ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 39. Ҳуқуқи нафақаи падархонду писархонд

Падархондҳо баробари волидайн, писархондҳо баробари фарзандони худи ба нафақа ҳақ доранд.

Ноболиғоне, ки барои маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқи нафақагирӣ доранд, дар сурати писархонд шуданашон ҳам аз ин ҳуқуқ маҳрум нагарданд.

Моддаи 40. Ҳуқуқи нафақаи падарандару модарандар, писарандару духтарандар

Агар падарандару модарандар писарандар ё духтарандари фавтидаро (ҳалокшударо) камаш 5 сол тарбия ё таъмин карда бошад, баробари падару модар ба нафақа ҳақ доранд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223,аз 16.04.2012 № 823).

Агар писарандару духтарандар аз волидайн алимент намегирифта бошанд, баробари фарзандони ҳамхуни падарандару модарандар ба нафақа ҳақ доранд.

Моддаи 41. Боқӣ мондани нафақа ҳини ақди никоҳи нав

Нафақае, ки бинобар вафоти ҳамсар таъин гардидааст, баъд аз ақди никоҳи нави нафақахўр ҳам бокӣ мемонад.

Моддаи 42. Собиқаи кории саробон, ки ҳуқуқи нафақагирӣ медиҳад

Ба оилаи саробоне, ки аз сабаби маъюбии меҳнатӣ ё бемории касбӣ вафот кардааст, инчунин ба оилаи нафақахўри марҳум, сарфи назар аз собиқаи кории саробон, нафақа таъин карда мешавад.

Нафақа барои маҳрум шудан аз саробоне, ки бинобар бемории умумӣ ё маъюбии новобаста ба кор фавтидааст, дар сурате таъин карда мешавад, ки собиқаи кории саробон то рўзи вафоташ барои таъини нафақаи маъюбӣ мувофиқ бошад (моддаи 23-юми ҳамин Қонун).

Ба оилаҳои донишҷўён, аспирантҳо ва ординаторҳои клиникие, ки то вақти дохил шудан ба таълимгоҳ, курс, аспирантура ва ординатураи клиникӣ кор накардаанд, нафақа мутобиқан бо худи ҳамин асосҳо таъин карда мешавад, ки дар мавриди маъюбӣ ба ин донишҷўён, аспирантҳо ва ординаторҳои клиникӣ (моддаи 26-уми Қонуни мазкур) таъин карда мешавад.

Ба оилаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷирони мамлакатҳои дигар, агар саробонашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор накарда бошанд, нафақа дар мавридҳои зерин таъин карда мешавад:

а) ба оилаҳое, ки дар мамлакатҳои дигар бинобар бесаробон монданашон нафақа мегирифтанд, сарфи назар аз собиқаи кории саробон;

б) ба оилаҳое, ки нафақа намегирифтанд, ба шарте ки саробонашон то рўзи қатъ кардани кор собиқаи кории лозима дошта бошад (моддаи 23-юми Қонуни мазкур) ва дар сурати фавти ў аз сабаби маъюбии меҳнатӣ ё бемории касбӣ - сарфи назар аз собиқаи кории саробон.

Моддаи 43. Андозаи нафақа

Нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба ҳар узви корношоями оила 50 фоизи маоши саробон (моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур), вале на камтар аз 50 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол, таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223аз 14.05.1999 № 748,аз 16.04.2012 № 823).

Нафақаи кўдаконе, ки аз волидайнашон маҳрум шудаанд (ятимонн бекас) ё кўдакони модари яккаи фавтида ба ҳар як кўдак набояд камтар аз 100 фози ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну солҚонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223,аз 12.12.1997 № 421, аз 16.04.2012 № 823).

Нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба ҳар як аъзои ғайри қобили меҳнати оила баробари 60 фоизи музди меҳнат (таъминоти пулӣ), ки дар моддаи 70-уми ҳамин Қонун муқаррар шудааст, таъин карда мешавад, аммо на камтар аз андозаи ду нафақаи ҳадди ақал аз рўи синну сол Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223,аз 14.05.1999 № 748).

Ҳадди ниҳоии нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба ҳар як узви корношоями оила ба андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи синну сол муқаррар карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 44. Ҳисоби нафақаи ятимони бекас

Нафақаи кўдакони ятими бекас аз маблағи умумии маоши падару модар бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 45. Нафақаҳо дар мавриди собиқаи нопурраи кор

Ба аъзои оилае, ки бесаробон мондааст ва ин саробон аз бемории умумӣ вафот кардаасту барои таъин кардани нафақаи пурраи маъюбӣ собиқаи кории кофӣ надорад (моддаи 23-юми Қонуни мазкур), нафақаи мутаносибан ба андозаи собиқаи кории саробон таъин карда мешавад.

Ба оилаҳои нафақахўрони фавтида, ки дар сурати пурра набудани собиқаи корӣ нафақа мегирифтанд, мутаносибан ба собиқаи корие, дар асоси он ба саробони фавтида нафақа муқаррар шуда буд, таъин карда мешавад.

Дар ҳар сурат андозаи нафақа ба ҳар як узви корношоями оилаи саробони фавтида наметавонад аз 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол камтар бошад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Дополнительная информация