ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба собиқаи корӣ чунин корҳо низ дохил карда мешаванд:

а) хизмати ҳарбии касбӣ ва хизмат дар дигар воҳидҳои ҳарбишудае, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд;

б) фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарте, ки аз даромади чунин фаъолият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шуда бошанд;

в) ҳар кори дигаре, ки зимни иҷрои он шахс мавриди суғуртаи иҷтимоӣ қарор гирифтааст;

г) фаъолияти эҷодии шахсоне, ки дар банди в) моддаи 3 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд. Дар ин ҳол фаъолияти эҷодии аъзои Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи бастакорон, Иттифоқи кинематографистон, Иттифоқи ходимони театр ва дигар кормандони эҷодие, ки аъзои иттифоқҳои эҷодӣ нестанду дар кумитаҳои дахлдори касбӣ муттаҳид шудаанд, то вақти мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур, сарфи назар аз пардохтан ё напардохтани саҳми суғуртаи иҷтимоӣ, собиқаи корӣ ҳисоб карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо собиқаи фаъолияти эҷодӣ аз тарафи котиботи раёсати иттифоқҳои эҷодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзи нахустинтишор ё нахустиҷро ва ё нахустнамоиши оммавии асари ҳамин муаллиф муқаррар карда мешавад;

д) корношоямии муваққатӣ, ки дар давраи кор ба амал омадааст;

е) вақти нигоҳубини маъюби гурўҳи I ё кўдаки маъюби то 18-сола, ки ба нигоҳубини шахси дигар эҳтиёҷ доранд, инчунин вақти нигоҳубини пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида. Зимнан эҳтиёҷмандӣ ба нигоҳубини шахси дигари маъюби гурўҳи I, кўдаки маъюби то 18-сола ва пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Ҳангоми ҳисоби собиқаи кор дар конҳо, ки барои гирифтани нафақа аз рўи синну сол бо шартҳои имтиёзнок мувофиқи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни мазкур ҳуқуқ медиҳад, вақти маъюбӣ, ки дар натиҷаи маъюбшавии меҳнатӣ ё бемории касбӣ ҳангоми иҷрои ҳамин кор ба амал омадааст, ба собиқаи чунин кор дохил карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 63(1). Давраҳои фаъолияте, ки дар мавриди таъини нафақа ба собиқаи кории умумӣ дохил карда мешаванд

(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)

Ба собиқаи кории умумӣ чунин давраҳои фаъолият дохил карда мешаванд:

а) давраи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсус, дар омўзишгоҳҳо, мактабҳо ва курсҳои омўзиши кадрҳо, такмили ихтисос ва тағйири касб, дар аспирантура, докторантура ва ординатураи клиникӣ;

б) давраи хизмати ҳатмии ҳарбӣ;

в) вақти нигоҳубини кўдакони хурдсол аз ҷониби модаре, ки муваққатан кор намекунад, вале танҳо то ба синни 3-солагӣ расидани ҳар як кўдак, ҷамъ ба муддати умумии на зиёда аз 6 сол;

г) давраи истиқомати занҳои ҳайати афсарон, прапоршикҳо, мичманҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати зиёда аз мўҳлат бо шавҳарашон дар маҳалҳое, ки барои кор кардан аз рўи ихтисос имконият набуд, вале на бештар аз 10 сол.

Ҳангоми зиёд намудани нафақа аз рўи синну сол барои ҳар соли корӣ (моддаи 16 Қонуни мазкур), дар баробари собиқаи корӣ инчунин давраҳое, ки дар бандҳои а) - г) ҳамин модда ва моддаҳои 64-67 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Давраи кори пас аз таъин гардидани нафақа низ ба собиқаи корӣ дохил карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 64. Имтиёзҳо аз рўи ҳисоби собиқаи корӣ

Ба собиқаи корӣ ба андозаи секарата инҳо ҳисоб карда мешаванд:

- хизмати ҳарбӣ дар ҳайати артиши амалкунанда дар давраи амалиётҳои ҷангӣ, аз он ҷумла ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалӣ ва ҳамчунин иштирок дар отрядҳо ва ҷузъу томҳои партизанӣ;

- кор дар шаҳри Ленинград дар давраи муҳосираи он дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944;

- кор ва хизмати вобаста бо рафъи оқибати осори садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва пешгирии олудашавии муҳити зист дар минтақаи алоҳида (дар минтақае, ки аз он соли 1986 аҳоли берун бурда шуда буд) дар давраи аз 26 апрели соли 1986 то 31 декабри соли 1987;

- кор ва хизмат дар манотиқе, ки аз таъсири озмоишҳои ядроӣ дар полигонҳои Семипалатинск ва дигар майдонҳои озмоиши ядроӣ дар давраи аз 25 августи соли 1949 то 3 июли соли 1963 зарар дидаанд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 65. Имтиёзҳои шаҳрвандони сафед кардашуда

Ба шаҳрвандоне, ки беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, бедалелу асос таъқиб гаштаанд ва баъд сафед карда шудаанд, муддати дар ҳабс будан, адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва бадарға ба собиқаи корӣ сечанд ҳисоб карда мешавад.

Дополнительная информация