ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

в) нафақаи аз рўи маъюбӣ барои Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ вa шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи нишони Шараф мукофотонида шудаанд, 25 фоиз, барои Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ 20 фоиз ва шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи нишони Шарафи Меҳнат, барои шахсони аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз 6 моҳ дар хизмати ҳарбибуда (ғайр аз шахсоне, ки дар ҳайати артиши амалкунанда буданд), ҳамчунин барои онҳое, ки дар давоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945), камтар аз 6 моҳ кор кардаанд, ба истиснои вақти корӣ дар ҷойҳои муваққатан аз тарафи душман ишғолшуда мукофотонида шудаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои меҳнати шуҷоатнок ё барои хизмати шоёни ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945) бо ордену медалҳо мукфотонида шудаанд - 15 фоизи маоши камтарин аз рўи синну сол меафзояд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);

г) нафақа аз рўи маъюбӣ барои гурўҳҳои I ва II, дар натиҷаи маҷрўҳшавӣ ё бемории мансуб ба минтақаи офати экологӣ мебошад, 150 фоиз, барои гурўҳ III - дар натиҷаи чунин сабаб ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

д) нафақа аз рўи маъюбӣ барои шахсони гирифтори вируси иммунодефитсити одам (ВИЧ) ё СПИД ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

е) нафақа аз рўи маъюбӣ ба шахсоне, ки унвони "Донори фахрии СССР" доранд,ба андозаи 10 фоизи нафақаи муқарраргардида зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223,аз 16.04.2012 № 823);

ж) нафақа аз рўи маъюбӣ ба сокинони Ленингради муҳосирашуда аз давраи 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 ва асирони ноболиғи конслагерҳои фашистӣ, ҷойҳои ақаллиятнишин ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурии аз ҷониби фашистони олмонӣ ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ташкилшуда ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);

з) нафақа аз рўи маъюбӣ ба шахсоне, ки беасос аз рўи ангезаҳои сиёсӣ ҳабс шуда буданду баъдан онҳо сафед карда шудаанд, ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);

и) нафақа аз рўи маъюбӣ ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мургоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон истиқомати доимӣ мекунанд, ба андозаи ду нафақаи ҳадди ақали синну сол зиёд карда мешавад(Қонуни ҶТаз 13.11.1998 № 696);

к) иловапулиҳо ба нафақаи аз рўи маъюбӣ таъиншудаи шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардида мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТаз 2.12.2002 № 76);

Иловапулиҳои дар бандҳои "а", "б", "в", "г", "д", "е", "ж", "з", "и" в "к"-и ҳамин модда пешбинишудa метавонанд дар як вақт ҳисоб карда дода шаванд (Қонуни ҶТаз 2.12.2002 № 76).

Дар сурати бо ду ва бештар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидани шаҳрванд, ки онҳо иловапулиҳоро ба нафақа пешбинӣ мекунанд, ба ў иловапулии миқдораш зиёдтар дода мешавад (Қонуни ҶТаз 2.12.2002 № 76).

Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд ва ҳуқуқи гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иловапулиҳо ба нафақаи барояшон таъингардида доранд, метавонанд бо хоҳиши худ яке аз онҳоро интихоб кунанд (Қонуни ҶТаз 2.12.2002 № 76).

Ба нафақа аз рўи маъюбии хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалистӣ дар қаламрави дигар давлатҳо дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок кардаанд ва иштирокчиёни минтақаҳои офатҳои экологӣ ба андозаи 75 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол иловапулӣ муқаррар карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 32. хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199)

Моддаи 33. Мўҳлати пардохти нафақа дар сурати тағйир ёфтани гурўҳи маъюбӣ ё барқарор гаштани қобилияти корӣ

Дар сурати тағйир ёфтани гурўҳи маъюбӣ нафақа ба андозаи нав аз рўи тағйири гурўҳи маъюбӣ пардохта мешавад.

Дар сурати қобили кор донистани маъюбе, ки аз муоинаи такрорӣ гузаштааст, нафақа то охири моҳе, ки дар давоми он маъюб қобили кор дониста шудааст, пардохта мешавад, вале барои давраи на бештар аз он рўзе, ки маъюбӣ муқаррар гардидааст.

Моддаи 34. Шартҳои аз нав барқарор намудани пардохти нафақа дар сурати пайдоиши фосила дар давраи маъюбӣ

Агар маъюб дар мўҳлати муқарраргардида барои муоинаи такрорӣ ба комиссияи экепертии тиббию меҳнатӣ ҳозир нашуда бошад, пардохти нафақаи ў боздошта мешавад ва дар мавриди маъюб донистани ў аз рўзи боздошти нафақа, вале барои давраи на бештар аз як моҳ аз нав барқарор карда мешавад.

Дар сурати бо сабаби узрнок дар мўҳлати муқарраргардида нагузаштан аз муоинаи такрорӣ нафақа бо қарори мақомоти ваколатдор аз рўзи боздошти пардохт то рўзи муоинаи такрорӣ, вале барои давраи на бештар аз 3 сол пардохта мешавад, агар Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар ин давра шахсро маъюб донад. Дар айни замон, агар дар натиҷаи муоинаи такрорӣ шахси маъюб ба гурўҳи дигари маъюбӣ (гурўҳи баландтар ё пасттари маъюбӣ) гузаронида шавад, нафақаи давраи мазкур аз рўи гурўҳи пештара пардохта мешавад(Қонуни ҶТаз 30.07.2007 № 333, аз 26.12.2011 № 789).

Агар пардохти нафақа ба маъюбӣ бар асари бемории умумӣ қобилияти кориашро аз дастдода бо сабаби аз нав барқарор шудани қобилияти корӣ қатъ гардида бошад, ё ў бар асари ҳозир нагаштан ба муоинаи такрорӣ бе сабаби узрнок нафақаашро нагирифта бошад, дар ин ҳолат дар сурати эътирофи минбаъдаи маъюбии вай, пардохти нафақаи пештар таъингардида аз рўзи муқаррар намудани маъюбӣ аз нав барқарор карда мешавад, ба шарте ки пас аз қатъ гардидани пардохти нафақа на бештар аз 5 сол гузашта бошад. Агар беш аз 5 сол гузашта бошад, нафақа аз нав дар асосҳои умумӣ таъин карда мешавад.

Дополнительная информация