Қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.11.2016, №480 Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон

Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
ҚАРОР

аз 21 ноябри соли 2016, №480                                                     ш. Душанбе

 

Дар бораи Тартиби пешбурди
Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон   

Мутобиқи қисми 3 моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қ а р о р   м е к у н а д:
1. Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
 2. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи Тартиби мазкурро таъмин намояд.
 

                    Раиси
        Ҳукумати Ҷумҳурии                                              
               Тоҷикистон

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «21» ноябри соли 2016, №480
тасдиқ шудааст

Тартиби
пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон ташкил ва пеш бурдани Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон (минбаъд - Феҳрист)-ро муайян намуда, маҷмўи маълумотро оид ба шаҳрвандоне, ки ба онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақа таъин карда шудааст, дар бар мегирад.
2. Феҳрист аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа) тартиб дода шуда, дар шаклҳои чопӣ ва электронӣ пеш бурда мешавад.
3. Феҳристи нафақагироне, ки ба онҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» нафақа таъин карда шудааст, аз ҷониби худи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, ки нафақаро таъин намудаанд, ташкил ва пеш бурда мешавад.  
4. Ҳангоми номутобиқати маълумоти шакли чопӣ ба маълумоти шакли электронии Феҳрист ба маълумоти шакли чопии он афзалият дода мешавад.
5. Маълумоте, ки дар Феҳрист ҷойгир карда шудааст, танҳо барои истифодаи хизматии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа буда, дар сурати зарурат он метавонад ба мақомоти дигари дахлдори давлатӣ барои истифодаи онҳо иҷозат диҳад.

2. Маълумоти ба Феҳрист воридшаванда

6. Ба Феҳрист маълумоти зерини шаҳрвандоне, ки ба онҳо тибқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақа таъин карда шудааст, ворид карда мешаванд:
- насаб, ном ва номи падар;
- рўз, моҳ ва соли таваллуд;
- нишонии ҷойи истиқомат (аз рўи ҳуҷҷат ва ҷойи истиқомати воқеӣ);
- силсила, рақам, санаи додани шиноснома ва номи мақомоте, ки онро додаст;
- рақами мушаххаси суғуртавӣ (барои шахсони суғурташуда);
- рақами инфиродии миллӣ;
- рақами асноди нафақавӣ;
- санаи таъин намудани нафақа;
- намуди нафақа;    
- андозаи нафақа.
7. Шаҳрвандоне, ки барои аъзои ғайриқобили меҳнати оила нафақа барои маҳрум шудан аз саробон мегиранд ва асноди нафақавӣ ба номи онҳо ба расмият дароварда шудааст, дар Феҳрист дар баробари насаб,  ном ва номи падари онҳо, ҳамчунин насаб, ном ва номи падар, рўз, моҳ ва соли таваллуди ҳар як аъзои ғайри қобили меҳнати оила, ки ба ў нафақа таъин гардидааст, дарҷ карда мешавад.

3. Тартиби пешбурди шакли чопии Феҳрист

8. Шакли чопии Феҳрист аз ҷониби сохтори дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳалҳо, пай дар пай ва вобаста ба теъдоди  шаҳрвандоне, ки ба онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақа таъин карда шудааст ё таъин карда мешавад, пеш бурда мешавад.
9. Барои пешбурди шакли чопии Феҳрист дар воҳиди сохтории дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳалҳо китоби алоҳида кушода мешавад.
10. Феҳрист вобаста ба намуди нафақаҳо аз фаслҳои зерин иборат мебошад:
- рўйхати умумии нафақагирон;
- гирандагони нафақаҳои меҳнатӣ;
- гирандагони нафақаҳои суғуртавӣ;
- гирандагони нафақаҳои иҷтимоӣ.
11. Воҳиди сохтории дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадор аст, ки пас аз таъини нафақа маълумоти дахлдори нафақагирро, ки дар бандҳои 6-7 Тартиби мазкур пешбинӣ гардидаанд, ба Феҳрист ворид намояд.   
12. Дар сурати пур шудани китоб, ки дар он Феҳрист пеш бурда мешавад, барои идома додани он китоби нав кушода мешавад ва рақамгузории он аз охири қайди анҷомёфтаи  китоби қаблӣ идома дода мешавад.
13. Дар охири ҳар як китобе, ки пур мешавад, имзои роҳбари воҳиди сохтории дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва муҳри он  гузошта мешавад.

4. Тартиби пешбурди шакли электронии Феҳрист

14. Пешбурди шакли электронии Феҳрист аз ҷониби дастгоҳи марказии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа, дар асоси шакли чопии он бо дар бар гирифтани маълумоти пешбининамудаи бандҳои 6-7 Тартиби пешбурди Феҳрист, ки дар сохторҳои маҳаллии он анҷом дода мешавад, амалӣ мегардад.
15. Шакли электронии Феҳрист вобаста ба намуди нафақаҳо дар фаслҳо (саҳифаҳо), ки дар банди 10 Тартиби мазкур пешбинӣ гардидааст, пеш бурда мешавад.
16. Дастрасӣ ба шакли электронии Феҳрист тавассути вуруд ва рамз, ки аз ҷониби масъулини дастгоҳи марказии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа муқаррар мегардад, амалӣ гардонида мешавад.
17. Бо мақсади пешбурди шакли электронии Феҳрист дар воҳиди сохтории дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа аз ҷониби роҳбари ин мақом шахси масъул муайян карда мешавад ва ба ў вуруд ва рамз супорида мешавад.
18. Шахси масъул вазифадор аст, ки ҳамарўза маълумоти дар бандҳои 6-7 Тартиби пешбурди Феҳрист пешбинишудаи шаҳрвандонеро, ки ба онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақа таъин карда шудааст ё таъин карда мешавад, ба шакли электронии Феҳрист ворид намояд.  
 
5. Тартиби аз шакли электронии Феҳрист хориҷ намудани маълумот дар бораи нафақагирон

19. Маълумот дар бораи нафақагироне, ки бинобар вафот, ба охир расидани мўҳлати эътибори гурўҳи маъюбӣ, аз ҳудуди ҷумҳурӣ барои истиқомати доимӣ кўчида рафтан, расидан ба балоғат (нафақа барои маҳрум шудан аз саробон) ё дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақаашон қатъ карда мешавад, аз ҷониби шахси масъул дар мўҳлати на дертар аз се рўз аз Феҳрист хориҷ карда мешаванд.
20. Дар шакли электронии Феҳрист маълумоти нафақагироне, ки нафақаашон бо сабабҳои пешбининамудаи банди 19 Тартиби  пешбурди Феҳрист  қатъ карда мешавад,  алоҳида ниоҳ дошта мешаванд.
    
6. Таъмини амнияти иттилоотӣ ва пешгирии нобудшавии маълумоти шакли электронии Феҳрист  

21. Бо мақсади таъмини амнияти иттилоотӣ ва пешгирии нобудшавии маълумоти Феҳрист, ки дар шакли электронӣ нигоҳ дошта мешаванд, (дар натиҷаи вайроншавии низоми амалиётии компютер) масъулини дастгоҳи марказии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа оид ба пешбурди Феҳрист ўҳдадоранд, ки сервери эҳтиётиро ташкил ва ба таври автоматӣ ба он гузоштани иттилооти нави воридшударо таъмин намоянд.

7. Назорати саҳеҳияти пешбурди Феҳрист  

22. Назорати саҳеҳияти пешбурди Феҳрист, аз ҷумла сари вақт ворид намудан ва хориҷ намудани маълумоти дахлдор ва таъмини бехатарии иттилоотӣ, аз ҷониби воҳиди сохтории  мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа амалӣ карда мешавад.

Дополнительная информация