ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАСЛИ II. НАФАҚАҲОИ МЕҲНАТӢ, НАФАҚА АЗ РЎИ СИННУ СОЛ

Моддаи 11. Шартҳои таъин кардани нафақа

Ба нафақа аз рўи синну сол инҳо ҳуқуқ доранд:

- мардҳо - баъд аз расидан ба 61 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;

- занон - баъд аз расидан ба 56-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;

аз 1 июли соли 2002:

- мардҳо - баъд аз расидан ба 62 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;

- занон - баъд аз расидан ба 57-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;

аз 1 июли соли 2003:

- мардҳо - баъд аз расидан ба 63 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;

- занон - баъд аз расидан ба 58-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол(Қонуни ҶТаз 11.12.1999 № 911).

Моддаи 12. Нафақаҳои имтиёзноки вобаста ба шароити махсуси меҳнат

Ба нафақа аз рўи синну сол бо шартҳои имтиёзнок, сарфи назар аз ҷои кори охиринашон, инҳо ҳуқуқ доранд:

а) кормандоне, ки тамоми рўзи корӣ дар корҳои зеризаминӣ, дар корҳои шароиташон басо зарарноку вазнин - истеҳсолот, корҳо, касбу вазифаҳо ва нишондиҳандаҳо мутобиқи Рўйхати №1-ум, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рўи натиҷаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ тасдиқ карда мешавад, кор мекунанд;

мардҳо - пас аз расидан ба 50-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10-солаш дар корҳои зикршуда;

занон - пас аз расидан ба 45-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол, аз он на каматр аз 7 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда.

Ба кормандоне, ки на камтар аз нисфи собиқаи кории дорои шароити басо зараровар ва басо вазнинро доранд, нафақа бо шартҳои имтиёзнок бо кам кардани синну соли дар моддаи 11-уми ҳамии Қонун пешбинишуда таъин карда мешавад, барои ҳар як соли пурраи чунин кори мардҳо ва занон 1 соли синнашон кам карда мешавад;

б) кормандоне, ки рўзи пурраи корӣ дар дигар корҳои дорои шароити зараровар ва вазнин дар истеҳсолот, корҳо, касбу мансабҳо ва нишондиҳандаҳо мутобиқи Рўйхати №2-ум, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рўи натиҷаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ тасдиқ карда мешавад, машғул мебошанд:

мардҳо - пас аз расидан ба 55-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол, аз онҳо на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикргардида;

занон - пас аз расидан ба 50-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, аз онҳо на камтар аз 10-солаш дар корҳои зикргардида.

Ба кормандоне, ки на камтар аз нисфи собиқаи кориашон дорои шароити зараровар ва вазнин мебошад, нафақа бо шартҳои имтиёзнок бо кам кардани синну соли дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда таъин карда мешавад, барои ҳар 2 солу 6 моҳи чунин кори мардҳо ва барои ҳар 2 соли чунин кори занон 1 соли синнашон кам карда мешавад;

в) тракторчиён-мошинистҳое, ки бевосита дар колхозу совхозҳо ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд, - мардҳо пас аз расидан ба синни 55-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 20-солаш дар кори мазкур;

г) занҳое, ки ба сифати тракторчиён-мошинистҳо, мошинистҳои мошинҳои бинокорӣ, роҳсозию боркунанда ва борфарорандаи дар асоси тракторҳо ва экскаваторҳо сохташуда кор мекунанд, - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 15 солаш дар кори мазкур;

д) заноне, ки ба сифати говҷўшҳо (операторони мошинҳои говҷўшӣ), хукпарварон-операторҳо дар колхозу совхозҳо кор мекунанд - пас аз расидан ба синни 50-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол дар кори мазкур, бо шарти иҷро кардани нормаҳои муқарраргардидаи хизматрасонӣ.

Меъёри хизматрасонӣ барои ин мақсадҳо бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, муқаррар карда мешавад;

е) заноне, ки дар давоми мавсими пурра дар парвариши пахтазор ва ҷамъоварии пахта, парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди пас аз ҷамъоварии тамоку машғул мебошанд, - баъд аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол дар кори мазкур;

мардҳое, ки дар давоми мавсими пурра дар парвариши пахтазор ва ҷамъоварии пахта машғул мебошанд, ба нафақа аз рўи синну сол пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори мазкур ҳуқуқ доранд. Дар айни замон то расидани мардҳо ба синни нафақа, ки дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст, нафақа аз ҳисоби маблағи колхозу совхозҳо пардохта шавад;

Дополнительная информация