ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 46. Андозаи нафақаи оилаҳои талабаю донишҷўён

Ба оилаҳои донишҷўёни таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, омўзишгоҳҳо, мактабҳо ва курси омўзиши кадрҳо, аспиранту ординаторҳои клиникӣ, ки то вақти ба таълимгоҳ, курс, аспирантура ё ординатураи клиникӣ дохил шуданашон кор намекарданд, нафақа ба андозае, ки дар моддаи 43-юми Қонуни мазкур муқаррар гардидааст, таъин карда мешавад.

Моддаи 47. Андозаи нафақаи оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ҳалок шудаанд

Ба оилаҳои шахсоне, ки бинобар иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё иҷрои вазифаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, ҳифзи моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳалок шудаанд (шахсони дар бандҳои "а", "е", ва "з"-и моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикргардида), нафақа ба андозаи дар моддаи 43-юми Қонун муқарраргардида таъин карда мешавад.

Моддаи 47.1 Шартҳои таъин намудани нафақа барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ

Нафақаи барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ (аз ҷумла партизанҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ муқарраршуда вақте таъин карда мешавад, ки агар саробон дар натиҷаи осеби ҳарбӣ, ё худ бемориҳои давраи адои хизмати ҳарбӣ вафот карда бошад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Хорич карда шуд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 47.2 Ҳуқуқи нафақаи барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ пешбинигардида

Нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ё бемории давраи хизмати ҳарбӣ, сарфи назар аз давомнокии собиқаи умумии корӣ, аз ҷумла хизмати ҳарбии саробон таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 48. Андозаи нафақаи оилаҳои нафақахўрон

Ба оилаҳои нафақахўрони фавтида нафақа мутобиқан аз рўи меъёрҳое, ки барои оилаҳои шахсони дар моддаи 3-юми Қонуни мазкур зикргардида муқаррар шудаанд, таъин карда мешавад.

Моддаи 49. Ҳуқуқи муроҷиат барои таъини нафақа бе маҳдудияти мўҳлат

Оилае, ки бинобар бесаробон монданаш ба нафақа ҳуқуқ дорад, метавонад барои таъин кардани нафақа бе ҳеҷ маҳдудияти мўҳлат ҳар вақт пас аз фавтидан ё беному нишон дониста шудани саробон муроҷиат кунад.

Барои маҳрум шудан аз саробон ба инҳо нафақа таъин карда мешавад:

а) ба оилаҳои шахсони дар моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикргардида, сарфи назар аз он, ки саробон чӣ вақт фавтидааст: дар давраи кор (таҳсил) ё пас аз қатъ кардани кор (таҳсил);

б) ба оилаҳои нафақахўрон, агар саробон дар давраи гирифтани нафақа ё на дертар аз 5 соли пас аз қатъ гардидани пардохти нафақа фавтида бошад.

хорич карда шуд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 50. Давраи таъин кардани нафақа. Тағйир додани андозаи нафақа

Нафақа дар мавриди маҳрум шудан аз саробон мувофиқи моддаи Қонуни мазкур барои тамоми даврае, ки дар давоми он узви оилаи марҳум корношоям ба ҳисоб меравад, таъин карда мешавад. Ба он аъзои оила, ки ба синни зерин расидаанд, ин нафақа умрбод таъин карда мешавад: мардҳо - 63-сола, занҳо - 58-сола(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Тағйири андозаи нафақа ё қатъи пардохти он ба аъзои оила аз рўзи аввали моҳи дигари рўй додани ҳодисае, ки боиси тағйир ёфтани андозаи нафақа ё қатъи пардохти он гаштааст, сурат мегирад.

Моддаи 51. Таъини як нафақа ба ҳамаи аъзои оила. Ҷудо кардани ҳиссаи нафақа

Ба ҳамаи аъзои оила, ки ба нафақа ҳақ доранд, як нафақаи умумӣ таъин карда мешавад.

Бо талаби узви оила ҳиссаи нафақаи ў ҷудо карда, алоҳида дода мешавад.

Ҳиссаи нафақа аз рўзи аввали моҳи дигари расидани аризаи тақсими нафақа ҷудо карда мешавад.

Моддаи 52. Андозаи нафақа дар сурати тағйири шумораи аъзои оила

Дар сурати тағйир ёфтани шумораи аъзои оила, ки барои маҳрум шудан аз саробон бо нафақа таъмин карда мешаванд, нафақа низ мутобиқан аз рўи шумораи аъзои оила, ки ба нафақа ҳақ доранд, кам ё зиёд карда мешавад.

Ҳамин гуна тағйири нафақа дар мавридҳое сурат мегирад, ки пардохти нафақа ба яке аз аъзои оила пас аз барҳам хўрдани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани пардохти нафақа шуда буданд, боздошта ё барқарор карда мешавад.

Моддаи 53. Тартибу мўҳлати муқаррар кардани маъюбии аъзои оила

Ба аъзои оила, ки маъюб мебошанд, қоидаҳои дар моддаҳои 21, 22, 33, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 34-уми Қонуни мазкур баён гардида мувофиқан татбиқ мешаванд(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199).

Моддаи 54. Додани нафақа сарфи назар аз музди кор ва даромадҳои дигар

Нафақа барои маҳрум шудан аз саробон, сарфи назар аз музди кор ва даромадҳои дигари нафақахўр дода мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Дополнительная информация