ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 75. Ҳисоб кардани музди меҳнати баъзе категорияҳои меҳнаткашон

Нафақаи шахсоне, ки аз рўи шартнома (контракт) дар ҳузури шаҳрвандони алоҳида кор мекунанд (хизматгорҳо, дояҳо, котиб-мошинисткаҳо, стенографистҳо, посбонон, боғбонҳо, ронандагон ва ғайра), аз музди (маоши) воқеӣ, вале на зиёдтар аз ду ставкаи (маоши) тарифии коргарону хизматчиёни касбҳои дахлдор ҳисоб карда мешавад.

Нафақаи аъзои иттифоқҳои эҷодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони эҷодӣ тибқи асосҳои умумии дар ин фасли Қонун муқарраргардида ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 76. Имтиёзҳои ҳисоб кардани музди меҳнат ҳангоми ҳисоб кардани нафақа

(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)

Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи моҳона дар асоси моддаҳои 70, 71 ва 73-юми ин Қонун бо хоҳиши шахсе, ки барои гирифтани нафақа муроҷиат кардааст, моҳҳои нопурраи корӣ ба сабаби оғоз ё қатъи кор рухсатии бемузд, рухсатӣ барои нигоҳубини кўдаки то 3-сола, инчунин давраи коре, ки дар давоми он шаҳрванд маъюб буд ё ҷуброни зарари дар натиҷаи маъюбшавӣ ё дигар зарари ба саломатӣ расидаро мегирифт, ба маъюби гурўҳи I, кўдаки маъюби то 18-сола, кўҳансоли 80-солаи мўҳтоҷи нигоҳубини дигаронро нигоҳубин мекард, дохил карда намешаванд. Дар ин ҳол моҳҳои дохил карданашуда бо моҳҳои дигаре, ки бевосита пеш ё пас аз он меоянд, иваз карда мешаванд(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).

Моддаи 77. Ҳисоб кардани нафақа дар сурати собиқаи нопурраи кор

Нафақа дар сурати нопурра будани собиқаи кор (моддаҳои 17, 28 ва 45-уми ин Қонун) ба андозае таъин карда мешавад, ки ба собиқаи кории мавҷуда мутаносиб бошад.

Нафақа ба таври зайл ҳисоб карда мешавад:

аввал нафақаи пурраи дахлдор муайян карда, он ба шумораи моҳҳое, ки барои собиқаи пурраи кори матлуб тақсим карда, рақами ҳосилшуда ба шумораи моҳҳои собиқаи воқеии кор зарб зада мешавад (дар собиқаи кори давраи аз 15 рўз зиёд ба моҳи пурра баробар карда, давраи аз 15 рўз камтар гирифта намешавад).

Агар нафақа дар мавриди собиқаи кории пурра ба андозаи камтарини муқарраркардаи ин Қонун (моддаҳои 16, 37, 43) таъин шуда бошад, нафақа дар мавриди собиқаи кории нопурра мутаносибан ба собиқаи кории мавҷуда бо назардошти андозаи камтарини нафақа, вале дар ҳамаи ҳолатҳо на камтар аз андозаи нафақаи иҷтимоие таъин мешавад, ки барои категорияи дахлдори шахсони корношоям муқаррар шудааст (моддаи 110-уми ҳамин Қонун).

Моддаи 78. Аз рўи музди зиёдтар аз нав ҳисоб кардани нафақа

Барои нафақахўроне, ки пас аз таъини нафақа аз рўи синну сол ё маъюбӣ на камтар аз 2 сол бо маоши бештар аз маоше, ки аз рўи он ҳисоб шуда буд, кор кардаанд, мувофиқи аризаи нафақахўр, бо назардошти маоши зиёдтар андозаи нави нафақа муқаррар карда мешавад, ки он аз рўи 24 моҳи кории пайдарҳами пас аз таъини нафақа бо тартиби дар моддаҳои 70, 72 ва 76-уми ин Қонун муқарраршуда, муайян мегардад.

Аз рўи ҳамин шартҳо нафақае, ки ба сабаби набудани музди меҳнат ба андозаи камтарин таъин шудааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.

Агар музди нафаҳахўр минбаъд зиёд шавад, мувофиқи аризаи ў нафақа аз нав ҳисоб карда мешавад. Нафақаи минбаъда на пештар аз 2 соли баъди ҳисоби навбатӣ бори дигар ҳисоб карда мешавад.

Ба нафақахўроне, ки пас аз таъини нафақа аз рўи синну сол ё маъюбӣ на камтар аз ду сол бо даромади баландтар аз фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома, назар ба оне, ки аз он нафақа ҳисоб шудааст, кор кардаанд, андозаи нави нафақа аз рўи даромади баландтар барои 24 моҳи пайдарпайи кор пас аз таъини нафақа бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад(Қонуни ҶТаз 5.10.2009 № 554).

Моддаи 79. Аз нав ҳисоб кардани нафақа дар мавриди собиқаи кории нопурра

Агар нафақахўре, ки ба вай нафақа аз рўи синну сол ё маъюбии гурўҳҳои I ва II бо собиқаи кории нопурра таъин шудааст, пас аз таъини нафақа на камтар аз ду сол кор карда бошад, мувофиқи аризааш бо назардошти собиқаи корие, ки то вақти азнавҳисобкунӣ дорад, нафақа аз нав ҳисоб карда мешавад. Нафақаи минбаъда на пештар аз 2 соли кори баъд аз таъини нафақаи нав ҳисоб карда хоҳад шуд.

Агар нафақахўр корро давом дода, соҳиби собиқаи корие шуда бошад, ки барои таъини нафақаи пурра кифоят кунад, мувофиқи аризаи нафақахўр нафақаи ў сарфи назар аз он, ки аз давраи таъини нафақаи собиқаи кории нопурра чанд вақт гузаштааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.

Дар ин ҳол нафақаи пурра дар мавриди маъюбӣ ба шарте муқаррар мешавад, ки нафақахўр мутобиқи синну солаш то лаҳзаи фарорасии маъюбӣ собиқаи кории барои таъини нафақаи пурра лозимро дошта бошад (моддаи 23-юми ин Қонун).

Нафақа бо интихоби нафақахўр аз маоше, ки нафақа аввал аз рўи он таъин шудааст (ё баъдан мувофиқи тартиби дар моддаи 78-уми ҳамин Қонун пешбинишуда аз нав ҳисоб шудааст) ва ё аз маоши охирин аз нав ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 80. Ба маош дохил намудани пардохти молии музди меҳнат

Барои аъзои колхозҳо, кооперативҳои дигар, кормандони совхозҳо ва корхонаю ташкилотҳои дигаре, ки дар баробари музди пулӣ ҳаққи молие мегиранд, ки аз арзиши он ҳаққи суғуртавӣ ситонида мешавад, ҳангоми муайян намудани маоши миёнаи моҳона аз рўи нархи чаканаи давлатӣ даврае ба ҳисоб гирифта мешавад, ки музди меҳнат дода мешуд.

Дополнительная информация