ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАСЛИ V. НАФАҚА БАРОИ ХИЗМАТИ ДАРОЗМУДДАТ

Моддаи 55. Асоси таъмини нафақа барои хизмати дарозмуддат

Нафақа барои хизмати дарозмуддат ба категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандони машғули корҳое муқаррар карда мешавад, ки иҷрояшон боиси аз даст додани қобилияти ихтисосии корӣ ё коршоямӣ то фаро расидани синне мешавад, ки ҳуқуқи ба нафақа баромадан медиҳад.

Моддаи 56. Нафақа барои хизмати дарозмуддат ба категорияҳои алоҳидаи кормандони авиатсия ва ҳайати озмоишгарони ҳавопаймо

Категорияҳои зерини коргарон ва хизматчиёни авиатсия, инчунин ҳайати озмоишгарони ҳавопаймо, сарфи назар аз тобеияти идоравии корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки дар он ҷо кор мекунанд, ба нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ доранд:

а) ҳайати ҳавонавардон ва озмоишгарони ҳавопаймо дар мавриди доштани собиқаи хизматии на камтар аз 25 сол барои мардҳо ва на камтар аз 20 сол барои занон дар ҳамин вазифа.

Кормандони номбурда, ки аз корҳои парвоз аз сабаби вазъи саломатӣ (беморӣ) озод гардидаанд, дар сурати доштани собиқаи хизматии камаш 20 сол барои мардҳо ва камаш 15 сол барои занҳо мутаносибан ба вақти коркардаашон ба нафақа ҳуқуқ доранд.

Феҳристи мансаби кормандони ҳайати парвоз, тартиби ҳисоб кардани мўҳлати хизмати дарозмуддати таъини нафақаи онҳо, инчунин тартиби таъин кардану додани нафақа ба ҳайати озмоишгарони ҳавопаймо мувофиқи тартибе тасдиқ мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;

б) кормандоне, ки ҳаракати ҳавоиро идора мекунанду шаҳодатномаи диспетчерӣ доранд:

мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар идораи бевоситаи парвозҳои ҳавопаймоҳо;

занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он 10 солаш дар идораи бевоситаи парвозҳои ҳавопаймоҳо.

Ба собиқаи хизмати дарозмуддати кормандоне, ки парвози ҳавопаймоҳоро идора мекунанд, ҳамчунин кори дар банди ,а,-и ҳамин модда зикргардида ба ҳисоб гирифта мешавад;

в) ҳайати инженерию техникӣ - аз рўи номгўи вазифаю корҳое, ки бо тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда тасдиқ мегардад:

мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар авиатсияи ғайринизомӣ, аз он на кам тар аз 20 солаш дар вазифаҳои зикргардида;

занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол дар авиатсияи ғайринизомӣ, аз он на камтар аз 15-солаш дар вазифаҳои зикргардида;

Ба собиқаи хизмати дарозмуддати кормандони ҳайати инженерию техникӣ ҳамчунин коре, ки дар бандҳои "а" ва "б" ҳамин модда зикр гардидааст, ҳисоб карда мешавад;

г) ходимони ҳавопаймоҳо:

мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 15-солаш ба сифати ходими ҳавопаймо;

занҳо - пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш ба сифати ходими ҳавопаймо.

Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад(Қонуни ҶТаз 11.12.1999 № 911).

Моддаи 57. Нафақаи хизмати дарозмуддати категорияҳои алоҳидаи кормандони соҳаҳои дигари хоҷагии халқ

Ба нафақаи хизмати дарозмуддат инҳо ҳуқуқ доранд:

Банди "а" кисми якуми моддаи хорич карда шуд(Қонуни ҶТаз 14.05.1999 № 748).

а) кормандони экспедитсияҳо, гурўҳҳо, дастаҳо, бригадаю участкаҳое, ки бевосита дар корҳои иктишофи геологӣ, пайҷўи топографию геодезӣ, геофизикӣ, гидрологӣ, ҷангалдорӣ ва корҳои таҳқиқоти машғул мебошанд:

мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда;

занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш дар корҳои зикргардида.

Зимнан кори бевоситаи нимсола ё бештар аз нимсолаи саҳроӣ як соли кор ва агар аз ним сол камтар бошад, аз рўи мўҳлати воқеӣ ва дар корҳои мавсимӣ мувофиқи моддаи 67-уми Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад;

б) чўпонҳое, ки дар чарогоҳҳои баландкўҳ (зиёда аз 2000 метр) инчунин ноҳияҳои биёбонию беоб машғули кор мебошанд:

мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори зикршуда;

занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол дар кори зикргардида.

Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад(Қонуни ҶТаз 11.12.1999 № 911).

Дополнительная информация