ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 4. Таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаи онҳо

Шарту меъёрҳо ва тартиби таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони воҳидҳои ҳарбишудае, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд ва аъзои оилаи онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" муқаррар карда мешаванд. Инчунин ба онҳо барои гирифтани нафақа бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҳуқуқ дода мешавад. Дар чунин ҳолат пардохти нафақаи мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" таъиншуда қатъ мегардад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 4 (1). Шахсоне, ки ба нафақаи пеш аз мўҳлат ҳуқуқ доранд

Ба нафақаи пеш аз мўҳлат як сол қабл аз расидани синну соли нафақа шаҳрвандоне ҳуқуқ доранд, ки ба сабабҳои новобаста аз онҳо бекор мондаанд ва ҳаққи гирифтани ёрдампулӣ аз рўи бекорӣ дар муддати 52 ҳафтаи тақвими доранд: мардҳо - бо собиқаи кори на камтар аз 25 сол ва занон - бо собиқаи на камтар аз 20 сол.

Ба хизматчиёни давлатӣ, ки ҳангоми барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ, ки аз мансаби давлатӣ озод шудаанд, дар сурати доштани собиқаи умумии меҳнатии иборат аз 25 сол барои мардҳо ва 20 сол барои занҳо ва аз ин на кам аз 10 солаш собиқаи хизмати давлатӣ бошад, ҳуқуқ дода мешавад, ки ду сол пеш аз мўҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа бароянд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Хорич карда шуд(Қонуни ҶТаз 30.07.2007 № 333).

Нафақае, ки барои бекорон пеш аз мўҳлат таъин шудааст, дар сурати ба кор даромадани онҳо пардохта намешавад. Баъди ба синни нафақа расидани чунин шахсон, ки дар ин маврид онҳо дар асосҳои умумӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо мекунанд, ба онҳо тибқи моддаи 20-уми ҳамин Қонун нафақа дода мешавад(Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 4 (2). Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТаз 25.07.2005 № 104)

Моддаи 5. Ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ

Тамоми шахсоне, ки қобилияти меҳнат надоранд, сарфи назар аз мансубияти иҷтимоияшон бо шартҳои муайянкардаи ҳамин Қонун ба гирифтани нафақаи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.

Моддаи 6. Ҳуқуқи интихоби нафақа

Ба шахсоне, ки дар як вақт ҳуқуқи гирифтани нафақаҳои гуногунро доранд, мувофиқи интихобашон як нафақа таъин карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 7. Муроҷиат барои таъини нафақа

Баъд аз ҳуқуқ пайдо кардан ба нафақа бидуни маҳдудияти мўҳлат барои таъини нафақа муроҷиат намудан мумкин аст.

Дар айни замон нафақа аз рўи синну сол ва маъюбӣ, сарфи назар аз он, ки фаъолият пеш аз лаҳзаи муроҷиат барои нафақа қатъ гардидааст ё давом дорад, таъин карда мешавад. Нафақа барои хизмати дарозмуддат дар сурати тарк намудани коре, ки ба чунин нафақа ҳуқуқ медиҳад, таъин карда мешавад.

Моддаи 8. Маблағҳои пардохти нафақа. Аз андоз озод намудани нафақаҳо

Нафақа аз мақомоти ваколатдор пардохта мешавад(Қонуни ҶТаз 30.07.2007 № 333).

Аз нафақа андоз ситонида намешавад.

Маблағҳои мақомоти ваколатдор ба даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ дар фасли алоҳидаи таснифоти буҷетӣ дохил карда мешаванд ва хислати истифодаи мақсаднок дошта, ба мақсадҳои дигар истифода намешаванд(Қонуни ҶТаз 12.12.1997 № 421,аз 30.07.2007 № 333).

Моддаи 9. Мақомоте, ки бо нафақа таъмин мекунанд

Таъмини нафақа мувофиқи ҳамин Қонун аз ҷониби мақомоти ваколатдор сурат мегирад(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).

Идоракунии мақомоти ваколатдор ва экспертизаи давлатии шароити меҳнат мутобиқи зарару гарониаш ба тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Истифодаи яксони ҳамин Қонунро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад(Қонуни ҶТаз 12.12.1997 № 421,аз 30.07.2007 № 333).

Моддаи 10. Масъалаҳое, ки дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд

Ба ғайр аз масъалаҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда, ҳамчунин масъалаҳои вобаста бо тартиби таъин кардан ва пардохти нафақа, муайян намудани хусусиятҳои ҳисобкунии собиқаи кории категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандон вобаста ба риоя намудани кафолатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Дополнительная информация