ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 58. Нафақаи хизмати дарозмуддати категорияҳои алоҳидаи ҳунарпешаҳои театр ва муассисаю коллективҳои дигари театру тамошогоҳҳо

Дар сурати доштани собиқаи фаъолияти эҷодии аз 20 то 30 сол мувофиқи рўйхате, ки бо тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда тасдиқ карда мешавад, категорияҳои алоҳидаи ҳунарпешаҳои театрҳо ва дигар муассисаю коллективҳои театру тамошогоҳҳо ба нафақаи хизмати дарозмуддат ҳуқуқ доранд.

Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад(Қонуни ҶТаз 11.12.1999 № 911).

Моддаи 59. Шартҳои ба хизмати дарозмуддат дохил кардани хизмати ҳарбӣ

Ба собиқаи кори эҷодии ҳунарпешаҳои театрҳо ва муассисаю коллективҳои театру тамошогоҳҳо вақти хизмати ҳарбии онҳо аз рўи ихтисос дохил карда мешавад, агар камаш аз се ду ҳиссаи собиқаи корие, ки барои таъмини нафақаи хизмати дарозмуддат лозим аст, ба кор дар вазифаҳое рост ояд, ки ба гирифтани ин нафақа ҳуқуқ медиҳанд.

Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад(Қонуни ҶТаз 11.12.1999 № 911).

Моддаи 60. Нафақаи хизмати дарозмуддати баъзе категорияҳои кормандони маориф ва тандурустӣ

Ба нафақаи хизмати дарозмуддат аз рўи номгўи муассисаҳою ташкилотҳо ва вазифаҳо, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, шахсони зерин ҳуқуқ доранд:

а) муаллимҳое, ки дар кори омўзгорӣ дар мактабҳо ва дигар муассисаҳои кўдакон бевосита машғул мебошанд - дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори зикргардида;

мардҳо - пас аз расидан ба синни 55;

занҳо - пас аз расидан ба синни 50;

б) духтурҳо ва дигар кормандони тиб, ки дар корҳои муолиҷа ва пешгирӣ намудани беморӣ дар байни аҳолӣ бевосита машғул мебошанд, дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол аз рўи ихтисос дар маҳалҳои деҳот ва посёлкаҳои типи шаҳрӣ ва на камтар аз 30 сол дар шаҳрҳо:

мардҳо - пас аз расидан ба синни 55;

занҳо - пас аз расидан ба синни 50.

Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад(Қонуни ҶТаз 11.12.1999 № 911).

Моддаи 61. Андозаи нафақа

Нафақаи хизмати дарозмуддат ва иловапулиҳо ба он ба андозаҳое, ки дар моддаҳои 16 ва 18-уми ин Қонун барои нафақа аз рўи синну сол муқаррар гардидаанд, таъин карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Нафақа аз рўи музди миёнаи меҳнати ҳармоҳаи (моддаҳои 70 - 75, 76 ва 86-уми ин Қонун) пеш аз қатъи кор, ки барои нафақаи хизмати дарозмуддат (моддаҳои 56 - 60-уми ин Қонун) ҳуқуқ медиҳад, ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 62. Тартиби пардохти нафақаи хизмати дарозмуддат

Нафақаи хизмати дарзмуддат ба кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ аз маблағи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад(Қонуни ҶТаз 14.05.1999 № 748).

Пардохти нафақаи хизмати дарозмуддат ба кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз ҳисоби маблағи ин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то расидани корманд ба синни нафақаи дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда гузаронида мешавад, сурат мегирад(Қонуни ҶТаз 14.05.1999 № 748).

Нафақаи хизмати дарозмуддат дар давраи кор аз рўи тартибе, ки дар моддаи 20-уми ин Қонун пешбинӣ шудааст, пардохта мешавад, аммо нафақаи хизмати дарозмуддат дар давраи кор дар вазифае, ки ба таъини ин намуди нафақа ҳуқуқ медиҳад, пардохта намешавад(Қонуни ҶТаз 14.05.1999 № 748,аз 11.12.1999 № 911).

ФАСЛИ VI. ҲИСОБИ СОБИҚАИ КОРӢ БАРОИ ТАЪИНИ НАФАҚАИ МЕҲНАТӢ

Моддаи 63. Намудҳои фаъолияти меҳнатӣ, ки мавриди таъини нафақа ҳамчун собиқаи корӣ ҳисоб карда мешаванд

(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)

Фаъолияти меҳнатие, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ дар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ, инчунин дар асоси узвият дар колхозҳо ва дигар кооперативҳо, сарфи назар аз хусусияту давомнокии кор ва муддати танаффус, иҷро карда мешавад, собиқаи корӣ ба ҳисоб меравад, ба шарте, ки аз музди меҳнат ё даромад аз чунин фаъолият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шуда бошанд.

Ҳангоми ҳисоб кардани собиқаи корӣ дар колхоз барои давраи пас аз соли 1965, агар узви колхоз бе сабаби узрнок дар хоҷагии ҷамъиятӣ ба ҳадди ақали муқарраршуда кор накарда бошад, вақти кор аз рўи давомнокии воқеӣ ба назар гирифта мешавад.

Дополнительная информация