Қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 4.02.1994, №72

ШЎРОИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

Дар хусуси тасдиқ намудани номгўи соҳаҳои мавсимии саноат, ки кор дар онҳо дар давоми мавсими пурра ҳамчун як соли собиқаи кор барои таъин кардани нафақа ҳисоб карда мешавад


Бо мақсади иҷрои моддаи 67 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номгўи замимагардидаи соҳаҳои мавсимии саноат, ки кор дар онҳо дар давоми мавсими пурра ҳамчун як соли собиқаи кор барои таъин кардани нафақа ҳисоб карда мешавад, тасдиқ карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад,  ки аз мавсими соли 1994 сар  карда кор дар давоми мавсими пурра дар корхонаҳои соҳаҳои мавсимии саноати хўроквори ва маҳсулотбарори ҳамчун як соли собиқаи  кор  барои  таъин кардани нафақа ҳисоб карда мешавад.


Раиси Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                 А. Самадов

Мудири Корҳои Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                 Р. Мирзоев


аз 4 феврали соли 1994 №72
ш. Душанбе


Бо қарори Шўрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 феврали соли 1994 № 72
тасдиқ карда шудааст

НОМГЎИ
соҳаҳои мавсимии саноат, ки кор дар онҳо дар давоми мавсими пурра ҳамчун як соли собиқаи кор барои таъин кардани нафақа ҳисоб карда мешавад


1. Кор дар корхонаҳои соҳаҳои мавсимии саноати  хўрокворӣ ва маҳсулотбарори:

1. Кор дар корхонаҳои соҳаи консервабарори.
2. Кор дар соҳаи тайёр кардани чўбу тахта:
а) тайёр кардани замин, коштан ва шинондани дарахтони  ҷангал, нигоҳубин кардан ба дарахтони ҷангал, кор дар ниҳолхонаҳои ҷангал.
3. Кор дар корхонаҳои соҳаҳои  мавсимии системаи  саноати  гўшту шир.

Дополнительная информация