ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 66. Имтиёзҳо аз рўи ҳисоби собиқаи корӣ ба андозаи дукарата ва якунимкарата

Ба андозаи дукаратаи собиқаи корӣ инҳо дохил карда мешаванд:

- кор дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз он ҷумла ба ҳайси командони ғайринизомии кироя дар қисмҳои ҳарбӣ ва хизмат, ғайр аз хизмати ҳарбии дар абзатси якуми моддаи 64-уми ҳамин Қонун пешбинишуда;

- давраи асорат дар конслагерҳои фашистӣ ё дар дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба шарте, ки асорат ихтиёрӣ набуда, дар вақти асирӣ ба Ватан хиёнат накарда бошанд;

- кор дар махавхонаҳо ва муассисаҳои муборизаи зидди тоун. Ба андозаи якунимкаратаи собиқаи корӣ инҳо дохил карда мешаванд:

- кор дар Ҷумҳурии Афғонистон бо командировка ё роҳхатҳои муассисаю мақомоти дахлдор дар давраи аз декабри соли 1979 то декабри соли 1989;

- кор ва хизмати вобаста бо рафъи оқибати садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва пешгирии олудашавии муҳити зист дар минтақаи алоҳида (дар минтақае, ки аз он соли 1986 аҳолӣ берун бурда шуда буд) дар давраи аз 1 январи соли 1988 то 31 декабри соли 1990;

- кор ва хизмат дар манотиқе, ки аз таъсири озмоишҳои ядроӣ дар полигони Семипалатинск ва дигар майдонҳои озмоиши ядроӣ дар давраи аз 6 июли соли 1963 то 1 январи соли 1992 зарар дидаанд;

- кор дар вазифаҳои духтури маразшиносӣ-колбудшиносӣ, ки бо колбудшикофии патологии ҷасадҳо ва тадқиқоти гистологӣ аз рўи Феҳристи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Моддаи 67. Тартиби ба собиқаи корӣ илова кардани баъзе намудҳои ҷудогонаи корҳо

Кор дар корхонаю ташкилотҳои соҳаҳои мавсимии саноат дар давоми мавсими пурра, сарфи назар аз тобеияти корхонаю ташкилотҳо, мувофиқи Рўйхате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, ҳамчунин кор дар совхозҳо дар давоми мавсими пурра ба собиқаи корӣ ҳамчун як соли кор ҳисоб карда мешавад.

Дигар корҳои мавсимӣ ба собиқаи корӣ аз рўи давомнокии воқеиашон ҳисоб карда мешаванд.

Моддаи 68. Тартиби тасдиқи собиқаи корӣ

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи собиқаи корӣ дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории корманд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ба ҳисоб мераванд. Тартиби тасдиқи собиқаи кориро дар сурати набудани дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи корӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Хорич карда шуд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 69. Шартҳои ба собиқаи кории шаҳрвандони хориҷӣ, ҳамроҳ кардани муддати кор дар Тоҷикистон

Тамоми давраи кори шаҳрвандони давлатҳои узви Иттиҳод дар Иттифоқи ҶШС-и собиқ ба собиқаи кории онҳо ҳисоб карда мешавад.

Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳолатҳое, ки барои таъини нафақа собиқаи кории муайян лозим аст, нафақа бо шарте таъин карда мешавад, ки аз се ду ҳиссаи собиқаи кории лозима ба кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рост ояд, агар дар созишномаҳо (моддаи 108-уми ин Қонун) чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

ФАСЛИ VII. ҲИСОБ КАРДАНИ НАФАҚА

Моддаи 70. Ҳисоб кардани нафақа аз рўи фоизи музди миёнаи моҳона

Нафақа аз рўи меъёрҳои муқарраршудаи фоизи музди миёнаи моҳона, ки мувофиқи моддаҳои 71-76-уми ин Қонун муайян мегардад, ҳисоб карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 71. Тартиби умумии муайян кардани музди миёнаи моҳона

Ба шахсоне, ки дар моддаи 3-юми ин Қонун зикр гардидаанд (ғайр аз аъзои колхозҳо), музди миёнаи моҳонаи воқеӣ аз 24 моҳи пайдарпайи охирини пеш аз корро қатъ кардан, барои давомдиҳандагони кор бошад, таи 24 моҳи пайдарпайи охири кор пеш аз муроҷиат барои нафақа, ё ин ки аз панҷ соли пайдарҳами (бо интихоби шахси барои нафақа муроҷиаткарда) тамоми давраи фаъолияти меҳнатии пеш аз муроҷиат барои нафақа гирифта мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223,аз 16.04.2012 № 823).

Музди миёнаи моҳонаи кори 24 моҳ бо роҳи ба 24 тақсим кардани маблағи умумии музди 24 моҳи тақвимии корӣ муттасил муайян мегардад.

Музди миёнаи моҳонаи меҳнатӣ 5 сол бо роҳи ба 60 тақсим кардани маблағи умумии музди шаст моҳи тақвимии корӣ пай дар ҳам муайян карда мешавад. Дар баробари ин бо хоҳиши шахсе, ки барои нафақа муроҷиат кардааст, моҳҳои нопурраи рўзҳои кор бинобар дохил шудан ба кор ё хориҷ шудан аз кор ҳамчун моҳҳои тақвимии пурраи кор ҳисобида мешаванд.

Агар шахси барои нафақа муроҷиаткарда аз 24 моҳ камтар собиқаи корӣ дошта бошад ва он ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ аст, музди моҳонаи миёна бо роҳи тақсими маблағи умумии музди моҳҳои тақвимии кор ба шумораи ин моҳҳо муайян карда мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Агар корманд камтар аз як моҳи тақвимӣ собиқаи корӣ дошта бошад ва он ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ аст, музди меҳнаташ барои тамоми давраи кор ба шумораи рўзҳои кор тақсим карда, маблағи ҳосилшуда ба шумораи рўзҳои кории моҳ, ки ба ҳисоби миёна барои як сол ҳисоб шудааст (25,4 - дар сурати ҳафтаи 6-рўзаи кор ва 21,2 - дар сурати ҳафтаи 5-рўзаи кор, зарб карда мешавад. Дар ин маврид барои ҳисоб кардани нафақа маблағи на бештар аз ду ставкаи тарифӣ (маош) ба назар гирифта мешавад. Барои ҳисоб кардани нафақаи кормандоне, ки ҳисоб кардани вақти кориашон ғайриимкон аст, музде гирифта мешавад, ки аз андозаи чоркаратаи музди камтарини кор зиёд набошад. Рўйхати чунин кормандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Ҳангоми таъини нафақа ба кормандоне, ки машғули корҳои мавсимӣ мебошанд, музди воқеии миёнаи якмоҳа бо роҳи ба 60 тақсим кардани музди меҳнати 5 мавсими пурра ё ба 24 тақсим кардани 2 мавсими пурра муайян мешавад.

Ҳангоми муқаррар намудани андозаи нафақа ҳиссаи касрии воҳиди пулии камтар аз нисф ба ҳисоб гирифта нашуда, бештар аз нисф ба ҳисоб гирифта шуда, ба ҷониби зиёдшавӣ яклухт карда мешавад.

Дополнительная информация