҳо, мотовелофигуристҳо, эквилибристҳо, балансерҳо, акробатҳо, човандозҳо, ромкунандагони ҳайвоноти ваҳшӣ, гуштингироне, ки ба синни 50-солагӣрасидаанд, масхарабозон - иҷрокунандагони номе¬раҳои он жанрҳои санъати циркӣ, ки ҳуқуқи гирифтани нафақаро барои хизмати дарозмуддат медиҳанд, жонглёрҳои гурзбардор, лилипутҳо - ҳунарпешаҳои тамоми жанрҳо;
занҳо - ҳунарпешаҳои яккахон (солисткаҳо)-и опера ва балет, театрҳои мусиқӣва мусиқию драмавӣ, ташкилотҳои концертии телевизион ва радио.
2. Дар мавриди доштани собиқаи кори эҷодии на камтар аз 25 сол дар вазифаҳои дар банди мазкур номбаршуда (ба ин собиқаи корӣҳамчунин давраи кор дар вазифаҳои дар банди 1 ин Рўйхат номбаршуда дохил мегардад):
ҳунарпешаҳои яккахонон (солистҳо)-и театрҳои опера ва ба¬лет, театрҳои мусиқӣва радио, таълимгоҳҳои олии санъат (ба ғайр аз занҳо - ҳунарпешаҳои яккахон, ки дар банди 1 ин Рўйхат номбар шудаанд;
ҳунарпешаҳо - иҷрокунандагони номераҳои ҳуққабозӣ(каскадёрҳо; ҳунарпешаҳои, коллективҳои касбии хорҳо, ки партияҳои яккаро иҷро мекунанд;
ҳунарпешаҳое, ки дар коллективҳои касбии бадеӣасбобҳои мусиқии нафасӣменавозанд.
ҳунарпешаҳои лухтакбоз дар театрҳои лухтак;
ҳунарпешаҳои театрҳои атфол ва театрҳои тамошобини наврас;
Жонглёрҳои цирку ташкилотҳои концертӣ.
3. Дар мавриди доштани собиқаи кори эҷодии на камтар аз 30 сол дар вазифаҳои дар банди мазкур номбаршуда (ба ин со¬биқаи кори ҳамчунин давраи кор дар вазифаҳои дар бандҳои 1 ва 2 ин Рўйхати номбаршуда дохил мегардад;
ҳунарпешаҳои хори коллективҳои касбии бадеӣ.

 

Дополнительная информация