ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 35. Пардохти нафақа ба маъюбоне, ки маош ё даромади дигар доранд

Нафақа аз рўи маъюбӣ, сарфи назар аз маош ё даромади дигар, бе иловапулӣ барои хўрандаҳо пардохта мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

ФАСЛИ IV. НАФАҚА БА САБАБИ МАҲРУМ ШУДАН A3 САРОБОН

Моддаи 36. Аъзои оилае, ки ба нафақа ҳуқуқ доранд

Ба нафақа барои маҳрум шудан аз саробон аъзоёни азкорафтодаи оилаи саробонаш фавтида, ки таҳти таъминоти ў қарор доштанд, ҳуқуқ доранд (моддаи 37). Зимнан, нафақа ба фарзандони ғайри қобили меҳнат, ба волидайн ва ҳамсари азкорафтода ва ҳамчунин ба волидайн ва ҳамсарони ғайри қобили меҳнати шаҳрвандони дар натиҷаи осеби ҳарбӣ фавтида (ҳалокгардида), ба аъзоёни оилаҳои хизматчиёни ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

ба аъзоёни оилаҳои шахсони дар вақти гузаштани хизмати ҳарбӣ фавтида (ҳалокшуда) ва ё агар сабаби марг ба иҷрои хизмати ҳарбӣ алоқаманд набошад ва агар ин аъзоёни оила баъд аз сари саробонашон манбаи даромадро барои зиндагӣ аз даст дода бошанд, ба яке аз волидон, ба ҳамсар ё дигар аъзои оилаи дар банди "в"-и ҳамин модда нишон додашуда таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Инҳо аъзои корношоями оила ба ҳисоб мераванд:

а) фарзандон, бародару хоҳарон ва набераҳои ба синни 18 нарасида, ё аз ин синну сол калонтар, агар онҳо то расидан ба синни 18 маъюб шуда бошанд, зимнан бародарону хоҳарон ва набераҳо - ба шарте, ки волидайни қобили кор надошта бошанд;

б) падар, модар, зан, шавҳар, агар онҳо ба синну соли зерини нафақавӣ расида бошанд: мардҳо - 63 сол, занҳо - 58 сол ё онҳо маъюб бошанд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);

в) яке аз волидайн ё ҳамсар, бобо, бибӣ, бародар ё хоҳар сарфи назар аз синну сол ва қобилияти корӣ, агар онҳо кор накунанд ва машғули нигоҳубини кўдакон, бародару хоҳарон ё набераҳое бошанд, ки ба синни 8 нарасида саробонашон фавтидааст;

г) бобою бибӣ - дар сурати набудани шахсоне, ки мувофиқи Қонун онҳоро бояд таъмин кунанд;

д) донишҷўёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (таҳсили рўзона) то вақти хатми муассисаҳои мазкур, вале на зиёда аз синни 23-солагӣ(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);

Хорич карда шуд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Тамоми қоидаҳои ҳамин Қонун, ки ба оилаҳои фавтидагон тааллуқ доранд (азбаски шарти дигаре зикр нагардидааст), мутобиқан ба оилаҳои касони беному нишон гумшуда дахл доранд, ба шарте ки гум шудани саробон бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шуда бошад. Оилаҳои хизматчиёни дар давраи амалиёти ҳарбӣ бе ному нишон гумшуда ба оилаҳои дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ҳалокшуда баробар дониста мешаванд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 36.1 Ҳуқуқ ба нафақаи имтиёзнок

Ҳамсарони шаҳрвандони дар асари осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1) вафоткарда (ҳалокшуда), ки кўдаки то 8-солаи шахси фавтида (ҳалокшуда)-ро нигоҳубин мекунанд, сарфи назар аз синну сол, қобилияти меҳнатӣ ва аз он ки ҳамсараш кор мекунад, ё не ба нафақаи ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд.

Ба волидайн ё ҳамсарони шахсони дар натиҷаи осеби ҳарбӣ вафоткарда (ҳалокшуда) (моддаи 24.1) нафақа ба сабаби маҳрум шудан саробон ҳангоми расидан ба синни 53-солагӣ таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223,аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 37. Аъзои оила, ки хўранда дониста мешаванд

Аъзои оилаи марҳум ё хизматчии фавтидаи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ дар сурате хўрандаи ў ҳисоб меёбанд, ки агар онҳо дар таъминоти пурраи вай буда, ё аз ў кўмаке мегирифта бошанд, ки барояшон манбаи доимӣ ва асосии ҳаёт бошад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Аъзои оилаи марҳум ё хизматчии фавтидаи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, ки ёрии ў барояшон манбаи доимӣ ва асосии ҳаёт буд ва худашон ягон хел нафақа мегирифтанд, ҳақ доранд, ки ба нафақаи нав гузаранд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 38. Додани нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба кўдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд

(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)

Ба кўдакони ятиму бекас дар давраи таҳти таъминоти пурраи давлат буданашон нафақа пурра дода мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Ба кўдаконе, ки аз падар ё модар маҳрум шудаанд ва дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, 25 фоизи нафақаи таъиншуда пардохт карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Тартиби пардохти нафақаро ба кўдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Дополнительная информация