ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1993, №15-16, мод.350; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод.48, Фасли XVIII; с. 1997, №9, мод.117, Фасли VI; с. 1998, №10, мод.119, Фасли V; №22, мод.318; с. 1999, №5, мод.61; №9, мод.236; №12, мод.351; с. 2002, №4, қ.1, мод.158; №11, мод.711; мод. 735; с. 2005, №7, мод.406; с. 2007, №7, мод.695; с. 2008, №10, мод.823; с. 2009, №9-10, мод.547; с. 2011, №12, мод.853; с. 2012, №4, мод.273; №7, мод.703)

(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 22.05.1998 № 622, аз 13.11.1998 № 696, аз 14.05.1999 № 748, аз 3.09.1999 № 832, аз 11.12.1999 № 911, аз 2.12.2002 № 76, аз 2.12.2002 № 84, аз 25.07.2005 № 104, аз 30.07.2007 № 333, аз 06.10.2008 № 442, аз 5.10.2009 № 554, аз 26.12.2011 № 789, аз 16.04.2012 № 823, аз 03.07.2012 № 853, аз 18.03.2015 № 1199)

Қонуни мазкур мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми шаҳрвандоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ҳуқуқи таъминоти моддиро тавассути додани нафақаҳои меҳнатию иҷтимоии дар ҳамин Қонун пешбинишуда кафолат медиҳад.

Қонун ба он равона шудааст, ки меҳнатро ҳамчун манбаи афзоиши сатҳи некўаҳволии халқ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳарчи пурратар ба назар гирифта, аз муносибати баробарҳақдиҳӣ дар таъмини нафақа сарфи назар шавад. Ин Қонун ягонагии шарту меъёрҳои таъмини нафақаи коргарон, хизматчиён, аъзоёни колхозҳо ва дигар категорияҳои меҳнаткашонро муқаррар менамояд.

Қонун ҳимояи иҷтимоии нафақахўронро бо роҳи муқаррар намудани нафақаҳо барои кифояти ақали зиндагӣ, инчунин мунтазам дида баромадани андозаҳои онҳоро бинобар каму зиёд шудани андозаи ҳадди ақали буҷети истеъмолӣ ва баланд шудани самаранокии иқтисодиёти ҷумҳурӣ кафолат медиҳад.

ФАСЛИ I.ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъмини нафақа

(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи синну сол, аз рўи маъюбӣ, ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ва сабабҳои дигари дар Қонуни мазкур пешбинишуда ба таъмини нафақа ҳуқуқ доранд. Шаҳрвандони давлатҳои дигар ва шахсони бетабаае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа ҳуқуқ доранд, агар шарти дигаре дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашуда бошад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 2. Намудҳои нафақа

Мувофиқи ҳамин Қонун чунин нафақаҳо таъин карда мешаванд:

а) нафақаҳои меҳнатӣ:

аз рўи синну сол (пиронсолӣ);

аз рўи маъюбӣ;

барои маҳрум шудан аз саробон;

барои хизмати дарозмуддат;

б) нафақаҳои иҷтимоӣ.

Моддаи 3. Шахсоне, ки ба нафақаи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд

Шахсони зерине, ки бо меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ машғуланд, дар сурати риояи шартҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур ба нафақаи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд:

а) шахсоне, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ (контракт) дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, кооперативҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва хоҷагидориашон ё дар асоси узвият дар колхозҳо ва дигар кооперативҳо кор мекунанд, ба шарте ки корхонаю ташкилотҳо ба мақомоти ваколатдор ҳаққи суғурта диҳанд(Қонуни ҶТаз 30.07.2007 № 333);

б) шахсоне, ки бо фаъолияти меҳнатии инфиродӣ, аз ҷумла дар асоси шартҳои иҷоракории инфиродӣ (гурўҳӣ) ё дар хоҷагии шахсии деҳқонӣ (фермерӣ), инчунин соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома машғул мебошанд, ба шарте ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи суғурта диҳанд(Қонуни ҶТаз 5.10.2009 № 554);

в) аъзои иттифоқҳои эҷодӣ, инчунин дигар кормандони эҷодие, ки узви иттифоқҳои эҷодӣ намебошанд, ба шарте ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи суғурта пардозанд;

г) шахсоне дигаре, ки воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ мебошанд;

д) кормандони воҳидҳои ҳарбишудае, ки воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд, шахсони сардорикунанда ва қатории хадамоти алоқаи махсуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);

е) донишҷўёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, омўзишгоҳу мактабҳо ва курсҳои омўзиши кадрҳо, аспиранту ординаторҳои клиникӣ, докторантҳо;

ж) шахсоне, ки ба нисбати иҷрои вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ ё иҷрои вазифаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи наҷот додани ҳаёти инсон, муҳофизати моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ, коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ маъюб гаштаанд;

з) шахсоне, ки маъюби гурўҳи 1 ё кудаки маъюби то 18-сола, инчунин шахси кўҳансоли ба синни 80 расидаро нигоҳубин мекунанд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);

и) аъзои оилаи шахсони дар ҳамин модда зикршуда ва нафақахўрон аз ҷумлаи ин шахсон, дар сурати маҳрум шудан аз саробон.

Дополнительная информация