ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВӢ

Қонуни мазкур асосҳои танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба танзим медарорад, инчунин вазъи ҳуқуқии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, заминаҳои пайдоиш ва тартиби татбиқи ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳо ва ҷавобгарии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро муайян мекунад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- суғуртаи ҳатмии нафақавӣ - шакли танзими давлатии муносибатҳои нафақавӣ, ки ба ташкили баҳисобгирии пардохти саҳмҳои нафақавӣ асос ёфтааст;
- ҷуброни суғуртавӣ - иҷрои ҳатмии ўҳдадориҳои мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дар назди шахси суғурташуда дар мавриди фаро расидани ҳолатҳои суғуртавӣ бо роҳи пардохтҳои иҷтимоӣ;
- маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ - маблағҳое, ки дар идоракунии мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ қарор доранд;
- буҷети муассисаи суғурта - шакли ташаккул ва сарфи маблағҳо бо мақсадҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- андўхти нафақавӣ - маблағҳои суғуртавии дар тамоми давраи фаъолияти меҳнатӣ супоридашудаи шахси суғурташуда ва даромадҳо аз ҳисоби истифодабарии ин маблағҳо, ки дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии ў қайд гардидаанд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

БОБИ 2. МУНОСИБАТҲОИ ҲУҚУҚӢ ОИД БА СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВӢ

Моддаи 3. Мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

1. Суғуртаи ҳатмии нафақавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (минбаъд - муассисаи суғурта), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, амалӣ менамояд.
2. Давлат барои ўҳдадориҳои муассисаи суғурта дар назди шахсони суғурташуда масъулияти иловагӣ дорад.

Моддаи 4. Таваккалҳои иҷтимоӣ аз рўи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

1. Таваккали иҷтимоӣ дар Қонуни мазкур аз ҷониби шахси суғурташуда ҳангоми аз даст додани музди меҳнат (пардохт, подош ба манфиати шахси суғурташуда) ё дигар даромад эътироф карда мешавад.
2. Намудҳои таваккалҳои иҷтимоӣ аз рўи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ инҳо мебошанд:
- фаро расидани пиронсолӣ;
- маъюбӣ;
- маҳрум шудан аз саробон;
- фавти нафақагир.

Моддаи 5. Ҳолати суғуртавӣ аз рўи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

Ҳолати суғуртавӣ татбиқи яке аз намудҳои таваккали иҷтимоӣ мебошад, ки дар қисми 2 моддаи 4 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.

Моддаи 6. Ҷуброни суғуртавӣ аз рўи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

1. Дар мавриди фаро расидани ҳолати суғуртавӣ муассисаи суғурта ўҳдадор аст ба шахси суғурташуда ҷуброни суғуртавии зеринро пардохт намояд:
- нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол;
- нафақаи суғуртавӣ аз рўи маъюбӣ;
- нафақаи суғуртавӣ аз рўи маҳрум шудан аз саробон;
- кўмакпулӣ барои дафни нафақагири фавтидае, ки дар рўзи фавт кор намекард.
2. Таъин, пардохт ва муайян намудани давраи ҷуброни суғуртавӣ аз рўи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 7. Саҳмҳои нафақавӣ

Маблағҳои саҳмҳои нафақавии барои шахси суғурташуда ба буҷети муассисаи суғурта воридгардида дар суратҳисоби инфиродии ў мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Моддаи 8. Андўхти нафақавӣ

1. Андўхти нафақавии шахсони суғурташуда аз ҳисоби саҳмҳои нафақавии супоридашудаи суғуртакунандагон ва ё шахсони суғурташуда ташаккул меёбад ва дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ" ба ҳисоб гирифта мешавад.
2. Тартиби пардохти маблағҳои андўхти нафақавии шахсони суғурташуда бо қоидаҳои пардохти маблағҳои андўхти нафақавӣ аз суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян мегардад.

Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ

Ба ваколатҳои мақомоти давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ дохил мешаванд:
- тасдиқи буҷети муассисаи суғурта ва ҳисобот дар бораи иҷрои он;
- муқаррар намудани тартиби қабул ва иҷрои буҷети муассисаи суғурта;
- муайян намудани тартибу шартҳои ташаккулёбӣ, ҷобаҷогузорӣ ва сармоягузории маблағҳои андўхти нафақавӣ;
- муайян намудани тартиби нигоҳдории маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- идоракунии низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- таъмини устувории молиявӣ ва тавозуни низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, аз ҷумла бо роҳи таъмини воридоти маблағҳои пардохтҳои ҳатмӣ дар ҳаҷме, ки буҷети муассисаи суғурта пешбинӣ намудааст;
- муайян намудани тартиби истифодаи маблағҳои озоди муваққатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;
- амалӣ намудани назорати давлатӣ ва назорати татбиқи ҳуқуқи шахсони суғурташуда ба ҷуброни суғуртавӣ.

Дополнительная информация