ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 72. Навъҳои пардохти музде, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешаванд

Барои ҳисоб кардани нафақа ҳамаи навъҳои пардохтҳои музди меҳнате, ки аз рўи он тибқи қоидаҳои ҷорӣ ҳаққи суғурта гирифта мешавад, аз ҷумла пардохти музди кори зиёда аз мўҳлат, кори рўзҳои истороҳат ва корӣ дар як вақт дар ду ҷой, ғайр аз ҳар гуна пардохтҳои якдафъаина (ҷубронпулӣ барои рухсатии истифодашуда, кумакпулӣ ҳангоми аз кор холӣ кардан ва ғайра) дохил карда мешаванд.

Кўмакпулие, ки барои давраи муваққатан аз даст додани қобилияти корӣ ва рухсатии давраи ҳомилагӣ ва зоидан пардохта шудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Ҳаққи қалами муаллифӣ дар баробари музди меҳнати кори дигар ба ҳисоб гирифта мешавад.

Дар ин ҳол он аз рўи ставкаҳои давлатие, ки дар вақти пардохти ҳаққи қалам эътибор доштанд, ҳисоб карда мешавад.

Стипендияи давраи таҳсил бо хоҳиши шахси барои нафақа муроҷиаткарда ҳамчун музди меҳнат ҳисоб карда мешавад.

Барои ҳисоб кардани нафақаи шахсоне, ки воҷиби суғуртаи иҷтимоии давлатӣ намебошанд (банди "д"-и моддаи 3-юми ин Қонун), ба музди меҳнат барои ҳисоби нафақа он намудҳои маош дохил карда мешавад, ки аз онҳо ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ ситонида мешавад.

Моддаи 73. Тартиби муайян кардани музди миёнаи якмоҳаи аъзои колхозҳо. Навъҳои пардохти музди меҳнати аъзои колхозҳо, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешаванд

Барои ҳисоб кардани нафақаи аъзои колхозҳо музди миёнаи моҳонаи воқеӣ аз 24 моҳи охирини пеш аз корро қатъ кардан, барои давомдиҳандагони кор бошад, таи 24 моҳи охири кор пеш аз муроҷиат барои нафақа, ё ин ки аз 5 соли пайдарҳами (бо интихоби шахсе, ки барои нафақа муроҷиат кардааст) тамоми давраи фаъолияти меҳнатии пеш аз муроҷиат ба нафақа гирифта мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).

Музди миёнаи моҳона бо роҳи мутобиқан ба 24 ё 60 тақсим кардани маблағи умумии музди 24 моҳи кор ё 60 моҳи кор муайян карда мешавад.

Агар шахси барои таъини нафақа муроҷиаткарда камтар аз 2 сол узви колхоз бошад, нафақа, аз рўи музди миёнаи моҳонаи воқеии тамоми давраи дар колхоз буданаш ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳол музди миёнаи моҳона бо роҳи ба шумораи моҳҳои ҳамин давра тақсим кардани маблағи умумии музди меҳнати давраи дахлдор муайян карда мешавад.

Барои ҳисоб кардани нафақаи аъзои колхозҳо ба музди меҳнат ҳамаи навъҳои музди кор дар хоҷагии ҷамъиятии колхоз дохил карда мешаванд.

Моддаи 73(1). Тартиби ҳисоби нафақаи соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд

(Қонуни ҶТаз 5.10.2009 № 554)

Ҳисоби нафақаи соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолиятдошта аз рўи даромади панҷсолаи умумӣ дар мақомоти ваколатдори давлатии эъломияшудаи онҳо, ки аз он бо назардошти меъёрҳо, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ҳаққи суғуртавӣ пардохт намудаанд ё даромаде, ки аз рўи маблағи пардохтнамудаи андози иҷтимоии муайянгардида ҳисоб карда шудааст, амалӣ карда мешавад.

Даромади миёнаи моҳона бо роҳи тақсим кардани маблағи умумии даромади 60 моҳи фаъолияти соҳибкории инфироди ба 60 моҳ муайян карда мешавад.

Дар ҳолате, ки агар шахси барои таъмини нафақа муроҷиаткунанда ба фаолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома аз панҷ сол камтар машғул шуда бошад, вале собиқаи чунин фаъолияти ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ дорад, нафақа аз рўи даромади миёнаи моҳонаи эъломияшуда муқаррар карда мешавад. Даромади миёнаи моҳона дар ин ҳолат бо роҳи тақсим кардани маблағи умумии даромади моҳҳои тақвимӣ ба шумораи воқеии ин моҳҳо муайян карда мешавад(Қонуни ҶТаз 5.10.2009 № 554).

Моддаи 74. Ҷамъбасти музди меҳнат

Агар як қисми даврае, ки аз рўи он музди миёнаи якмоҳа ҳисоб карда мешавад, ба кори колхоз ба сифати узви колхоз ва қисмати дигар ба кори дигар рост ояд, музди кори ҳар давра аз рўи қоидаҳое ба назар гирифта мешавад, ки мутобиқан барои аъзои колхозҳо ва барои шахсони дигар муайян шудааст. Маблағи умумии музди меҳнат дар ин сурат ба бисту чор ё шаст ё мутобиқан ба миқдори воқеии моҳҳои давраҳои зикргардидаи кор тақсим мегардад, агар ин миқдори моҳҳо аз бисту чор кам бошад.

Агар қисми даврае, ки аз он музди миёнаи меҳнати моҳона ҳисоб карда мешавад, ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома ва қисмаш ба кори дигар рост ояд, дар он сурат даромад ва музди меҳнат барои ҳар давра аз рўи меъёрҳое ҳисоб карда мешаванд, ки мутобиқан барои соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома ва барои дигар кормандон муқаррар гардидаанд. Дар ин маврид маблағи умумии даромад аз соҳибкорӣ ва музди меҳнат ба 60 моҳ, агар теъдоди моҳҳо аз 60 кам бошад (қисми 3 моддаи 73(1)), мутобиқан ба теъдоди моҳҳои воқеии давраи кор тақсим карда мешавад(Қонуни ҶТаз 5.10.2009 № 554).

Дополнительная информация