ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ДАВЛАТИИ ИҶТИМОӢ

(Қонуни ҶТ аз 1.08.2003 № 35, аз 29.04.2006 № 187, аз 5.03.2007 № 244, аз 30.07.2007 № 332, аз 6.10.2008 № 440, аз 16.04.2012 № 824, аз 01.08.2012 № 893, аз 28.12.2013 № 1059)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи давлатии иҷтимоиро муайян мекунад ва амали он нисбати суғуртаҳои ихтиёрии иҷтимои татбиқ намешавад.

ФАСЛИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Суғуртаи давлатии иҷтимои

Суғуртаи давлатии иҷтимои низоми навъҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашудаи таъмини ашхоси суғурташуда ҳангоми маҳрум гардидан аз музди меҳнат ё даромад дар натиҷаи бемори, осеби меҳнати ё бемории касби, маъюби, ҳомиладори ва таваллуд, пири, бекори, аз даст додани саробон, фавтидан ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби саҳмҳои ҳатмии суғуртаи корфармоён ва шаҳрвандон иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824).
Суғуртаи давлатии иҷтимои ҳатми мебошад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ
(Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошади (Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 244).

Моддаи 3. Мафҳумҳои дар Қонун истифодашаванда

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
Суғуртакунанда - шаҳрвандон, ашхоси ҳуқуқи (корхона, муассиса, ташкилот ва дигар субъекти хоҷагидори, сарфи назар аз шакли моликият ва навъи фаъолият) ва ашхоси воқеи, ки шаҳрвандонро тибқи шартнома (қарордод) ба кироякори ҷалб мекунанд, аз ҷумла ашхоси ҳуқуқи ва воқеии хориҷи, инчунин ташкилотҳои байналхалқи, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро анҷом медиҳанд, ба ҳисоб мераванд, ки ўҳдадоранд мутобиқи қонунҳои ҷори ба суғуртаи давлатии иҷтимои саҳм ворид кунанд.
Муассисаи суғурта - шахси ҳуқуқӣ, ки фаъолияти суғуртаро мутобиқи қонунҳои ҷори дар соҳаи суғуртаи давлатии иҷтимои анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824).
Шахси суғурташуда - шахси воқеӣ, ки ба манфиати ў суғуртаи давлатии иҷтимои анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824).
Ҳодисаи суғурта - ҳодисаи рўҳдода, ки бо фаро расидани он ўҳдадории суғуртакунанда оид ба пардохти суғурта ба шахси суғурташуда ё талофии хароҷоти масрафнамудаи ў ба миён меояд.
Пардохти суғурта - маблағи пули, ки ҳангоми ба миён омадани ҳодисаи суғурта ба шахси суғурташуда тибқи ҳаҷм ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимои анҷом дода мешавад.
Саҳами суғурта - пардохти ҳатми барои суғуртаи давлатии иҷтимои, ки суғуртакунанда вазифадор аст ба муассисаи суғурта гузаронад.
Тарифҳои саҳмияҳои суғурта - андозаи саҳмияи суғурта бо фоизи ба музди меҳнати (даромад) бо ҳама асосҳо ҳисобкардашуда ё ҳаҷми мушаххас барои категорияҳои алоҳидаи суғуртакунандагон.
Баҳисобгирии инфироди - ташкил ва пешбурди баҳисобгирии маълумот оид ба ҳар як шахси суғурташуда бо мақсади суғуртаи давлатии иҷтимои (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824).
Собиқаи суғурта - давомнокии маҷмўи давраҳои пардохти саҳмияҳои суғурта барои шахси суғурташуда.
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824).
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824).
Суратҳисоби захиравии инфироди - қисми махсуси ҳисобномаи захиравии инфиродие мебошад, ки дар он маблағи захираҳои ҳатмии нафақави, даромадҳо аз сармоягузори ва индексатсияи онҳо, инчунин пардохтҳо аз ҳисоби захираҳои нафақави дарҷ гардидаанд.
Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824).

Моддаи 4. Принсипҳои суғуртаи давлатии иҷтимои

Принсипҳои асосии суғуртаи давлатии иҷтимои иборатанд аз:
хусусияти умуми ва ҳатми доштани суғуртаи давлатии иҷтимои ва таъмини ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824);  
кафолати давлатии нигоҳ доштани сатҳи бадастомадаи ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда;
табақабандии сатҳи ҳифзи иҷтимоии ашхоси суғурташуда бо назардошти саҳми меҳнатии онҳо, сабабҳои ҳодисаҳои суғурта ва дигар омилҳо (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824);
масъулияти суғуртакунанда ва муассисаи суғурта ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои ашхоси суғурташуда;
масъулияти ашхоси суғурташуда, ки иштироки бевоситаашонро барои ба расмият даровардан ва маблағгузории суғуртакунии иҷтимоии худ пешбини менамоянд;
баробарҳуқуқи ва ҳифзи ҳуқуқии субъектҳои суғуртаи давлатии иҷтимои;
иштироки намояндагони ҳамаи субъектҳои суғуртаи давлатии иҷтимои дар идораи суғуртаи давлатии иҷтимои (намояндагони давлат, суғуртакунанда, иттиҳодияҳои корфармоён ва кормандон дар симои шахси намоянда) (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824);
дастрасӣ ба таъмин ва татбиқи ҳуқуқи ашхоси суғурташуда ва ташкили назорати низоми суғуртаи давлатии иҷтимои (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 824);
махсус будани маблағҳои молиявии суғуртаи давлатии иҷтимои ва анҷом додани пардохтҳо ба ашхоси суғурташуда вобаста ба иҷрои ўҳдадориҳо оид ба суғуртаи иҷтимои;
масъулияти давлат барои истифода, ҷойгирони ва ҳифзи воситаҳои суғуртаи давлатии иҷтимои.

Дополнительная информация